Қабристон ё роҳ? Нигаронии сокинони Панҷакент

Сокинони норозии ноҳияи Панҷакент аз тахриби қабристон.

Як гурӯҳ сокинони шаҳри Панҷакент аз он нигаронанд, ки навсозии шоҳроҳи Айни-Панҷакент сабаби тахриби қабристони «Қавола» мешавад.
Пойфишории сокинони шаҳри Панҷакент метавонад, сабаби таъхир дар бозсозии ин роҳ, қатъи тарҳ ё ҳатто муноқиша миёни аҳолии маҳаллӣ ва коргарони чиноӣ шавад.

Раҳим Қурбонов, як сокини ин шаҳр дар сӯҳбат ба «Озодӣ» рӯзи 13-уми феврал гуфт, чиноиҳо аллакай дарахту буттаҳои оромгоҳҳро канда, ба вайрон кардани сангдевори ин мазор шурӯъ карданд. Ба ақидаи ӯ ин манзара ба сокинони маҳаллӣ «сахт мерасад».

Баҳодур Рустамов, сокини дигари маҳҳалаи Қавола дар ин робита мегӯяд: «аз рӯи нақшаи ин роҳ як қисмати оромгоҳ пурра вайрон мешудаасту нимаи дигараш қисман. Девори ин мазор аз санг бунёд шуда буд, аллакай онро тахриб карда сангҳояшро бурда истодаанд. Мо сокинон ба роҳсозҳо гуфтем, ки ин хел кардан мумкин нест, вайҳо мегӯянд, ки моро ҳамин хел вазифадор кардагӣ ҳастанд».

Ҷаноби Рустамов афзуд, роҳи пешина аз поёни оромгоҳ мегузарад ва тарафи дигари роҳ ҳам ҳамворӣ буда имон дорад роҳрро бидуни тахриби оромгоҳ созанд. Аммо ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо чиноиҳо мегӯянд, роҳ бояд аз рӯйи тарҳи меъморияш рост пеш равад ва барои ҳамин қабристон ҳам бояд вайрон шавад.

Сокинони қисмати шарқии шаҳр мегӯянд, ин оромгоҳ таърихи беш аз садсола дошта, калонтарин қабристони Панҷакент аст. Ба гуфтаи онҳо, чунин иқдом як беэҳтиромӣ ба арвоҳи гузаштагон аст ва он ҳам, ки бегонагон ин қабрҳоро вайрону туроб хоҳанд кард. Баъзе аз сокинон ривоятҳоеро ҳам қисса мекунанд, ки гӯё дафъаи гузаштаи талоши роҳсозон бо фоҷиа анҷомида, «ронандаи булдозер бо наздик шудан ба оромгоҳ дар кабинаи булдозер фалаҷ» шудааст.

Аз сӯҳбат бо афроди гуногун бармеояд, ки мушкил бештар ахлоқию отифӣ ё эҳсосист, ҳарчанд ҳама мехоҳанд, роҳи васеъ ва замонавӣ мояи рушди шаҳр ва минтақа шавад.

Дар ҳамин ҳол, Фахриддин Муъминов, роҳбари корхонаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳангоми шуруи расмии сохтмони роҳи Айнӣ-Панҷакент аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуда буд, ки паҳнии он бояд беш аз 20 метр бошад: "ҷаноби олӣ гуфта буданд, ки ин роҳ бояд ҳамин қадар васеъ бошад, ки мошинҳо озодона равуо кунанд. Аз ин рӯ мувофиқи лоиҳа 2,5 - 3 метри қабристони Қавола барои сохтани роҳ гирифта мешавад. Он қабрҳое, ки дар ин ҷо ҳастанд бо хокашон ба ҷои дигар интиқол дода мешавад. Мо бо руҳониён машварат кардем, ки бо мардум дар ин робита корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд."

Ҷаноби Муъминов меафзояд ин роҳ аз тарафи росташ низ се чор- метр васеъ мешавад, ки дар он ҷо нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншоот аст. Аз ин рӯ ба таъкиди Муъминов гирифтани замин қабристон барои сохтмони ин роҳ ногузир аст.
Дар ҳамин ҳол, руҳониён мегӯянд агар қабристон ба хотири ягон кори хайр аз ҷумла сохтмони роҳ ки ба нафъи мардум аст ба ҷои дигар кӯчонида шавад аз нигоҳи шариат боке надорад.

Рӯҳонии саршинос Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд: «мувофиқи фармудаи шариат агар аз дафн шудани ҷасад беш аз 50 сол сипарӣ шуда бошад, ин марқадро ба ҷои дигар кӯчонидан иҷозат аст. Лекин ба шарте ки дар миёни афроди дафншуда ягон шахси бузургвор гӯронда нашуда бошад. Ин масъалаи дигар аст. Вале вақте кучонидани қабрҳо ба хотири кори хайр аст ин боке надорад аз назари шариат».

Сохтмони роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аз сӯи Бонки Осиёии рушд тақрибан бо 100 миллион доллар таъмини молӣ шуда, бахше аз тарҳи бузурги бозсозии шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд –Чаноқ аст, ки бар пояи қариб 290 миллион доллар қарзи боимтиёзи Чин ва тавассути як ширкати роҳсозии он кишвар тармим шуд.