Наврӯз дар Ворух (ВИДЕО ва 18 АКС)

Наврӯз дар Ворух

Имрӯз дар ҷамоати Ворух, яке аз нуқтаҳои доғи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар як боғ Наврӯзро таҷлил карданд, вале бидуни ширкати меҳмонон аз кишвари ҳамсоя.
Имрӯз, 20 март беш аз 30 000 сокини Ворух аз Наврӯз ҷашн гирифтанд. Наврӯзи Ворух дар як боғ гузашт, вале меҳмононе, ки аз Қирғизистон даъват карданд, наомаданд.

Аммо барои фардо, 21 март ҷониби Қирғизистон ба навбати худ исфарагиҳоро барои ширкат дар таҷлили Наврӯз ба Бодканд даъват кардаанд. Ҳамин тавр, бодкандиҳо рӯзи 23 март барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба шаҳри Исфара даъват шудаанд. Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Бадриддин Шаропов ба Озодӣ гуфт, онҳо ният доранд, дар он рӯз рафта, меҳмонони қирғизро пазироӣ кунанд.

Нуралӣ

Як марди қирғиз бо номи Нуралӣ, ки дар канори роҳи Оқсой ҷӯй тоза мекард ва забони тоҷикиро ҳам хуб медонистааст, дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ изҳори умед кард, ки Наврӯз бо қадами муборакаш ба ин сарзамин дигарбора сулҳу осоиш биорад. Мақомоти Исфараву Бодканд мехоҳанд бо истифода аз фурсате, ки иди Наврӯз фароҳам меорад, барои ба ҳам овардани сокинони ду тарафи марз ва коштани тухми дӯстиву ҳамсоягӣ байни ин мардум талош кунанд.

Видео аз Наврӯзи Ворух дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб дар ин нишонӣ қобили тамошост:

https://www.youtube.com/watch?v=BMiHHVMHur4&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A




Аммо дар Исфара ба фарқ аз давраҳои оромӣ, қирғизҳо ҳамочунон ба назар намерасанд. Ҳамоно роҳҳо ба сӯи Қирғизистон баста аст. Вале як хабари хуб ин аст, ки пулису марзбонҳои тоҷику қирғиз ду - ду ё чор - чор нафар гашта, роҳҳои нақлиётии байни Исфараву Ворухро назорат мебаранд. Вазъ ба сурати умум оддӣ ба назар меояд ва деҳқонони тоҷику қирғиз дар зааминҳои канори роҳ дар ду тарафи марз машғули кишту коранд.

Қаблан хабар расид, ки мақомоти тоҷику қирғиз дар арафаи ҷашни Наврӯз посгоҳҳои муваққатиеро, ки дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой гузоштаанд, бардоштаанд. Аз мақомоти шаҳри Исфара рӯзи 20-уми март ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ин посгоҳҳои назоратӣ шаби сешанбе ба чаҳоршанбе аз ҳарду ҷониб бекор карда шуд ва вагонҳои посгоҳҳо аз марз бурда шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба ҷиддитарин таниш дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дучор шудаанд. Ин таниш аз як тирпаронӣ дар марзи байни Исфараву Бодканд дар моҳи январ оғоз мегирад.

Рӯзи 11 январ муноқишаи марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари оғози сохтмони роҳи Оқсой –Тамдиқ дар канори рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба тирпаронӣ печид, ки дар натиҷа ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Ин қазия ба ҷиддитарин мушкил дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гузошт. Қирғизистон ба дунбол марзҳояш бо Тоҷикистон баста, сафирашро аз Душанбе “барои машварат” фаро хонд. Урмат Саралаев дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт, вале марзи Қирғизистон то ҳол баста буда, бо вуҷуди чанд даври музокирот ҷонибҳо то ҳол як роҳи ҳалли собит барои рафъи мушкилот дар ин баҳсбарангезтарин минтақаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайдо накардаанд.

То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст.

Наврӯз дар Ворух