Русия мехоҳад "Толибон"-ро аз феҳристи сиёҳ берун кунад

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон бо "Толибон". Акс аз бойгонӣ

Додситонии Русия рӯзи 31-уми март аз Додгоҳи олии он кишвар дархост кард, ки гурӯҳи "Толибон"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кунад.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Додгоҳи олии Русия ин дархостро рӯзи 17-уми апрел баррасӣ хоҳад кард.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Русия ҳафтаи гузашта аз президент Владимир Путин хостанд, ки "Толибон"-ро аз феҳристи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ берун кунад. Русия дар соли 2003 "Толибон"-ро дар рӯйхати созмонҳои террористӣ қарор дода буд.

Ҳарчанд Маскав дар солҳои охир тамосҳое бо "Толибон" барқарор карда, робитаҳои ду тараф ба вижа пас аз бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат дар тобистони соли 2021 наздиктар шудааст, то кунун ҳозир нашуда буд, ки ин гурӯҳро аз феҳристи сиёҳи худ берун кунад.

Русия ба мисли кишварҳои дигари дунё ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон ба расмият намешиносад.