Мақомоти Тоҷикистон дар изҳороти тоза гуфтанд, ки пулҳои ба дастомада аз фурӯши векселҳои давлатӣ фақат барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” сарф хоҳад шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон ба зудӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ коғазҳои қиматнок ё векселҳоро барои панҷ сол ба фурӯш хоҳад баровард. Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – қарор дар ин заминаро рӯзи 21 апрел пазируфт.
Мақомоти Тоҷикистон дар изҳороти тоза гуфтанд, ки пулҳои ба дастомада аз фурӯши векселҳои давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" равона хоҳад шуд.
Ҷамшеди Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 21 апрел дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ин векселҳо мақсаднок буда, танҳо барои сармоягузории нерӯгоҳи Роғун масраф хоҳанд шуд. Ин бори аввал аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин сохтмони ҳаётии худ, аз коғазҳои қиматнок ё векселҳо кор мегирад.
Нурмуҳаммадиён афзуд, "коғазҳои қиматноки давлатӣ наҳваи хоси масраф намудани худро дорад ва маҳз барои сармоягузории иншооти Роғун истифода хоҳад шуд. Векселҳо бо қарори ҳукумат аз тарафи вазорати молия нашр карда мешавад ва кафолати он низ бар дӯши ҳукумат хоҳад буд. Амалӣ намудани векселҳо бар дӯши Вазорати молия бо Бонки миллӣ хоҳад буд."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамин тариқ, вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки бар асоси қарори ҳукумат, ба маблағи 530 миллион сомонӣ векселҳои давлатиро нашр кунанд. Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар робита ба кафолати векселҳо гуфт, модоме, ки коғазҳои қиматнок бо қарори давлат нашр мешавад, ҳамаи сарфу харҷ ва кафолати он бар дӯши ҳукумати кишвар хоҳад буд. Ба қавли ӯ, ин векселҳо бо баҳраи солонаи 2 дарсад ва мӯҳлати гардишашон то 5 сол, нашр мешаванд.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон дар иртибот ба истифодаи векселҳо дар амал гуфт, “вазорати молия баъди нашр, ин векселҳоро ба ширкати "Роғун" пешниҳод мекунад ва "Роғун" онро ба Бонки миллӣ интиқол медиҳад. Бонки миллӣ бар асоси ин коғазҳо барои нерӯгоҳи "Роғун" маблағ ҷудо мекунад ва дар асл вазорати молия дар назди бонк қарздор мешавад ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда, ин маблағ аз тарафи вазорати молия ба Бонки миллӣ пардохта мешавад. Азбаски саҳмияҳо ба ҳукумат тааллуқ доранд, вазорати молия аз ҷониби ҳукумати кишвар баромад намуда, бо ҳамин роҳ нерӯгоҳи Роғунро маблағгузорӣ мекунанд.”
Моҳи декабри соли гузашта ҳукумат бо судури як қарор ва нашри векселҳо бар ивази амволи чор бонк -- "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк", барои онҳо 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда буд.
Аммо дар ин муддат ду бонк -- "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" комилан муфлис ва муҷаввизашон аз сӯи Бонки Миллӣ бозхонд шуда, дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд. Бинобар ин, бо қарори навбатӣ ҳукумат маблағи кӯмак ба бонкҳоро ба қадри 530 миллион сомонӣ кам карда, дар сатҳи 3 миллиарду 320 миллион қарор дод.
Давлати Тоҷикистон дар гузашта низ барои нерӯгоҳи "Роғун" маъракаи фурӯши саҳмияҳоро роҳандозӣ карда буд. Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун, соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.
Соли 2013 вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳҳомони "Роғун" аст. Аммо векселҳои давлатӣ ба фарқ аз саҳмияҳо новобаста ба даромаднокии ширкат ва ё нерӯгоҳ, барои моликонашон суд меорад, чунки давлат даромаднокии онро кафолат медиҳад.
Зимнан, рӯзи 29 октябр маҷрои оби Вахш баста ва бунёди садди обанбори Роғун шурӯъ шуд. Ин садд бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд ва иқтидори нақшавии нерӯгоҳ 3600 мегаватт барқ аст. Тобистони имсол маълум шуд, ки корҳои сохтмониро як ширкати итолиёӣ (Salini Impregilo SpA) анҷом медиҳад. Тавони нерӯгоҳ барои таъмини барқи тамоми аҳолии Тоҷикистон ва ҳам ҳамсоякишварҳо кифоят хоҳад кард.
Як сабаби тӯл кашидани корҳои сохтмонии нерӯгоҳи "Роғун" дар нигарониҳои бархе ҳамсоякишварҳо дар амнияти обанбор ва ҳам серхарҷ будани тарҳи он мебошад. Ҳисоб шудааст, ки барои сохтани пурраи нирӯгоҳи Роғун 4 миллиард доллар маблағ зарур мешавад. Қарор аст, нахустин агрегат ё чархаи нерӯгоҳи “Роғун” охири соли 2018, фаъол шавад.