Одинабойӣ дар АКСҲО: Як ҳафта баъд аз селу ярчи пурдаҳшат

Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Одинабойии Шӯрообод чанд макони пешниҳодӣ дар ҳамин ноҳия ва дар Қумсангирро рад карда, мехоҳанд, то онҳоро ба ноҳияи Данғара бикӯчонанд.
Ба сокинони аз офатҳои табиии шаби 12 аб 13 апрел зарардидаи деҳаи Одинабойии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар ду мавзеъ - худи ноҳияи Шӯрообод ва дар ноҳияи Қумсангир – макони нав барои зист пешниҳод шудааст, вале худи онҳо мехоҳанд, барояшон дар ҷамоати Лолазори Данғара замин бидиҳанд.

Ин мардум ҳанӯз пас аз боришоти моҳи майи соли 2010, ки дар ҳудуди ин ҷамоат 5 кушта бар ҷой гузошт, дар як нома бо имзои 60 нафар ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошта буданд, то онҳоро ба ноҳияи Данғара бикӯчонанд. Ба он муроҷиат то ҳол посухе аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ нарасидааст, вале сокинони Одинабойӣ умедворанд, ки баъди офати ахир, ки шаби 12 ба 13 апрел дар ин русто 13 нафар, аз ҷумла 7 ноболиғро ба ҳалокат расонд, ҳукумати Тоҷикистон дар Данғара барои онҳо қитъаҳои замин ҷудо хоҳад кард.

Файзулло Алимадов, сокини деҳаи Одинабойӣ рӯзи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ду мавзее, ки барои онҳо пешниҳод шудааст, шароити хуб барои зиндагӣ надоранд. Ба ақидаи ӯ, барои онҳо ноҳияи Данғара хеле муносибтар аст: «Аксари халқ мехоҳад, ки ба ноҳияи Данғара кӯч банданд. Онҳое ки мехостанд дар ҷамоати Саричашма зиндагӣ кунанд, рафтанд, ҷои зист гирифтанд. Аммо ба мо дар фурудгоҳи кӯҳна ва ноҳияи Қумсангир макони иқомат пешниҳод кардаанд, ки дар он ҷойҳо об нест.»

Сокинон бо дар назардошти батадриҷ обёрӣ шудани ноҳияи Данғара зиндагӣ дар он ҷоро беҳтар аз маконҳои дигар медонанд.

Сокинони Одинабойӣ. Аз чап ба рост: Мирзомурод Ҳамрохонов, Исроил Исмоилов, Файзулло Алимадов, Талбак Тағоев, Хайрулло Бобомуродов.

Мирзомурод Ҳамрохонов, сокини дигари ин деҳа мегӯяд, онҳо умедворанд, ки президент ин бор ба арзашон расидагӣ хоҳад кард: «Ҳеҷ кас ба доди мо нарасид барои ба Данғара рафтан. Дар ҳоли ҳозир дар ҳамин ноҳияи Шӯрообод, дар худи ҷамоати Саричашма ду мавзеъ, дар ҷамоати Чагам як мавзеъ ва як мавзеъи дигар дар ноҳияи Қумсангир пешниҳод карданд. Мо мавзеъи Қумсангирро рафта дида омадем, фақат меҳнат кардан даркор. Чанд сол азоб мекашӣ, то обод шавад.»

Ҳоло сокинони зарардидаи деҳаи Одинабойӣ ва Пистамазор дар зери хаймаҳо дар варзишгоҳи мактаб-интернати ҷамоати Сарчашма ба сар мебаранд.

Бунафша Сафарова, яке аз онҳо аз вазъи бади зист дар зери хаймаҳо шикоят карда, гуфт: «Моро дар ҳамин хаймаҳо оварда монданд ва нигоҳубинамон намекунанд. Ҳатто ҳар рӯз пешамон мекунанд, дигар намедонем ба куҷо муроҷиат кунем ва намедонем, ба куҷо равем? Дар баробари ин дар хонаи селомадаам, ҳамроҳи духтарам, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, боз ду фарзандаш низ зиндагӣ мекунанд.»

Қурбон Носиров.

Қурбон Носиров, яке аз нафаронест, ки дар офати ахир талафоти аз ҳама сангинтаринро дидааст. бештарин талафотро дидааст. Ин мард, пас аз бозгашт аз шаҳри Душанбе 6 узви хонаводаашро кушта дарёфт. Ӯ ҳоло дар беморхонаи ҷамоати Сарчашма ҳамроҳи наберааш бистарист.

Қурбон Носиров мегӯяд, барояш аз даст додани 6 узви хонавода хеле сангин буд: «Вақте ки аз шаҳри Душанбе омадам, дар назди хонаи ҳамсоя ҳама ҷамъ шуда буданд. Гуфтам, дар инҷо чӣ гап аст, онҳо маро ба хона даромаданӣ намонданд, аммо баъдан дидам, ки даруни хона ҷасадҳо гузошта шудааст, дигар асли воқеаро ҳеҷ нафаҳмидам ва маро гирифта, ба беморхона оварда, бистарӣ карданд.»

Таронаи Сафаралӣ.

Таронаи Сафаралӣ, набераи 4-солаи бобои Қурбон аст, ки дар ин фоҷиа модар ва 4 пайванди дигари худро аз даст додааст. Лола Орзӯева - модари Тарона шаби фоҷиаи одинабойӣ дар дохили хона ҳамроҳи 13 нафари дигар, аз ҷумла 4 аҳли хонаводаи худ аз лағжиши кӯҳпора ба ҳалокат расид, аммо бо хости тақдирсоз Тарона аз марг наҷот ёфт.

Ҷамоати Саричашма дар ду соҳили як рӯдхонаи кӯчак ҷойгир шудааст. Ҳарчанд ба ин рӯдхона оби кам ҷорӣ мешавад, аммо дар фасли баҳор ва мавсими боришот он аксаран боиси обхезӣ ва осеб дидани мардум мегардад.

Шаби 12 ба 13 апрел дар пайи як сели шадид як пораи кӯҳ болои чанд манзил дар Одинабойӣ фурӯ рехт. Дар натиҷа 13 нафар, бо шумули 7 кӯдак аз 3 хонавода кушта шуданд. Иттифоқан 8 нафар аз қурбониҳо аз ду хонаводае буданд, ки аз сел ба ин манзил паноҳ оварда буданд, вале тавре мардум мегӯянд, “аз аҷал гурехта намешавад.”

Шӯрообод. Баъд аз фоҷиаи шаби 12 апрел