Роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он чор рӯз баста мешаванд

Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Суғд эълон карданд, ки дар робита ба сафари роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба шаҳри Хуҷанд, ҳаракат дар роҳҳои асосии ин шаҳр ва атрофи он дар охири моҳи март манъ мешавад.

Дар эълони идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд омадааст, аз 29-уми март то 1-уми апрел роҳҳои марказии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов муваққатан ва тибқи ҷадвал баста мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, роҳи вурудӣ ба шаҳри Хуҷанд аз тарафи ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ ҳам давоми ин рӯзҳо баста хоҳад шуд. Мақомот аз ронандагон хостаанд, ки дар охири моҳи март бе зарурат ба шаҳри Хуҷанд сафар накунанд.

Дар назар аст, рӯзи 31-уми март Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд вохӯранд. Имзои созишнома дар бораи нуқтаи марзии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон яке аз мавзуъҳои асосии ин дидор гуфта мешавад.