Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди Рафсанҷонӣ ва Машшоӣ саҳнаи интихоботи Эронро дигаргун кард


Рӯзномаи «New-York Times” менависад, ки Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Раҳим Машшоӣ то охирин лаҳзаҳои боқимонда барои сабти номи номзадҳо ҳамаро мунтазир гузошта буданд.

Агар салоҳияти онҳо аз сӯи Шӯрои Нигаҳбон таъйид шавад, ҳузури он бидуни шакк саҳнаи интихоботии раёсати ҷумҳури Эронро дигаргун хоҳад сохт.

Ҳар ду нафар дидгоҳҳо, пайравон ва ҳомиёне доранд, ки бахши бузурги ҷараёни ҳоким, ки эътилофе аз рӯҳониёни суннатӣ ва фармондеҳони Сипоҳ аст, ононро рақиб ва ҳатто душмани аслии худ мепиндоранд. Бидуни шакк интиқодҳо ва мухолифатҳои ин ду ном бо ҷараёни ҳоким, бахши зиёде аз орои шаҳрвандони норозии Эронро ба худ ҷалб хоҳад кард. Вале нуқтаи муҳими дигар ин аст, ки ҳар ду фард ва ҷараёнҳои ҳомии онҳо ба шиддат ба ҳамдигар мухолиф ҳастанд.

Исфандиёр Раҳим Машшоӣ пас аз сабти ном дар як нишасти хабарии ҳамроҳ бо Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки ҳамон сиёсатҳои хориҷӣ ва иқтисодии давлати Аҳмадинажодро идома хоҳад дод. Раҳим Машшоӣ ҳамчун Аҳмадинажод намояндаи насли дигар ва ҷавонтар аз сиёсатмадорони параваришёфта дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд, ки қасд доранд насли қаблиро ба ҳошия биронанд.

Аҳмадинажод ва атрофиёни вай то ҳамин чанд соли пеш ба шиддат мавриди ҳимояти раҳбар ва ҷараёни ҳоким буданд, вале акнун аз ҳамин маркази қудрат, ҳамчун таҳдид барои низом хонда мешаванд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишасти хабарӣ гуфт: «Ман, яъне Аҳмадинажод ва Аҳмадинажод, яъне Машшоӣ.»

Аммо бояд ба хотир дошт, ки Исфандиёр Раҳим Машшоӣ аз Аҳмадинажод баҳсбарангезтар буда ва бархе иқдомоти вай дар мақоми муовинат ва раёсати дафтари раиси ҷумҳурӣ чунон хашми ҷараёнҳои аслии низомро барангехт, ки ба эътиқоди бисёре, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ шахсан дастур дод, вайро аз ин мақомҳо барканор кунанд.

Хабарнигори «New-York Times» дар идомаи ин матлаб меафзод, ки Рафсанҷонӣ ҳамеша талош карда худро як сиёсатмдори амалгаро ҷилва диҳад, ки зимни тарафдорӣ аз бардоштани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар, хоҳони оддисозии муносибатҳои Эрон ба Ғарб будааст.

Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки ҳамакнун ҳаштодсола аст, яке аз чеҳраҳои муҳими Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози ба қудрат расидани ин низом дар соли 1979 аст. Вай дар солҳои гузашта аз мунтақидони сарсахти Маҳмуди Аҳмадинажод ва сиёсатҳои вай буда ва дар айни ҳол аз рӯҳониёни суннатӣ ва ҷиноҳи ҳоким ба хотири саркӯби мухолифон, интиқод карда буд.

Ҳеҷ яке аз ин ду номзад дар мавриди сиёсатҳои худ барои ҳали мушкилоти Эрон, аз ҷумла беҳтар кардани вазъи иқтисодии Эрон ва таҳримҳои хориҷӣ ҳарфе назадаанд. Аммо оқои Рафсанҷонӣ чанде қабл гуфта буд, ки агар номзад шавад афроди ботаҷрибаро барои ҳалли мушкилоти Эрон фаро мехонад. Тибқи Қонуни асосӣ, ҳар эронӣ бо доштани сини муайяне метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шавад, вале тасмими ниҳоӣ барои муайян шудани салоҳияти номзадҳо бо Шӯрои Нигаҳбон аст.

Амир Муҳиббиён, рӯзноманигор ва таҳлилгаре, ки ба доираҳои сиёсии Эрон наздик аст, мегӯяд: «Баъид медонам, ки Шӯрои Нигаҳбон салоҳияти оқои Раҳими Машшоиро таъйид кунад ва умедворам дар он ҳолат шоҳиди шӯришҳои хиёбонӣ набошем.»

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз меафзояд, ки ҳатто агар ин ду номзад аз сӯи Шӯрои Нигаҳбон бигзаранд, барои пешбурди барномаҳои худ бо мухолифат ва коршиканиҳои ҷиноҳи аслии дар ҳукумати Эрон рӯбарӯ хоҳанд шуд.

То қабл аз рӯзи шанбе бисёре аз мардуми оддӣ дар Эрон алоқае ба раъй додан нишон намедоданд ва далели аслии он сарнавишти интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009 буд, ки мухолифон мегӯянд бо тақаллуби густурда олуда буд. Вале бо вуруди Рафсанҷонӣ ва Машшоӣ ба феҳристи номзадҳо, эҳтимолан фазои бетафовутӣ дар миёни мардум тағйир хоҳад кард.

Бархе аз мардум мӯътақиданд, ки Рафсанҷонӣ метавонад вазъияти нобасомони Эронро ислоҳ кунад. Бархе дигар, ки аз ҷиноҳи ҳоким хаста шудаанд, фикр мекунанд Раҳим Машшоӣ метавонад бо ҷиноҳ дарбиафтад.

Бархе таҳлилгарон муътақиданд, ки ба эҳтимоли зиёд Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо тавофуқи зимнии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон худро номзад кардааст. Вале дар мавриди тавофуқи раҳбарӣ бо номзадии Исфандиёр Раҳим Машшоӣ шакку тардидҳои фаровон вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG