Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалолиддин Маҳмудов ба 5 соли зиндон маҳкум шуд


Ҷ.Маҳмудов дар сухани охирини додгоҳ гуфт, ба адолати судӣ бовар дорад, вале умедвор аст, ки ҳукми одилона содир мешавад
Ҷ.Маҳмудов дар сухани охирини додгоҳ гуфт, ба адолати судӣ бовар дорад, вале умедвор аст, ки ҳукми одилона содир мешавад

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор Ҷалолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар КМИРТ-ро ба 5 соли зиндон, маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор рӯзи душанбеи 20 июл узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудовро бар асоси модаи 195, қисми 2, бандҳои “б” ва “в”, яъне ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ ба 5 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш пурзӯр маҳкум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Ҷалолиддини Маҳмудов 6 солу шаш моҳи зиндонро талаб карда буд.

Ҳамчунин додгоҳ Истам Саъдуллоев ва Обид Назриевро бо моддаи 347, қисми 1, яъне хабар надодан ба мақомот, ба пардохти ҷарима ҳар кадоме ба 100 нишондод, яъне 4 ҳазор сомонӣ, ҳукм кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд соат қабл аз содир шудан ҳукми додгоҳ, Ҷалолиддини Маҳмудов зимни ироаи сухани охирини худ хитоб ба додрас гуфт, ки ”аз шумо хоҳиш дорам, ки синну солам, як фарзанди ноболиғам ва хизматҳоям ба халқу миллатамро ба назар гирифта ва нисбатам ҳукми одилона содир кунед”. Ҷаноби Маҳмудов дар идомаи хитобаш ба додрас афзуд, ки “ҳар чӣ шумо содир кунед, ман розиям ва ба адолати додгоҳӣ бовар дорам.”

Ҳамзамон Ҷалолиддин Маҳмудов дар идомаи суханаш гуфт, ки “албатта худро гунаҳкор медонам, аммо хоҳиш дорам, ки сину сол, доштани як фарзанди ноболиғ ва заҳмату хизматҳоям барои халқу миллат барои барқарории сулҳу салоҳро, ки банда ба унвони ҳамраиси Кумиссиюни оташбас дар даврони ҷанги дохилӣ фаъолият кардам, ба назар гиред ва як ҳукми одилонаро нисбатам сазовор донед.”

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудов, “шоҳидоне, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ шоҳидӣ доданд, аз хизмату фидокориҳоям барои халқу миллатам ҳарф заданд ва қасди ман ҳам хизмат кардан ба миллату давлат аст.”

Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуда буд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки ҷаноби Маҳмудов бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҲНИТ узви Кумиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъин шуда буд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз ин боздошт бо баргузории нишасти Шӯрои сиёсияш боздошти Ҷалолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд)-ро дар остонаи интихоботи парлумонии 1 март аз қабл "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва аз мақомот хост, то "масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар аз боздошт раҳо намоянд."

Дар ҲНИТ таъкид мекунанд, ки қазияи пайдо шудани силоҳ барои мақомот ҳанӯз соли 2013 маълум буд. Дар изҳороти ҲНИТ аз ҷумла омада буд, ки ​"Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад."

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон зӯҳри 11 феврал гузориши расмӣ дар бораи боздошти Ҷалолиддин Маҳмудовро нашр кард. Дар ин гузориши муфассали 6-дақиқаӣ аз ҷумла гуфта мешуд, ки “тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷалолиддин Маҳмудов соли 1996 - 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.”

Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар шарҳи боздошти Ҷалолиддини Маҳмудов, узви Раёсати олии ҳизбаш он вақт гуфта буд, ки “воқеан, як туфангча мутааллиқ ба ӯст, вале аз силоҳҳои боқимонда чизе намедонам.” Ҷаноби Кабирӣ гуфта буд, ин туфангча ҳангоме ки Ҷалолиддини Маҳмуд муовини ҳамраиси Кумиссиюни оташбас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон буд, ба ӯ дода шудааст.

Ҷалолиддин Маҳмудов ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

XS
SM
MD
LG