Назарсанҷиҳо: Ба даври дувум Рӯҳонӣ ва Қолибоф роҳ меёбанд

Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон (аз чап) ва Ҳасан Рӯҳонӣ, собиқ Дабири кулли Шӯрои амнияти Эрон (аз рост)

Тибқи ду назарсанҷии ахир, ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф роҳ меёбанд.
Ду назархоҳии тоза нишон додааст, Ҳасан Рӯҳонӣ, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Эрон, ки унсурҳои ислоҳталаб ба ӯ умед бастаанд, бо Муҳаммадбоқир Қолибоф, номзади муҳофизакорон, дар рақобатҳои интихоботӣ дар фосилаи бисёр каме миёни ҳам қарор доранд.

Бар асоси назарсанҷиҳои тозаи Меҳр, як маркази таҳқиқи афкори умум дар Эрон, Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдории феълии Теҳрон ва як мақоми собиқи амниятӣ, дар корзори интихоботӣ пешсаф будааст ва дар даври аввали интихобот 17,8 дар сади орои мардумро ба даст меорад. Бар тибқи ин назарсанҷӣ, рақиби Қолибоф, Ҳасанӣ Рӯҳонӣ ва музокиракунандаи собиқи ҳастаии Эрон 14,6 дар сади орои мардум соҳиб мешавад. Дар ин назархоҳӣ аз 800 нафар аз 31 шаҳри Эрон ширкат кардаанд.

Маркази назарсанҷии Меҳр, як муассисаи тобеъи хабаргузории нимарасмии “Меҳр” аст, ки аз расонаҳои наздик ба доираҳои муҳофизакори Эрон маҳсуб мешавад. IPOS, муассисаи дигари таҳқиқи афкори умум, дар Амрико, ки дар Эрон аз тариқи телефон назарсанҷӣ анҷом додааст, мегӯяд, дар муддати ду рӯзи гузашта теъдоди тарафдорони Ҳасани Рӯҳонӣ, 14,4 дар сад афзуда ба 26,6 дар сад расидааст ва Қолибоф аз ӯ бо тақрибан 25 дар сади оро ақиб мемонад. IPOS муассисаи мустақилест, ки Ҳусейн Ғозиён, як ҷомеашиноси шинохтаи эронӣ дар Амрико таъсис додааст. Дар чанд рӯзи гузашта, Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ва Муҳаммад Хотамӣ, президентҳои собиқи Эрон, ки бо ҳокимони феълии ҷумҳурии исломӣ, ихтилофи назар доранд, аз номзадии Ҳасан Рӯҳонӣ ҳимоят карданд.

То чанд вақти пеш интихоботи Эронро якнавохт ва як корзори зери назари муҳофизакорон медонистанд. Худи Рафсанҷониро ба интихобот роҳ надоданд ва аксарияти номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, афроди содиқ ба Алӣ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломӣ буданд. Аммо зимни мунозираҳои телевизионӣ Ҳасани Рӯҳонии нармгуфтор, ки худаш ҳам донишманди исломӣ аст, баръакси номзадҳои муҳофизакор, назарҳои комилан дигарро баён кард ва шеваи музокироти режими Эрон бо кишварҳои ғарбӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии кишварро зери танқид гирифт.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интихоботи Эрон чӣ натиҷа хоҳад дод?



Аз ин рӯ Ҳасани Рӯҳониро ҳамчун, як номзади муносиб дар миёни ҳалқаҳои ислоҳталаб эътибор пайдо кард, ки раҳбаронашон ё дар боздошт ҳастанд, ё канор зада шудаанд. Агарчӣ Ҳасан Рӯҳонӣ ҳеҷ гоҳ мисли Муҳаммади Хотамӣ, ислоҳталаб арзёбӣ нашудааст, вале аксарияти онҳое, ки хоҳони тағйироти ҷиддӣ дар сиёсатҳои Эрон ҳастанд, ба ӯ ба мисли касе такя кардаанд, ки метавонад, ҳамин тағйиротро ба вуҷуд биёрад.

Агар назарсанҷиҳои тоза дар воқеъ аломати рӯҳияи ҷомеа дар Эрон бошад, пас интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар ба даври дуввум кашида мешавад ва ин корзорро ҳам барои эрониҳо ва хориҷиён корзори ҷолибе хоҳад буд. Дар даври дуввум Ҳасан Рӯҳонӣ бо фарде рақобат мекунад, ки дар нооромиҳои пас интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ, дар соли 2009 тазоҳургаронро саркӯб кардааст. Дар он сол миллионҳо нафар ба нишони эътироз аз тақаллубкорӣ дар интихобот ба хиёбонҳо рехта ва алайҳи ҳукумат эътироз карданд ва зимни саркӯби ин тазоҳурот даҳҳо нафар кушта шуданд ва садҳо тани дигарро боздошт карданд.

Дар ҳамин ҳол, Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, ки Ҳасан Рӯҳонӣ дар назарсанҷиҳо пештоз аст ва аз мардум хостааст, то маъюс ва ноумед нашуда ва ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ бираванд.

Ба гузориши хабаргузории «Меҳр»-и эронӣ, оқои Рафсанҷонӣ изҳор доштааст, ки ба Ҳасан Рӯҳонӣ раъй медиҳад. Вай гуфтааст: «Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки эшон (манзур Ҳасан Рӯҳонӣ) аз ҳама ҷилавтар ҳастанд. Мардум маъюс набошанд ва бо нишот вориди майдон шаванд ва бо сандуқҳои раъй қаҳр накунанд.»


Нигоҳ аз Тоҷикистон

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки барои шаҳрвандони он кишвар дар шаҳри Душанбе ва дар маҳалли нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 2 ду қитъаи раъйдиҳӣ боз кардааст. Дар Тоҷикистон садҳо нафар аз шаҳрвандони Эрон кору иқомат мекунанд.

Ҳусайн Шерхонӣ, масъули матбуотии сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, як нуқтаи раъйдиҳӣ дар бинои сафорат, воқеъ дар хиёбони Бохтари шаҳри Душанбе ва нуқтаи дувум барои коргарони сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар кӯчаи Сангтӯдаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон боз шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, эрониёни муқими Тоҷикистон сари ширкаташон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Эрон назари ҳамсон надоранд.

Алии Некӯӣ, унвонҷӯи илми таърих дар Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ба пойи сандуқ меравад, то ба номзади мавриди назараш, ки Эронро рушд хоҳад дод, раъй диҳад: «Се меҳвар барои ҳар касе, ки қарор аст интихоб шавад, хеле муҳим аст. Яке, дипломатияву сиёсати хориҷӣ ва яке иқтисоду маишати дохилӣ. Мутаассифона, сиёсати хориҷӣ чунин буд, ки Эрон ба инзивоъ кашида шуд. Иқтисоду маишати дохилӣ поин рафт, бахусус қурби пули миллӣ ба далели нотадбириҳои ҳукумати феълӣ поин омад. Сеюм, раванди демократия дар Эрон.»

Мардуми Эрон дар дохил ва ҳам дар 135 кишвари ҷаҳон ба шаш номзад раъй хоҳанд дод, ки Муҳаммади Қолибоф, намояндаи муҳофизакорон ва ҳам Ҳасани Руҳонӣ, намояндаи ислоҳотхоҳон, аз машҳуртарини онҳоянд.

Муҳаммади Ҷамолифари 33 - сола, ки чанд сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон бо соҳибкории хурд машғул аст, мегӯяд, охирин маротиба дар синни 15 – солагӣ дар як интихобот дар Эрон ширкат карда буд. Вай мегӯяд, пас аз ин ҳеҷ гоҳ маҳалли раъйгириро надидааст: «То ҳоло раъй надодаам, пас аз ин ҳам намедиҳам. Ман дар интихоботе ширкат мекунам, ки озод бошад. Дар интихоботҳои ин ҳукумат ҳеҷ гоҳ ширкат накардаам. Ҳукумат ҳукумати муллоҳост, ҳар касеро хостанд, ҳамонро интихоб мекунанд, чӣ аҳамият дорад, раъй диҳӣ, ё надиҳӣ? Ҳар вақт, ки интихобот озод шуд, ширкат хоҳам кард.»

Эрон аввалин кишварест, ки баробари ба истиқлолият даст ёфтани Тоҷикистон дар соли 1992 сафорати худро дар Душанбе боз кард. Тибқи иттилои сафорати Эрон дар Душанбе, ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Онҳо умдатан бо тиҷорат ва пеш бурдани тарҳҳои иқтисодиву фарҳангии ҳукумати Эрон дар Тоҷикистон машғуланд. Қисмати бузурги муҳандисон ва кормандони сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда – 2 – ро низ шаҳрвандони Эрон ташкил медиҳанд.

Рӯзи чаҳоршанбе охирин рӯзи таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон буд ва таблиғот аз субҳи рӯзи панҷшанбе мамнӯъ аст. Аз ҳашт номзади таъйиди салоҳиятшуда, ду нафар Ғуломалӣ Ҳаддод Одил ва Муҳаммадризо Ориф то кунун аз идомаи муборизаканорагирӣ кардаанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, Алиакбари Вилоятӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мӯҳсин Ризоӣ, Саид Ҷалилӣ ва Муҳаммад Ғаразӣ шаш номзади боқимонда ҳастанд. Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон фардо, ҷумъаи 14-уми июн баргузор мешавад. Вазорати умури дохилии Эрон шумори афродеро, ки ҳаққи раъйдиҳӣ доранд, 50 миллиону 483 ҳазор нафар эълон кардааст.