RWB: “Фишор болои матбуот дигар танҳо хоси диктаторҳо нест”

Шохиси озодии матбуот дар соли 2018

Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар Порис, ҳушдор додааст, ки нақзи озодии матбуот дигар хоси режимҳои худкома нест. Ин созмон рӯзи 25-уми апрел дар гузориши нави худ дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 аз афзоиши нафрату бадбинӣ нисбат ба матбуот хабар дод.

Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари дунё дар ин шохис дар мақоми 149-ум аст

Гузориш сатҳи озодии матбуотро дар 180 кишвари ҷаҳон бо шумули Амрико ба баррасӣ гирифт ва гуфт, дар ин раддабандӣ ҷойгоҳи Амрико ду зина коҳиш ёфт ва ба 45 расид.

"Хусумат нисбат ба матбуот танҳо бо раҳбарони сиёсии кишварҳои авторитарие ба монанди Туркия ва Миср маҳдуд намешавад, балки шумори бештари раҳбароне, ки аз роҳи демократӣ ба қудрат расидаанд, матбуотро ба унвони бахше аз пояҳои асосии демократия эътироф намекунанд", - омадааст дар гузориш.

Доналд Трамп

Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз, дар робита ба раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳарфҳои сахтро истифода кард ва ӯро "ҳавасманди кӯбидани матбуот" ном гузошт. Созмон аз суҳбатҳои Трамп намуна овардааст, ки журналистонро "душмани халқ" унвон кард. Истилоҳе, ки ба қавли муҳаққиқони созмони Хабарнигорони бидуни марз диктатори Шӯравӣ Сталин истифода мекард.

Дар ин шохис Норвегия ва Шветсия барои дувумин бор пайиҳам дар рутбаҳои аввал ва дувум қарор гирифтаанд. Куриёи Шимолӣ дар охирин бахши феҳрист омадааст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз гуфт, ин шохис ҳамчунин нишондиҳандаи нуфузи афзояндаи "мардҳои қавӣ" аст, ки акнун марзҳоро убур мекунанд. Гузориш мегӯяд, "Владимир Путин пас аз пахши садоҳои мустақил дар дохили кишвараш таблиғотро аз тариқи расонаҳое ба мисли Russia Today ва Спутник густариш медиҳад, дар ҳоле ки Си Ҷинпин – раиси ҷумҳури Чин – модели матбуоти комилан таҳти назоратро ба Осиё содир мекунад".

Саркӯби бе қайду шарти интиқодгарон ва дигарандешон ба кишварҳое монанди Ветнам (175), Туркманистон (178) ва Озарбойҷон (163) “кумак” кардааст, ки дар зинаҳои поинтари шохис ҷойгир шаванд. Аз се ду ҳиссаи кишварҳои Шӯравии собиқ низ дар раддаҳои наздик ба мақоми 150 ва болотар аз он ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари дунё дар ин шохис дар мақоми 149-ум аст ва сатҳи соли гузаштаашро тағйир надодааст. Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз соли гузашта вазъи матбуот дар Тоҷикистонро бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод карда буд.

Ин созмон гуфта буд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст. Аммо намояндагони мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи матбуот дар Тоҷикистон “беҳтар аст”.

Қирғизистон, кишавре, ки дар муқоиса бо ҳамсояҳо матбуоти озод дорад, ба далели фишор болои расонаҳо, аз ҷумла “ҷаримаҳои осмонӣ” барои тавҳин ба раиси ҷумҳур нуҳ зина поин шуд ва дар мақоми 98-ум ҷой гирифт. Дар гузориш гуфта шудааст, бо таваҷҷуҳ ба чунин амалкардҳо, ҷои тааҷҷуб нест, ки шохиси куллии минтақа дар ҳоли наздик шудан ба сатҳи Ховари Миёна ва шимоли Африқост.

Дар харитаи озодии матбуот ҳеҷ вақт ба ин андоза кишварҳои зиёд, ки бо хатти сиёҳ ишора шудаанд, ҷой надошт. Дар арзёбии нави созмони Гузоришгарони бидуни марз Гурҷистон дар ҷои 61, Арманистон 80, Молдова 81, Украина 101, Черногория 103, Мақдуния 109, Афғонистон 118, Покистон 139, Беларус 155, Қазоқистон 158, Эрон 164 ва Узбекистон дар ҷои 165 қарор гирифтаанд.