Се рӯзи охир сокинони деҳаи Алочабофи ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати “Ориёнсохтмон” вориди даъво шуда, талош доранд аз бунёди сохтмони як иншооти нав дар "мазор"-и ин деҳ пешгирӣ кунанд. Сокинони деҳ мегӯянд, ширкат дар мазори қадимае, ки макони дафни гузаштагон ва ҳам гурезаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ум аст, мехоҳад фурӯшгоҳ ва ҳам корхона бунёд кунад. Бошандагони русто ин амалро ғайриахлоқӣ медонанд ва мегӯянд, ҳамон тавр, ки дар Тоҷикистон роиҷ шудааст то тахриби ин қабристон бояд ақалан 20 сол сабр кунанд. Як сокини солхӯрдаи ин деҳ гуфт, бо гузашти ин мӯҳлат онҳо мехоҳанд мазорро дубора ҳамчун як макони хоксупории мардум истифода кунанд.
Аксар занон, ки мухолифи сохтмони иншооти нав дар мазори деҳ будаанд, мегӯянд, дар ин макон на танҳо гузаштагони аҳли деҳа хуфтаанд, балки солҳои ҷанг низ ҷасадҳое дар он зери хок шудаанд. Раиси маҳалла Ҷамолиддини Тоҳирҷон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ширкате, ки замини мазорро ҳоло соҳибӣ мекунад, бояд созиш сокинони деҳ ва мақомот амал кунад. Сокинони деҳаи Алочабоф дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки ширкати сохтмонӣ се рӯз пеш омада аввал алафҳои хушкидаи рӯи ин мазорро оташ зада баъдан шабонгоҳ бо трактору булдозер ба ҳамворкунии хок шурӯъ кардааст. Вале ин амали онҳо боиси эътирози мардум шуд.
Айни замон, раиси ширкати “Ориёнсохтмон” Ислом Маҳмадризоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, нақшаи кори онҳо бо мақомоти ноҳия ва кумитаи замин ҳамоҳанг шудааст. Вай гуфт, аз рӯи ҳуҷҷатҳо ин пораи замин, ки “10 сотих ҳам нест”, як теппаи хок аст, ки аз ҷониби сокинони деҳ “ҳатто чун партовгоҳ” истифода мешавад. Ба гуфтаи Маҳмадризоев, нияти ширкат бунёди як маркази хизматрасонӣ аст, ки дар дохили он маҷмӯаи хадамоти ниёзи мардум, аз ҷумла шифохона амал хоҳад кард.
“Аз рӯи санадҳо, - гуфт вай, - ин як порча замини бекорхобида буда, ғайрикишоварзӣ аст ва дар ҳеҷ як ҳуҷҷати расмӣ ҳамчун мазор ё қабристон ба қайд гирифта нашудааст”. Масъулони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ низ мегӯянд, ки аз мавҷудияти як мазор дар ин деҳа огоҳ набуданд ва бо ин далел ба ширкат иҷозаи сохтмони иншоотро додаанд. Дар сӯҳбат бо мардум масъулон гуфтанд, ки ин қарори онҳо бознигарӣ ва, ба эҳтимоли зиёд, бунёди иншоот дар ҷои мазор манъ карда мешавад. Айни замон, намояндагони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ аз шарҳи пурраи қазия ба Озодӣ худдорӣ карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад