Ӯро баъд аз нашри шарҳаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гуё терроризмро дуруст шумурдааст, аз онҷо берун карданд. Дар ин бора Reuters хабар дод.
Фармонро дар бораи манъи вуруди писари бин Лодин ба Фаронса Бруно Ретайллот, вазири корҳои дохилии ин кишвар, имзо гузоштааст. Ӯ гуфт, Умар бин Лодинро пештар ихроҷ карданд, вале шарҳ надод, ки ба куҷо.
“Ҷаноби бин Лодин, ки чанд сол дар минтақаи Орн мезист, дар соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳое нашр кард, ки терроризмро дуруст мешуморад,” – навиштааст Ретайо дар шабакаи иҷтимоии “X”.
Ба навиштаи нашрияи маҳаллии "Le Publicateur Libre", Умар баъд аз нашри матлаб дар зодрӯзи падараш, Усома бин Лодин, мавриди таваҷҷуҳи мақомоти Фаронса қарор гирифт. Усома бин Лодин дар моҳи майи соли 2011 аз ҷониби нерӯҳои вижаи Амрико кушта шуд.
Reuters натавонист, ин паёмро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кунад. Оҷонсӣ барои шарҳи масъала натавонистааст бо Умар бин Лодин низ тамос бигирад.