Оё ҷони як инсон бояд чӣ қадар ба танг биояд, ки ӯ бори нангини гапи мардумро таҳаммул кунаду пой ба кӯчаи гадоӣ гузорад? Инсон бояд чӣ қадар мӯҳтоҷу дастнигар шавад, ки дигар аз талбандагиву ноне ки бо ин роҳ ба дасташ меояд, парҳез накунад? Ва оё талбандагӣ дар кӯчаҳои шаҳр, тавре ки бисёриҳо мегуморанд, то куҷо як кори “пурдаромад” аст?
Ҳунарманди маъруфи тоҷик Убайдуллоҳи Раҷаб дар ҷаласаи рӯзи 20 сентябри шаҳрдории Душанбе пешниҳод кард, ки як бор гадоёни пойтахтро ҳисобу китоб кунанд ва бо эҷоди шароите, чун ташкили ошхонаҳои хайрия барои ин мардуми мӯҳтоҷ дар ҳамаи 4 ноҳияи шаҳр, коре кунанд, ки дар кӯчаҳои Душанбе гадо намонад ва дар рӯзҳои чорабиниҳои муҳим дар пеши меҳмонони хориҷӣ мизбононро дар хилоҷалт нагузоранд. Раиси пулиси Душанбе Саид Ҷӯрахонов билофосила дар ҳамон ҷаласа гуфтааст, ки дар пойтахт 500 нафар дар кӯчаҳо талбандагӣ мекунанд, ки нисфи онҳо аз аҳли Душанбе нестанд, мардуми омаданд.
Аммо оё ҳисобу китоби талбандаҳо ваё ҳатто роҳандозии маъракае барои аз кӯчаҳои Душанбе чидани онҳо, тавре бисёриҳо пешниҳод мекунанд, то куҷо роҳи ҳал аст? Ва ғаризаҳое, ки инсонҳо эътибору обрӯи худро сарфи назар мекунанду даст ба гадоӣ мезананд, кадоманд?
Барои маълум кардани воқеъияти ҳол ва ҳам инки гадоӣ то куҷо кори “пурдаромад” аст, тавре як бахши аъзами мардум гумон мекунанд, рӯзи 23 сентябр рафтем ба яке аз кӯчаҳои Душанбе ва яке аз мо – Мӯъмини Аҳмадӣ – ҷандае дар тану айнаки нобиноӣ дар чашм ва сурфаи сахте дар даҳон рӯи сементи яке аз пиёдароҳҳои пойтахт нишасту 10 дақиқа даст ба “гадоӣ” кушод.
Ҳосили ин 10 дақиқа “гадоӣ”-и хабарнигори Озодӣ 30 сомониву 40 дираме шуд, ки мардуми раҳгузар дар ин фосилаи кӯтоҳ хайраш карданд ва ҳам дӯғу пӯписа ва ҳатто дашному ҳақорати як ходими милиса, ки хеле зуд болои сари ин “гадо”-ро гирифт ва амр кард, ки дар минтақаи ӯ гадоӣ накунад. Танҳо зориву таваллои хабарнигори Озодӣ, ки “хеле заруру дармондаам” дили милисаро каме “об” кард ва ӯ як соат фурсаташ дод, ки то баргаштанаш аз бемористон дар “минтақаи таҳти контрол”-и вай гадоӣ кунад.
Навори видеоии як рӯзи “гадоӣ”-и хабарнигорони Озодиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад