Ҷалолиддин Маҳмудов, узви собиқи раёсати олии ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва намояндаи пешини ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, аз зиндон озод шудааст.
Сайфиддин Ҷалолиддинзода, писари Ҷалолиддин Маҳмудов, 5-уми апрел дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ҳисор ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, падараш дирӯз, пас аз адои муҳлати ҷазо, озод шуд. "Дидем, сиҳату саломатанд. Ҳозир дар хонаамон дар шаҳри Душанбе ҳастанд", - афзуд ӯ.
Маҳмудови 64-сола моҳи июли соли 2015 бо ҷурми "ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ" ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ давраи ҷазоро дар зиндони рақами чаҳори Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи "Советский-1", паси сар кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷалолиддин Маҳмудов ба 5 соли зиндон маҳкум шудАммо мақомоти маҳбаси рақами 4-и шаҳри Душанбе дар ин бора ҳеҷ иттилоъ надоданд. Феълан худи Ҷалолиддин Маҳмудов барои тасдиқи хабар дастрас нест.
Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 10-уми феврали соли 2015 аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир шуд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҲНИТ узви Кумиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъйин шуда буд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ки он замон фаъолияти расмӣ дошт ва мисли ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекард, боздошти Ҷалолиддин Маҳмудовро “аз қабл тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист. Ин ҳизб аз мақомот хоста буд, то "масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ӯро ҳарчи зуд аз боздошт раҳо намоянд."
Як рӯз баъди боздошти Маҳмудов шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон дар гузорише гуфт, ки "Ҷалолиддин Маҳмудов соли 1996 - 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.”
Дар ҲНИТ он замон гуфтанд, ки қазияи пайдо шудани силоҳ барои мақомот ҳанӯз соли 2013 маълум буд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, он вақт дар шарҳи боздошти Маҳмудов гуфта буд, "туфангча ҳангоме ки Ҷалолиддин Маҳмудов муовини ҳамраиси Комиссияи оташбас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон буд, ба ӯ дода шудааст."
Худи Маҳмудов дар сухани охирини худ дар додгоҳ гуфт: "Албатта, худро гунаҳкор медонам, аммо хоҳиш дорам, ки синну сол, доштани як фарзанди ноболиғ ва заҳмату хизматҳоям барои халқу миллат дар барқарории сулҳу салоҳро ба назар гиред ва як ҳукми одилонаро нисбатам сазовор донед."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боздошт ва маҳкумияти Ҷалолиддин Маҳмудов дар миёнаҳои соли 2015 нигаронии бисёре аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбиро ба бор овард. Департаменти давлатии Амрико соли 2016 дар гузориши ҳуқуқи башари худ ҳукми Маҳмудовро "дорои ангезаҳои сиёсӣ" номид.
Соли 2015 интихоботи баҳсбарангези порлумонӣ баргузор шуд, ки ба он ҳеҷ як узви ҳизби оппозитсионии наҳзати исломӣ роҳ наёфт. Сентябри он сол дар паи он чи ки мақомот "як кудатои нофарҷом" меноманд, ҳизби наҳзати исломӣ бо иттиҳоми ин ки гӯё дар ташкили он даст дорад, "мамнӯъ" ва "террористӣ" эълон шуд, вале ин ҳизб ва раҳбарияташ ҳамеша ин иттиҳомотро рад кардаанд.
То ҳол ҳеҷ кишвари ғарбӣ ҲНИТ-ро ба унвони "як ташаккули экстремистӣ" эътироф накардааст. Вале мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, айбномаи зидди ҲНИТ бар пояи далелҳои муайян ва зимни тафтишот фароҳам шудааст.
Баъди ҳаводиси сентябри соли 2015 аъзои раёсати ҳизб ва даҳҳо узви он ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Ду нафари онҳо ҳукми абад гирифтанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Human Rights Watch мегӯянд, "баъди ҳаводиси солҳои 2015 беш аз сад нафар бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шуданд".