Тарҳи нав. Роҳи зан ва фарзандони муҳоҷиронро ба Русия мебанданд?

Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия

Гурӯҳе аз вакилони Думаи давлатии Русия ба раҳбарии Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократ, мехоҳанд, ки оилаҳои муҳоҷирони корӣ аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум гарданд.

Ба ин мазмун тарҳи қонун таҳия шудааст. Онро рӯзи 19-уми август барои баррасӣ пешниҳод мекунанд.

Тибқи он, агар аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ шаҳрвандии Русияро надошта бошанд, набояд ба Русия роҳ ёбанд.

Ин пешниҳод дар сурати пазируфта шуданаш ба хориҷиёне дахл хоҳад дошт, ки бар асоси қарордод ё патент дар корҳои сатҳи поин кор мекунанд. Як далели Леонид Слутский ин аст, ки оилаҳои муҳоҷирон одатан гурӯҳ-гурӯҳ зиста, бо забони худ гап мезананд.

Пас аз ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳол” дар моҳи марти имсол, ки мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва иҷрои он чанд зодаи Тоҷикистонро муттаҳам медонанд, кору зиндагии муҳоҷирон дар он кишвар душвор гашт.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, чанде пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарору қонунҳои нав "дар Русияи имрӯзӣ на барои ҷазби муҳоҷирон, балки бо ҳадафи таҳқири онҳо ва ҳамзамон пулситонӣ роҳандозӣ мешаванд.”