Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиш ба бунёди ду пул дар ивази боз кардани марз


Миёни Душанбе ва Бишкек дар мавриди сохтмони ду пули мошингузар дар Овчи Қалачии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ивази боз намудани гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон, як созишнома ба имзо расидааст.

Дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, шоми дирӯз зери ин созишнома Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Қалиқбек Султонов, вазири нақлиёт ва алоқаи Қирғизистон имзо гузоштанд. Бар пояи ин созишнома, бо сохтмони ин пулҳо (купрукҳо) сокинони ноҳияи Лайлаки Қирғизистон метавонанд бидуни истифодаи қаламрави Тоҷикистон - ҷамоати Овчӣ Қалачӣ, ба деҳоти худ рафтуомад кунанд.

То ин замон сокинони деҳаи Кулундии ноҳияи Лайлак ҳамсоя бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тариқи ҷамоати Овчӣ Қалачӣ равуо мекарданд. Дар ивази ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон, Бишкек роҳҳои бастаи худро ба самти Тоҷикистон боз кард ва ба масдуди кардани роҳҳои худ, ки беш аз думоҳ идома дошт, поён дод.

Гуфтугӯ миёни ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди сохтмони роҳҳо дар минтақаи мавриди баҳси Исфара ва Бодканд, рӯзи 31-уми март дар Душанбе оғоз шуда буд. Шамсмуҳаммад Назриев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 31-уми март ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ҳайати вазорати нақлиёт ва алоқаи Қирғизистон дар раъси вазир Қалиқбек Султонов бо вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асоев масъалаи вариантҳои сохтмони роҳҳо дар минтақаҳои баҳси ду кишварро баррасӣ намуда ва дар поёни мулоқот созишнома ба имзо хоҳанд расонд.

Ба қавли Шамсмуҳаммад Назриев, масъалаи дигаре, ки дар ин мулоқот мавриди гуфтугӯ қарор дорад, боз кардани гузаргоҳҳои мошингузар миёни ду кишвар мебошад. Вай гуфт, ки мақомоти Қирғизистон дирӯз танҳо гузаргоҳи Қарамиқро боз кардаанд, ки имрӯз (31-уми март) бояд дигар гузаргоҳҳои низ кушода шаванд.

Интизор меравад имрӯз, 1-уми апрел ҳайатҳои Кумисияи байниҳукуматии ду кишвар дар мавриди идомаи масъалаи сохтмони роҳҳои мошингард дар минтақаи мавриди баҳси ду кишвар, дар Ботканд баҳсу гуфтугӯ кунанд.

Қирғизистон кушодани чанд гузаргоҳро тасдиқ кард

Ҷониби Қирғизистон низ тасдиқ кард, ки чанд гузаргоҳ дар марзҳояш бо Тоҷикистон алакай ба таври комил боз кардааст. Раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев рӯзи 31 март ба Радиои Озодӣ гуфт, гузаргоҳҳои Қарамиқ ва Бордодо дар марз бо Тоҷикистон алакай пурра боз шудаанд. Аммо дар гузаргоҳҳои Қулунду ва Қайрағоч дар ҳоли ҳозир танҳо пиёдагарон иҷозати убур доштаанд. Гузаргоҳҳои дигар, ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ҳанӯз баста боқӣ мемонанд.

Қаблан як манбаъи Озодӣ дар ҳукумати Исфара хабар дод, ки имрӯз баъд аз зӯҳр як гузаргоҳ дар марз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамин тавр, чанд посгоҳи дохилӣ дар марзи байни Исфараву Бодканд, аз ҷумла дар марз бо рустои Самарқандак, боз хоҳанд шуд. Вале бозкушоии "Гулистон", бузургтарин гузаргоҳи марзӣ байни Исфараву Бодканд, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба рӯзи 1 апрел муқаррар шудааст.
Боз шудани нахустин гузаргоҳҳо дар марз бо Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаи дигар, Қирғизистон аз рӯзи гузаштаи 30 – юми март гузаргоҳҳои марзӣ дар ноҳияҳои Исфара, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуровро танҳо барои гузари пиёдагардон боз карда, вале аз субҳи 31 – уми март гузаргоҳи марзии Исфараро боз бастааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин кор аз ҷониби мақомоти Бодканд сурат гирифтааст: “Гузаргоҳҳоро мақомоти Бодканд рӯзи 30 март кушоданд. Вале давлати Қирғизистон ҳанӯз аз боз кардани гузаргоҳи марзиаш ба сӯи Тоҷикистонро расман эълон накардааст. Ҳоло гузаргоҳҳои марзии “Маданият ” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Овчӣ Қалъача” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров танҳо барои пиёда гузаштани сокинон боз аст, вале барои ҳаракати нақлиёт иҷозат нест. Субҳи 31 март мақомоти марзбонии қирғиз баъди як рӯзи кушодан гузаргоҳи марзии “Гулистон” дар Исфараро боз бастанд.”

Боз шудани гузаргоҳи марзии “Овчӣ Қалъача”, воқеъ дар маҳали ҳамноми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро Самеъҷон Отаҷонов, ёвари раиси ноҳияи мазкур низ тасдиқ кард. Вай таъкид кард, вале гузаргоҳ аз ҷониби Қирғизистон танҳо барои убуру мурури пиёдагардон кушода буда, вале барои васоили нақлия ҳамчунон баста аст.

Марзбонҳои ин гузаргоҳ ба наздикӣ дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буданд, ки аз тариқи ин гузаргоҳ танҳо нақлиёти транзитӣ ва давлатӣ бо иҷозаи махсус метавонанд гузар кунанд.

Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баъди тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқсойи Бодканд, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, баст. Марзбандӣ ба тиҷорати байни ду кишвар таъсири зиёди манфӣ расонд. Бино ба омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тиҷорати миёни ду кишвар дар моҳи январи соли равон ҳамагӣ 1 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба 11 миллиони январи соли 2012 дуруст 11 маротиба камтар аст.

Мулоқоти "оқсақолон"-и тоҷику қирғиз сари дастурхони наврӯзӣ
Дар шаҳри Исфара намояндагони мақомоти Суғду Бодканд ва гурӯҳи раисону кӯҳансолони деҳаҳои марзии Ворух ва Оқсой дар гирди дастархони наврӯзӣ мулоқот ва сӯҳбати ғайрирасмӣ анҷом додаанд. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух рӯзи 31-уми март дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки дар ин мулоқот, ки рӯзи 30-юми март баргузор шуд ёвари раисумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ – Шералӣ Хайруллоев, сарони идораҳои корҳои дохилии Суғду Бодканд, намояндагони ҳукуматҳои ду ҷониб ва рӯҳониён, ҳудуди 30 нафар ширкат доштанд.

“Дар сӯҳбат намояндагони ҳар ду ҷониб сари дӯстиву ҳамкорӣ ва равуои бемамониат ҳарф заданд. Ва таъкид шуд, ки комиссияҳои байнидавлатӣ ба бозомӯзиву ҳалли мушкилоти марзии мавҷуда, масъалаҳои роҳу обу замин фаъолият доранд ва сокинони оддӣ ба кори он халал нарасонанд ва аз таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ кор гиранд.” – афзуд вай.

Ҳамчунин дар ин мулоқот ба нақши оқсақолҳо, ё худ миёнаравҳои маҳаллӣ дар суботи авзоъ дар мавзеъҳои баҳсбарангези марзӣ таъкид шудаааст.

Баъд аз тирпарронии 11-уми январ дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бори аввал чунин вохӯрии ғайрирасмии кӯҳансолони Воруху Оқсой ва дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор мегардад.

Ин дар ҳолест, ки бинобар хабарҳо фардо, 1-уми апрел гурӯҳҳои кории комиссияҳои байнидавлатии марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон кори худро дар марзи байни Исфараву Бодканд аз сар мегирад.
XS
SM
MD
LG