Шаби 9-уми ноябр неруҳои Русия ба шаҳрҳои Одесса, Харков ва Никополи Украина ҳамла кардаанд. Дар ин бора мақомоти украинӣ хабар доданд.
“Душман бо бесарнишинҳо ба Одесса ва ноҳияҳои атрофи он ҳамла мекунад. Неруҳои зиддиҳавоӣ кор карда истодаанд,”-навиштааст Олег Кипер, волии Одесса.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар натиҷаи ин ҳамла чанд бинои баландошёна, бинои маъмурӣ, анбор ва мошинҳо осеб дидаанд. Дар бораи захмиён хабар дода нашудааст.
Сергей Лисак, раиси ноҳияи Днепропетровский хабар додааст, ки дар ҳамлаи артиши Русия ба ин минтақа, як марди 50 сола сахт захмӣ шудааст ва ӯро ба бемористон бурданд.
Игор Терехов, волии Харков ҳам аз ҳамлаи ҳавоии неруҳои Русия хабар додааст. Ба гуфтаи Терехов, хумпора ба яке аз роҳҳои асосӣ афтидааст.
Вазорати дифои Русия дар бораи ин ҳамлаҳо чизе нагуфтааст.