Русия мехоҳад YouTube-ро маҳдуд ё пурра манъ кунад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳазорон корбар дар Русия шикоят доранд, ки дастрасӣ ба Ютуб дар ин кишвар номумкин шудааст ва ё ба сахтӣ видеоҳоро мекушоянду мебинанд. Вебсайти "Downdetector", ки қатъи кори торнамоҳоро мушоҳидаву сабт мекунад, хабар дод, ки шикоятҳо аксаран аз Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург мерасанд.