Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, баъд аз зӯҳри 6 апрел роҳи ҷамоати Ворух, ки як рӯз пеш аз сӯи сокинони рустои қирғизии Оқсой баста шуда буд, боз шудааст.
Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон дар масоили амнияту дифоъ ва марз, рӯзи 6 апрел ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар натиҷаи музокироти дуҷониба роҳи Ворух боз шудааст. Маматалиев тоза рӯзи 2 апрел ба ҷои Тоқонм Мамитов муовини сарвазири Қирғизистон интихоб шуд ва аз ин ба баъд масъулияти музокироти масоили марзӣ бо Тоҷикистонро низ ҳамин зодаи Бодканд бар ӯҳда хоҳад дошт.
Маматалиев гуфтааст, мақомоти ҳарду ҷониб бо сокинони Оқсой вохӯрда, ваъда додаанд, ки талабҳои онҳоро иҷро мекунанд. Сокинони рустои Оқсой, ки як рӯз пеш баъди онки дар роҳи ба чарогоҳ рондани чорвояшон ба онҳо иҷозати убур аз заминҳои Тоҷикистонро надоданд, баъд аз зӯҳри 5 апрел роҳи ҷамоати Ворухро бастаанд. Онҳо талаб доштанд, то ворухиҳоеро, ки як сокини Оқсойро ҳангоми ба чарогоҳ рондани чорво кӯфтаанд, ба муҷозот бикашонанд. Талаби дигари ин мардум, ба гуфтаи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳаққи равуои бидуни мамониат то чарогоҳҳост. Ба гуфтаи Маматалиев, мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки ин талабҳоро иҷро мекунанд.
Роҳи Ворухро боз бастанд
Баҳсҳо бар сари аз кадом роҳ ба чарогоҳ рондани чорво рӯзи 5 апрел боиси моҷарои навбатӣ дар марзи Исфараву Бодканд ва дигарбора бастани роҳи Ворух аз сӯи сокинони Оқсой шудааст. Сокинони рустои Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон баъд аз зӯҳри шанбе дигарбора роҳи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфараро бастаан.
Як сокини ҷамоати Ворух рӯзи 6 апрел гуфт, ҳоло мавсими ба чаро баровардани чорво шурӯъ шудааст ва дар ин замина чанд дафъа байни сокинони ду тарафи марз алакай ҷанҷол ҳам бархост: “Рӯзҳои гузашта вақте тоҷикҳо мехоҳанд чорвои худро ба чарогоҳ биронанд, қирғизҳо намемонанд. Рӯзи 5 апрел вақте қирғизҳо хостанд, ки чорвои худро аз марзи мо гузаронда ба чарогоҳ баранд, тоҷикҳо намемонанд. Мегӯянд, ки кадом вақте ки ба чорвои ворухиҳо иҷозат диҳед, мо ҳам ба чорвои шумо иҷозати гузаштан хоҳем дод. Хулоса, баҳси чарогоҳ боис шуд, ки сокинони рустои Оқсой боз якҷониба роҳи Ворухро бубанданд.”
Як манбаи наздик ба ҳукумати Исфара гуфт, раиси шаҳр Давронҷон Зоҳидов шаби гузашта то соати 12-30 дар марз машғули музокирот бо мақомоти қирғиз буд ва субҳи имрӯз ҳам, азх соати 6 ба марз рафтааст. Ин манбаъ изҳори умед кард, ки музокирот имрӯз бояд натиҷа бидиҳад: “Натиҷа ба ин маъно ки мо умедворем, роҳи Ворух боз мешавад.”
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, баъди баста шудани роҳ тақрибан 40 ило 50 нафар аз сокинони Ворух дар ин сӯи марз монданд: “Сокинони Хоҷаи Аъло (охирин русто дар ин сӯи марзи Тоҷикистон дар роҳи Исфара – Ворух) ҳамаи ин ворухиҳоро шаб дар хонаҳои худ ҷо карданд. Аз ин нигоҳ мушкиле набуд, вале охир ҳар раҳбндӣ ба ташвиши мардум меафзояд, зиндагии ин мардумро мушкил мекунад. Чӣ дар тарафи мо ва чӣ – дар он тараф.”
Эркин Жолчиев, раиси рустои Оқсойи ноҳияи Бодканд низ дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба далели баҳси чарогоҳ баста шударни роҳи Ворухро тасдиқ карда гуфтааст, баъд аз зӯҳри 5 апрел беш аз 100 сокини Оқсой ҷамъ шуда, ба муҷозот кашидани чанд сокини Ворухро талаб кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, сокинони Ворух як сокини Оқсойро, ки мехост чорвояшро ба ҷайлов (чарогоҳ) биронад, латтукӯб кардаанд.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки баъди бастани роҳи Ворух аз сӯи сокинони Оқсой сокинони Хоҷаи Аъло ҳам ҷамъ шуданд ва байни онҳо бархӯрдҳое ҳам рух додаанд. Аз ҷумла издиҳом аз ду тараф ду мошин - яке марбут ба қирғизҳову дувумӣ - мошини тоҷикҳоро сангборон кардаанд.
Ҷамоати Ворух баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст ва танҳо роҳи ин ҷамоат аз дохили рустои қирғизии Оқсой мегузарад.
Моҷарои нав дар ин марз дар ҳолест, ки Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев, вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми 4-уми апрел дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СНГ дар Маскав барои бори аввал аз замони муноқишаи марзии се моҳи пеш, ки боиси ҷиддитарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек шуд, бо ҳам мулоқот ва аз ҷумла роҳҳҳои ҳалли танишҳои марзиро баррасӣ кардаанд.
Рӯзи 11 январ дар натиҷаи тирпарронӣ дар марзи байни рустоҳои Оқсой ва Хоҷаи Аътло 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуданд. Қирғизистон баъди ин муноқиша сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин кишварро баст. Сафири Қирғизистон Урмат Саралаев танҳо дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт ва марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ танҳо дар оғози моҳи апрел, амалан баъди қариб се моҳ дубора боз шуд.
Тоҷикистону Қирғизитсон бо ҳам 976 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо музокироти марзии ду кишвар дар солҳои охир хеле ба кундӣ пеш меравад ва аз соли 2006 ба ин сӯ ягон километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар аломатгузорӣ нашудааст. Доғтарин ва мушкилзотарин нуқтаҳо дар марзи ин ду кишвар маҳз дар қисмати марзи Исфараву Бодканд қарор доранд.
Ҳамсӯҳбатони Озодӣ дар Исфара мегӯянд, роҳи Ворух инбор дар ҳоле баста шуд, ки Душанбеву Бишкек зоҳиран дар мавриди пайдо кардани роҳҳои ҳалли танишҳои марзӣ ба тавофуқ хеле наздик шудаанд ва дар пушти ин моҷарои ахир метавонанд нирӯҳое истода бошанд, ки ба ҳалли ин таниш манфиатдор нестанд.