Акбар Туркон, мушовири раиси ҷумҳури Эрон, суханони Ҳамид Расоӣ, намояндаи парлумони он кишвар дар мавриди дарёфти панҷ миллион туман пул аз Бобак Занҷонӣ аз сӯи ситоди интихоботии Ҳасани Рӯҳониро рад кард.
Оқои Туркон, ки раҳбари ситоди интихоботии Ҳасани Рӯҳонӣ дар замони интихоботи президентии соли 2013 дар он кишвар буд, рӯзи 8 феврал ба хабаргузории "Мизон"-и Эрон гуфтааст, "ин изҳори назар ва суханони бемаъниро рад мекунам ва бо сароҳат мегӯям, ин мавзӯъ воқеият надорад."
Қаблан Ҳамид Расоӣ, аз намояндагони мухолифи ҳукумати Ҳасан Рӯҳонӣ дар парлумони он кишвар, дар сайти худ навишта буд, "шунидаҳо" аз "кумаки молии панҷ миллиард туманӣ"-и Бобак Занҷонӣ ба ситоди интихоботии Ҳасани Рӯҳонӣ ҳикоят доранд. Оқои Расоӣ афзуда буд, ин маблағ "дар муқоиса бо кумаки 10 ё 15 миллион тумании Муҳаммадризо Раҳимӣ ба бархе намояндагони парлумон, ҳеч аст, ҳеч."
Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини аввали Маҳмуди Аҳмадинажод -- раиси ҷумҳури пешини Эрон, ки чанд ҳафта қабл ба ҳабс маҳкум шуд, барои пардохти пул ба 150 нафар аз намояндагони парлумон, низ муттаҳам дониста мешавад.
Аммо мушовири Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ин иттиҳом аз сӯи касоне матраҳ мешавад, ки аз муовини аввали раиси ҷумҳури пешин Муҳаммадризо Раҳимӣ пул гирифтаанд ва бо ин роҳ мехоҳанд афкори ҷомеаро аз ин қазия ба сӯи дигар бибаранд. Мушовири феълии раиси ҷумҳури Эрон изҳори омодагӣ кардааст, бо пешниҳоди асноди ситоди интихоботии Ҳасани Рӯҳонӣ, рӯшан созад, ки чӣ миқдор пул дар маъракаи интихоботи президентӣ масраф шудааст.
Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки гуфта мешавад барои дур задани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард, дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди вазорати нафт 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.
Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад кардаанд.
Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон. низ рӯзи 9 феврал дар нишасти хабарии худ дар Душанбе дар бораи қазияи Бобак Занҷонӣ гуфт, он то ҳол ба анҷом нарасидааст ва дар мавриди он хулоса баровардан хеле душвор аст. Ба гуфтаи вай, "ин ҳама иттиҳомоте ҳастанд, ки таҳқиқашон ҳанӯз ба поён нарасидааст ва намешавад дар ин мавзӯъ ҳоло қазоват кард".
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ изҳори умед кард, мақомоти Эрон ба қазияи Бобак Занҷонӣ ба таври мунсифона бархӯрд хоҳанд кард.