Русия бо беш аз 200 мушаку паҳбод ба Украина ҳамла кард

Оташи пас аз ҳамлаи Русия ба вуҷудомадаро хомуш мекунанд.

Шаби 17-уми ноябр Русия бо беш аз ду сад мушаку паҳбод ба хоки Украина ҳамла кард.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки русҳо бо 120 мушак ва 90 ҳавопаймои бесарнишин сохторҳои барқрасониро нишон гирифтанд. Сохтори дифоъ аз ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар 140 мушакро сарнагун кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар ин ҳамла русҳо мушакҳои дурпарвози "Калибр" ва "Кинҷал"-ро низ истифода кардаанд.

Дар тамоми хоки Украина бонги хатар садо дод ва таркишҳо дар аксар вилоятҳои Русия мушоҳида шудааст.

Дар Николаев ду зан кушта ва шаш тан маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Харков ва Днепр низ захмиён ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Ҳанӯз шумораи пурраи захмиёну кушташудаҳои шаби гузашта маълум нест.

Андрей Сибига, вазири корҳои хориҷии Украина дар шабакаи Х навиштааст, ки ин ҳамла бузургтарин ҳамлаи Путин ба сохторҳои барқрасонии кишвараш буд.

Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, ки ба корхонаҳои низомии Украина ҳамла кардааст.

Русия наздик ба се сол аст, ки дар Украина ҷанг мекунад.