Дар Тоҷикистон раъйпурсӣ баргузор шуд ва раиси ҷумҳури кишвар низ бо ишора ба тағйире, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон роҷеъ ба ҷавонтар кардани синни номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ворид шуд, изҳори назар кард ва гуфт, ки бояд роҳи ҷавононро ба сохторҳои раҳбарӣ боз кард.
Бо назардошти ин суоле пеш меояд, ки барои ин кор оё дар Тоҷикистон мактаби тарбияи истеъдодҳои ҷавон вуҷуд дорад, то ҳама истеъдодҳо дар шароити яксон ба мақому мартаба расанд? Ширкаткунандагони сӯҳбати мизи гирд дар студияи Радиои Озодӣ - ҷавонҳои фаъоли тоҷик Далер Шарипов, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Аҳмадхӯҷа Давлатов ҳама бар ин назаранд, ки чунин мактаб вуҷуд дорад.
Масалан, Аҳмадхӯҷа бо такя ба сарчашмаҳои ҳукуматӣ мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 2 ҳазор созмонҳои ҷавонон фаъолият мекунанд ва ҳукумат истеъдодҳоро дар ҳамин созмонҳо тарбия мекунад, то онҳо ба зинаҳои болоии ҳукумат роҳ ёбанд. Гузашта аз ин, Шӯрои милии кор бо ҷавонони назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва бо ширкати раиси ҷумҳур нахустин ҳамоиши худро баргузор кард. Раҳбари ин шӯро худи раиси ҷумҳур аст ва яке аз ҳадафҳои ин шӯро низ тарбияи истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Муллораҷаб Юсуфӣ эътироф мекунад, ки ҳукумат солҳои охир барои ҷалби ҷавонон ба корҳои раҳбарӣ қадамҳое бардоштааст ва мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳам бисёр истеъдодҳои ҷавон дорад. Онҳо ҳам дар дохил ҳастанд ва ҳам дар хориҷ таҳсил кардаанд. Вале муттаассифона, ҳангоми қабул ба кор гоҳо аз онҳо пурсида мешавад, ки ба қавле “аз куҷо ҳастанд ва ё хеши кӣ ҳастанд”. Ин падида ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, “дар чунин ҳолат мо ҷавонони боистеъдодро аз даст медиҳем ва онҳо маҷбур мешаванд ба хориҷ раванд”.
Ба ақидаи Далер Шарипов, он чӣ ки аз минбарҳо дар бораи ҷавонон гуфта мешавад, яъне “Ба ҷавонон бояд роҳ кушод”, “Ҷавонон ояндаи миллатанд” ин як ҳарфи пазируфтанист, вале ин шиорсозӣ аст ва аз воқеият фарқ дорад.
Далер мегӯяд, "ба нафаре мисли Рустами Эмомалӣ дар синни 26-солагӣ унвони генералӣ медиҳем, баъд ба мақоми давлатӣ ҳам мерасонем. Ин воқеан тарбияи як ҷавон аст. Вале агар ҳукумат метавонист дар баробари Рустам 5 ҷавони дигарро бо ҳамин роҳ ба воя расонад, тарбияи истеъдодҳо ба воқеият наздик мешуд ва он ба раванди табиӣ шабоҳат пайдо мекард. Дар шароити кунунии Тоҷикистон барои расидан ба мақоми давлативу ҳукуматӣ бояд “тақдирҷунбон” дошта бошед ва ё соҳиби сарвати ҳангуфт бошед. Ва ниҳоят бояд ҳар чӣ, ки аз ҷониби ҳукумат гуфта мешавад, розӣ бошед".
Аҳмадхӯҷа Давлатов расидани Рустами Эмомалиро ба мақомҳои баланд ба тарбияи шахсии вай медонад ва мегӯяд, чаро раиси ҷумҳур ҳақ надошта бошад, ки фарзанди худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия накунад ва ба ин мақомҳо бирасонад.
Ширкаткунандагони сӯҳбати мизи гирд ҳамчунин дар бораи даъвати ҷавонони боистеъдод аз хориҷ ба Тоҷикистон ҳама фикри яксон доштанд, вале таъкид карданд, ки ин ҷавононҳо набояд ба худиву бегона тақсим шаванд. Пеш аз ҳама бояд донишу истеъдод ва таҷрибаи онҳо дар назар гирифта шавад.
Шакли видеоии ин сӯҳбатро тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад