Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Тоҷикистону Қирғизистон барои иваз кардани ду нуқтаи марзӣ


Ҷаласаи Кумитаи равобити хориҷӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Қирғизистон. 21-уми январи соли 2020
Ҷаласаи Кумитаи равобити хориҷӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Қирғизистон. 21-уми январи соли 2020

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи иваз кардани ду минтақаи марзӣ ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон ва роҳбари ҳайати ин кишвар дар гуфтугӯҳои марзӣ, рӯзи 21-уми январ дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон хабар дод. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи ин тавофуқ то ҳол изҳори назар накардааст.

Раззоқов рӯзи сешанбе дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон гуфт: "Миёни ҳарду ҷониб дар масъалаи иваз кардани ду қитъаи марзӣ созиш шудааст. Инҳо минтақаи Арик-Асти дар қишлоқи Оқсойи Бодканд ва Самаркандак дар деҳаи Самарқандак мебошанд."

Раззоқов илова кард, ки вохӯрӣ бо намояндагони кории Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ дар Бишкек баргузор мегардад.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ боқӣ мондааст. Муайян набудани хати марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст, ки дар наздикии хатти марз зиндагӣ доранд.

Хабари табдили ду қитъаи марзӣ дар ҳоле баромад, ки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми январ дар Исфара ба созиш расиданд, то нақшаҳои табодули қитъаҳои баробар ва ҳамсанги қаламравҳоро дар байни ду давлат омода ва то 1-уми марти имсол ба якдигар пешниҳод кунанд. Дар ин бора низ ҳафтаи гузашта тарафи Қирғизистон хабар дода буд, аммо тарафи Тоҷикистон ба ҷуз аз як шарҳи умумӣ то ба ҳол натиҷаҳои гуфтушуниди 14-уми январ дар маҳаллаи Гулистони Исфараро ошкор накардааст.

Ҷониби Қирғизистон хабар дод, дар шаҳри Исфара ба мувофиқа расиданд, 114 километр марзеро, ки гурӯҳҳои топографии ду ҷониб муайян кардаанд, дар давоми ду моҳ баҳои ҳуқуқӣ дода, хатти марзро муайян кунанд.

Талошҳои зиёди барои гирифтани нуқтаи назари Тоҷикистон бенатиҷа буд. Рӯзи 21-уми январ ба Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ва роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар гуфтугӯҳои марзӣ ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи замин, ки узви комиссия ҳастанд тамос гирифтем. Аммо ҳеч яке аз онҳо ба зангҳои мо ҷавоб надоданд.

Коршиносон мегӯянд, иваз кардани қитъаҳои марзӣ яке аз роҳҳои ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст, аммо бояд назари мардум низ дар ин бора пурсида шавад.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ҳарду ҷониб наметавонанд мунтазир шаванд, ки кай муноқишаҳо ба охир мерасад. Ба ин хотир, Мирсаидов мегӯяд, ба хотири поён додан ба ин муноқишаҳо агар зарур аст бояд қитъаҳои марзӣ иваз карда шаванд.

“Вале ҳамон қитъаҳои замин аз рӯи адолат, аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тасдиқашро даврони Шӯравӣ ёфтаанд, мегузарад ё не? Мардум аз он розӣ мешаванд ё не? Манфиатҳои кишвар зарар мебинад ё не? Аъзои комиссия одамони салоҳиятдор ҳастанд, набояд ба хатоӣ роҳ диҳанд. Манфиатҳои мардум ва ризояти мардум бояд ба инобат гирифта шаванд,” -- таъкид кард таҳлигари тоҷик.

Бо ин ҳама ҷузъиёти пурраи гуфтушуниди ахири марзӣ миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маълум нест. Чун ҷонибҳо бар асоси як тавофуқ дар мавриди иҷрои корҳо дар тақсиму аломатгузории марз, пешакӣ ба Васоити ахбори омма иттилоъ намедиҳанд.

Корбарони азиз

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG