Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон бенатиҷа буд. Масъулини дафтари матбуотии Додситони кул ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба зангҳои мо посух надоданд.
Шарофиддин Гадоев 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилмурод Эргашев субҳи имрӯз бо парвози ширкати “Туркиш Эйрлайн”, аз Истанбул ба Душанбе расид. Сомонаи Фурудгоҳи Душанбе ҳам нишон медиҳад, ки ин парвоз соати 1:02 ба пойтахти Тоҷикистон расидааст. Аммо Радиои Озодӣ мустақилона хабари боздошти Дилмурод Эргашевро тасдиқ карда наметавонад.
Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон мегӯяд, дар вақти интиқоли Дилмурод Эргашев саломатии ӯ хуб набуд. "Пас аз расиданаш ба Душанбе, дигар аз ӯ хабар надорем," - афзуд Гадоев.
Дилмурод Эргашеви 40-сола, узви собиқи созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи "Гуруҳи 24"-ро рӯзи 6-уми ноябр аз Олмон берун карданд. Як рӯз қабл, вақте пулиси Олмон мехост Дилмурод Эргашевро ба Фурудгоҳи Дюсселдорф интиқол диҳад, ба гуфтаи вакил ва дӯстонаш, ӯ рагҳои даст ва пойи худро бурид. Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз воқеа, ӯро ба бемористон интиқол додаанд, вале ин кор монеи ихроҷи ӯ нашуд. Аммо як мақоми баландпоя дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин талоши худкушӣ ҷараён наёфта, ин хабар ҳақиқат надорад. Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ асноди тиббии худро захмӣ кардани Дилмурод Эргашевро дидааст.
Лайло Нозгул Сейитбек, раиси созмони "Freedom for Eurasia", қароргоҳаш дар Вена, 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон хоҳиш карданд, ки қазияи Дилмурод Эргашевро баррасӣ карда, ӯро аз Тоҷикистон баргардонданд.
"Як рӯз баъди боздошти Эргашев, аз мақомоти Олмон хоста будем, ки ӯро ба Тоҷикистон надиҳанд. Кишваре, ки хатари ба шиканҷаи сахт рубарӯ шуданаш ҷой дорад,” – гуфт, Лайло Нозгул.
Пулиси Олмон Дилмурод Эргашевро рӯзи 28-уми октябр дастгир ва дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷойгир кард. Эргашев рӯзи 29-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро бо қарори Додгоҳи шаҳри Клеве ихроҷ мекунанд. Дилмурод Эргашев мегӯяд, бино ба хулосаи додгоҳ, гуё дар парвандааш барои ба Тоҷикистон нафиристодани ӯ далели кофӣ мавҷуд набудааст.
Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дошт, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.
Дар гузашта Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чандин фаъоли сиёсиро бозпас ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки аксари онҳо барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Созмонҳои байнулмилали ҳуқуқин инсон ин амалкардҳои кишварҳои аврупоиро шадидан танқид кардаанд.