Роҳбарони "Орзуи гурҷӣ"-ро ба Литва роҳ надодаанд

Тбилиси, 3-юми декабри 2024

Вазири корҳои хориҷии Литва Габриэлюс Ландсбергис хабар дод, ки кишвараш вуруди чанд роҳбари ҳизби “Орзуи гурҷӣ” ва мақомдорони баландпояи Вазорати корҳои дохилии Гурҷистонро манъ кардааст.

Тасмими ба ҳамин монандро Латвия ва Эстония низ гирифтанд.

Иқдом дар пайи саркӯби эътирозҳо дар Гурҷистон эълон шуд.

Тазоҳурот бо ширкати ҳазорҳо нафар баъди он сар шуд, ки ҳукумати Гурҷистон гуфтушунидро барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 ба таъхир гузошт.

Дар рӯйхати таҳрими кишварҳои ҳавзаи Балтик 11 ном ҷой дода шудааст.

Аз ҷумла, роҳбари фахрии ҳизби “Орзуи гурҷӣ” Бидзина Иванишвили, вазири корҳои дохилии Гурҷистон Вахтанг Гомелаури бо чор муовинаш ва ҳамчунин панҷ мақомдори баландпояи ин вазорат ҷой дода шудаанд.

Ду мақомдори сардори шуъбаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон Звиад Харазишвили ва муовини ӯ Милери Лагазаури аз сӯи Амрико ҳам таҳрим шудаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон дар пайи эътирозҳои чанд рӯзи охир 224 нафар боздошт шудааст. Онҳоро ба авбошӣ ва муқобилият ба кормандони пулис гунаҳкор кардаанд.

Додгоҳ 36 нафари онҳоро ҷарима ва 34 каси дигарро ба ҳабси маъмурӣ гирифт.