Рейтерс: Нахуствазири Ироқ аз қатли раҳбари "Давлати исломӣ" хабар дод

Муҳаммад Шиа ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ

Муҳаммад Шиа ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ

Муҳаммад Шиа ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи 14 март гуфт, раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия” кушта шуд. Судонӣ гуфт, ӯ “яке аз хатарноктарин террористон дар Ироқ ва ҷаҳон дониста мешуд”. Дар ин бора хабаргузории Рейтерс иттило додааст.

Судонӣ афзуд, ки дар амалиёти муштараки нирӯҳои амниятии Ироқ ва сарбозони эътилофии муборизи зидди гурӯҳи ҷангӣ Абдулло Мокӣ Муслиҳ ар-Рифоӣ, маъруф бо лақаби Абу Хадичаро куштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Хешонамро куштанд." Дар бораи хушунат дар Сурия чӣ медонем?Боздошти ҷавони тоҷик дар Амрико ва афзоиши нигарониҳо аз ифротгароӣМуҳаммад Шарифуллоҳ гуфт, ба ҳамлагарони Крокус "дарс додааст"