Президенти Қирғизистон рӯзи 11-уми феврал аризаи истеъфои Ҷениш Раззоқов, муовини сарвазири ин кишварро имзо кард. Истеъфои Раззоқов ба марҳилаи нави музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон рост омад, чун бар асоси як тавофуқи ахир, ҷонибҳо баррасии имкони табодули қаламравҳои баҳсиро дар 144 километр хатти марз шуруъ карданд. Худи ӯ гуфтааст, "бо сабабҳои оилавӣ" тасмим гирифт, ки аз вазифа равад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, вақтҳои охир баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ ва сиёсатмадорони ҷудогона истеъфои Раззоқовро талаб карда, ба ин вазифа таъин шудани "як шахсияти шоиставу қотеъ"-ро тақозо менамуданд. Баъзе расонаҳо дар бораи соли 2016 гӯё ба ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон гумонбар шудани Раззоқовро ҳам ёдовар шуданд, ки баъдан дар сатҳи ҳукумат санҷидаву рад шуда буд.
Бархе аз таҳлилгарони қирғиз мегӯянд, бо рафтани Раззоқов нафари нав бояд корро дар самти музокираҳои марзӣ бо Тоҷикистон аз сифр оғоз кунад ва ин чиз метавонад суръати гуфтугӯҳоро суст намояд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Созиши Тоҷикистону Қирғизистон барои иваз кардани ду нуқтаи марзӣРӯзи 12-уми феврал порлумони Қирғизистон бо таъини Акрам Мадумаров ба мақоми муовини нахуствазир мувофиқат кард, ки то ҳол намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон буд.
Маълум нест, вокуниши Тоҷикистон ба ин тағйирот чӣ аст, чун ҳеч як мақоми масъули масоили марзӣ барои Радиои Озодӣ дастрас набуданд.
Рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ худи Раззоқов гуфт, рафтани ӯ аз мақом аслан ба музокираҳои марзӣ бо Тоҷикистон рабт надорад. Аз ӯ хостем, дар бораи вазъи музокираҳои марзӣ бо Тоҷикистон то замони тарки мақом карданаш бигӯяд. Вай таъкид кард, ки ҷузъиёти ин музокираҳо бар асоси тавофуқоти дуҷониба пушти парда мемонад, вале афзуд, дар масъалаи табодули қаламравҳо “ҳанӯз як тарҳи муштарак вуҷуд надорад. Мавқеи ҷонибҳо аз ҳам фарқ мекунад. Музокираҳо идома дорад”.
Раззоқов гуфт, 144 километр марзе, ки барои анҷоми табодули муштарак таъин шудааст, маҳз қитъаи марзии ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистонро дар бар мегирад. Аз миёни беш аз 900 километр марзи миёни ду кишвар, ки нисфаш аломатгузорӣ нашудааст, солҳои охир маҳз ҳамин қаламрав доғ боқӣ мемонад ва дар муноқишаҳои чанд соли охир чанд нафар куштаву даҳҳо тан маҷрӯҳ шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷеенбеков: "Ба табодули баъзе қаламравҳо бо Тоҷикистон омода ҳастем". ВИДЕОҚарор аст, то 1-уми март мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаи қитъаҳои табдилшаванда ба натиҷа бирасанду баъдан ин мавзӯъро бо ҳам баррасӣ кунанд. То он замон, 14-15-уми феврал, як мулоқоти дигари аъзои Кумисюни байниҳукуматии марзӣ дар Бишкек барпо мешавад.
Муовини пешини нахуствазири Қирғизистон дар идома гуфт: “Табодул хусусиятҳои гуногун дорад. Дар маҷмуъ, ҳадафи онҳо аз байн бурдани омехтагии қаламравҳои якдигар ва ҳам таҷаммӯи шумори зиёди мардум аст. Ҳанӯз тарҳи ниҳоии табодули қаламравҳо омода нашудааст ва вақте мегӯянд, ки фалон қитъа бо фалон иваз мешавад, ин гап дуруст нест”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан матбуоти Қирғизистон бо такя ба ҳукумати ин кишвар дар бораи гӯиё тавофуқҳои ҳосилшуда барои табдили қаламравҳои муайян хабар дода, номҳои ҷуғрофиро ҳам нашр карда буданд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина хомӯшӣ ихтиёр кардаанд ва ҳеч иттилое дар заминаи нақшаву тарҳҳои мавриди баррасии онҳо барои табодули қаламравҳо нашр намешавад.
Неъматулло Мирсаидов, журналист ва таҳлилгари тоҷик дар шимоли Тоҷикистон, ки ахиран аз ҷамоати Чоркӯҳ ва бархе дигар нуқтаҳои марзии ноҳияи Исфара дидан кард, мегӯяд, мардум дар ин маҳалҳо ҳам дар бораи нақшаҳои мақомоти тоҷик хабар надоранд. Ӯ гуфт, дар рӯҳияи мардуми тоҷик нигаронии муайяне аз дурнамои табодули қаламравҳо ва ҳам набуди иттилои дақиқу рӯшан эҳсос мешавад.
Вале Ҷениш Раззоқов мегӯяд, ҳама гуна табодул “ба андозаи баробар ва бо риояи ҳуқуқи мардум” анҷом мешавад. “Табодул танҳо баробарвазну баробарҳаҷм мешавад. Замини обёришаванда бо замини обёришаванда, чарогоҳ бо чарогоҳ ва ғайра. Агар бархе масоили дигар бошад, онҳо ба таври ҷудогона баррасиву ҳал мешаванд”, -- афзуд ӯ.
Айни замон, ӯ эътироф кард, ки ин мавзуъ соддаву осон ҳал нахоҳад шуд ва ба назар мерасад, фурсат ва ҳам баррасиҳои тӯлониву зиёд лозим мешавад. Ҷениш Раззоқов гуфт, дар бораи иқдомҳои мақомоти Тоҷикистон хабар надорад, вале аз ҷониби Қирғизистон мақомот бо сокинони қаламравҳои марзӣ гуфтугӯву пурсишҳо анҷом медиҳанд ва суоли асосие, ки аз онҳо пурсида мешавад, ин аст, ки “оё онҳо барои табодули қаламрав розӣ ҳастанд?”
Ӯ гуфт, то ҳол ҳеч кас посухи якрангу қотеъ надодааст ва дар баробари мардуми розӣ ба табодул, норозиҳо ҳам ҳастанд. Раззоқов гуфт, таърихчаи баҳсҳои марзӣ нишон дод, ки табодули қаламравҳо танҳо роҳи муваффақи ҳал кардани ин масъала мешавад ва роҳҳали дигаре вуҷуд надорад.
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҷараёни музокираҳои марзӣ бо Қирғизистон бо матбуот зиёд суҳбат намекунанд, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии сохтори зери назараш сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов ба масоили марзӣ рӯ овардааст. Ба гуфтаи Неъматулло Мирсаидов, ки дар ин нишаст ширкат дошт, раиси полиси минтақа аз хабарнигорон даъват кардааст, ки ба марзу мушкилоти сокинони манотиқи марзӣ “на танҳо ба ҳангоми рух додани ҳодисаҳо” таваҷҷӯҳ кунанд, балки ҳамарӯза дар ин бора нависанд.