Ронандаҳо ва мусофирони шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ, ки аз наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мегузарад, аз ҳукумат хостаанд, барои сафари амни онҳо ҳарчи зудтар чора андешад. Онҳо мегӯянд, бояд ҳукумат аз мақомоти Афғонистон бихоҳад, ки ҷадвали таркиш барои сохтмони роҳро тартиб диҳад. Вагарна, ба ронандагон, ҳар лаҳза хатар ба ҷони мардум таҳдид мекунад.
Аз Дарвоз то Хоруғ агар БТР гузарад, мешиканад. Агар фил равад, пойҳояш мешиканад. Мошинҳое, ки мо бору мусофир мекашем, дар ин роҳ убол аст.
Чанд сол аст, ки дар он тарафи марз роҳи мошингард месозанд ва барои он баъзан кӯҳҳоро метарконанд. Ронандаҳои тоҷик аз он шикоят доранд, ки роҳсозони афғон ҳар вақте хостанд кӯҳҳоро тарконда, ба сари мусофирону ронандагон санг мерезанд. Муллоҳусейн Ҷонбозов, яке аз ронандагон, рӯзи 22-юми июл дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки “дар онҷо ягон чиз ё касе нест, ки туро хабардор кунад. Ё инки интизор биистад, аввал мошин гузарад, сипас битарконад. Ин хел нест.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли Муллоҳусейн, мусофирон низ ҳангоми гузаштан аз ин қитъаҳои роҳ ором нестанд. “Мусофирон метарсанд. Ҳар вақте ки кӯҳҳоро метарконанд, мусофирон талхакаф мешаванд. Санг мепарад ва метавонад аб мошин бархӯрад”, - афзуд ӯ.
Аз терминали мусофирбарҳои Душанбе – Хоруғ рӯзе даҳҳо мошин бор мебарад ва мусофир мекашонад. Ронандаҳо баъзан байни худ ин роҳро “чӯл” ё роҳи таваккал ҳам мегӯянд. Имомназар Раҳматшоев, ронандаи таксӣ, рӯзи 22-юми ноябр гуфт, “мусофирон бояд ба хонаҳои худ бираванд ё ягон кори зарурӣ доранд ва таввакал бар Худо мекунанд.”
Аммо мушкил танҳо таркиши қитъаи роҳ аз тарафи Афғонистон нест. Дар пеш мавсими душвори ҳаракат аз Душанбе то маркази вилояти Бадахшон аст. Яке аз ронандаҳо мегӯяд, “роҳи кӯҳистон вайрон аст. Нисфи роҳ обод шудааст, нисфи дигараш ҳанӯз вайрон. Ҳоло боридани барфу борон сар мешавад ва резиши тарма дар назар аст. Мушкилӣ дар пеш аст.”
Аз Душанбе то маркази вилояти Бадахшон беш аз 500 километр роҳ аст. То деҳаи Ёгети ноҳияи Дарвоз роҳ мумфаршу ҳамвор аст. Минтақаи Шӯрообод як қисмати бади шоҳроҳ буд, ки онро тобистони имсол мумфарш карданд. Роҳсозон барои ҳамвору хуб нишон додани роҳ ба истиқболи раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро покиза карданд. Аммо ин роҳи хуб то Қалъаихумб меравад. Бақияи роҳ чунин ҳозиразамон нест. Ронандаҳое, ки то Хоруғ мераванд, бақияи роҳро тарснок тасвир мекунанд.
Имомназар Раҳматшоев гуфт, “аз Дарвоз то Хоруғ агар БТР гузарад, мешиканад. Агар фил равад, пойҳояш мешиканад. Мошинҳое, ки мо бору мусофир мекашем, дар ин роҳ убол аст.”
Ронандаҳо мегӯянд, шикояти онҳо ба мақомоти маҳаллӣ барои тармими роҳ натиҷае надодааст. Ҳоло онҳо умедворанд, ки мақомот ҳам ба шикояти онҳо дар мавриди роҳсозони афғон ва ҳам вазъияти роҳ то маркази Бадахшон расидагӣ хоҳанд кард.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои ахир даҳҳо километр роҳи нав сохта, даҳҳо километри дигар роҳҳои куҳнаву фарсударо ҳам тармим кардаанд. Тоҷикистон ду сол пеш дар як раддабандии сифати роҳҳо, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) таҳия кардааст, аз миёни 144 кишвари дунё дар мақоми 98 ҷо гирифта буд. Мақомоти созмон гуфта буданд, ки роҳҳои Тоҷикистон пештар аз Қазоқистон (ҷойи 117) ва Қирғизистон (133) қарор дорад.