Мақомоти нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабарҳои холӣ кардани обанборро аз об тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ин кор "ба хотири таъмир ва санҷиши чархаи аввали нерӯгоҳ" сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки манобеи дигар чораи мазкурро ба "обгузарондан"-и сарбанди обанбор рабт медиҳанд.
Нерӯгоҳи Норак, ки мисли Роғун садди гиливу хокӣ дорад, дар аввали сохтмон ҳар сония 80 литр об мегузаронд. Бо гузашти солҳо кам шуд. Ин ба он маъно аст, ки сол ба сол сарбанд мустаҳкам мешавад
"Таъмир тибқи нақша буд"
Ду мақоми ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи Роғун рӯзи 6-уми апрел ба шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "оби обанбор барои гузарондани корҳои таъмир сар дода шуд. Тибқи нақша таъмир бояд то 31-уми март анҷом ёфта, дубора ҷамъоварии об сар мешуд. Аммо кор каме тӯл кашид. Қарор аст, ҷамъоварии об аз 15-уми апрел оғоз шавад."
Масъулони нерӯгоҳ гуфтанд, овозаҳо дар мавриди гузаштани об аз сарбанд ва ё сӯрох шудани он "ҳақиқат надоранд".
"Вақте сарбанд бунёд мешавад, як миқдор об полоиш ва ё филтратсия шуда мегузарад. Ин як чизи табиӣ аст ва ҷойе барои нигаронӣ надорад", - гуфтанд дар ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи Роғун.
Мавзӯи "аз кор мондани чархаи аввали Роғун" ва "обанбори бе оби он" беш аз як моҳ боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад. Ба оташи ин баҳсҳо маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар кишвар, ки низ беш аз як моҳ боз идома дорад, равған рехтааст. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудияти интиқоли барқро ба вазъи Роғун рабт медиҳанд.
"Чархаи аввал 115 мегаватт барқ медод"
Баҳром Сироҷев, раиси пешини ширкати "Барқи тоҷик" ва муттахасиси соҳаи энергетика, рӯзи 6-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун 115 мегаватт барқ медод, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯ хеле кумак мекард. Қатъи кори он, албатта, ба системаи энергетикаи кишвар беасар намемонад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сокинон гуфтанд, ки бо иддаои "Барқи тоҷик" розӣ нестанд. ВИДЕОЯк мақоми дигари нерӯгоҳи Роғун тасдиқ кард, ки оби ҷамъшуда дар обанбори нерӯгоҳи Роғунро сар додаанд ва ин далелро пеш овард: "Сохтмони сарбанд каме кашол ёфт ва садди сохташуда тавони нигаҳдории 20 миллиард мукааб обро надошт. Барои ба кор даровардани агрегати дуюм бояд як бор обро сар медоданд ва садро аз назар мегузарониданд. Ин аз аввал дар нақша буд. Баъди обро сар додан, садро аз назар мегузаронанд ва агар ягон мушкили техникӣ вуҷуд дорад, ислоҳ мекунанд."
"Садди Норак ҳам чунин буд"
Баҳром Сироҷев, собиқ раиси ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, мувофиқи лоиҳаи нерӯгоҳҳое, ки садди гиливу сангӣ доранд, полоиши як миқдор об аз сарбанд мумкин аст.
Ӯ гуфт, "нерӯгоҳи Норак, ки мисли Роғун садди гиливу хокӣ дорад, дар аввали сохтмон ҳар сония 80 литр об мегузаронд. Бо гузашти солҳо кам шуд. Ин ба он маъно аст, ки сол ба сол сарбанд мустаҳкам мешавад. Ҳоло ҳангоми аз об пур будани обанбори Норак аз он 63 литр ва ҳангоми поин будани сатҳи об, 35-36 литр об дар як сония аз сарбанд мегузарад. Сад дар сад маҳкам кардани пеши об имкон надорад."
Ин мутахассиси соҳаи барқ гуфт, мувофиқи лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун низ гузаштани як миқдор об аз сарбанди нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст. Вале Сироҷев афзуд, "дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ҳанӯз сарбанди асосӣ вуҷуд надорад ва он садде, ки бунёд шудааст, пешдарғот аст".
"Об ҷамъ шавад, ҳарду агрегат ба кор медрояд"
Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 5-уми апрел навишт, ба истифода додани агрегати дуюми неӯгоҳи Роғун, ки қарор буд, моҳи апрел ба кор сар кунад, ба таъхир афтодааст. Масъулони нерӯгоҳ мегӯянд, айни замон чархаи рақами 5-ум, яъне дувумин чархаи нерӯгоҳ дар ҷои худ васлу насб шудааст ва замоне ки оби обанбор ҷамъ шуд, ҳарду агрегат дубора ба кор дароварда мешавад.
Ду чархаи нахустини Роғун, ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд. Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми октябри соли 2018 ба истифода дода шуд.
Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.
Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамн вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.