Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи 5 март ҳисобҳои бонкии 18 шаҳрванди Украинаро, ки дар истифодаи маблағҳои давлати Украина даст доштаанд, мунҷамид кардааст.
Рӯйхати 18 шаҳрванди Украина, ки бо гумони даст доштан дар тасарруфи пулҳои давлат ҳисобҳояшон дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо барои 12 моҳи оянда мунҷамид мешаванд, рӯзи панҷшанбе нашр хоҳад шуд. Брюссел ҳанӯз номи афроди таҳримшударо таъйид накардааст, вале манобеъи Озодӣ дар Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, дар байни ин 18 нафар раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Януукович ва ёрони наздики ӯ ҳастанд. Аммо таҳримоти имрӯз ҷорӣ шуда манъи ироаи раводиди сафар ба ин 18 нафарро дар бар намегирад.
Хабари дигари марбут ба Украина изҳороти сарвазири муваққаташ Арсений Ятсенюк аст, ки рӯзи 5 март гуфт, нимҷазираи Қрим бояд дар ҳайъати Украина бимонад, вале бо ироаи салоҳиятҳои бештар ба мақомоти ин минтақа.
Аврупо ба Украина 11 миллиард евро медиҳад
Кумиссиюни Аврупо рӯзи 5 март тарҳи барномаи 11-миллиардевроии кӯмакҳои иқтисодӣ ба Украинаро муаррифӣ кард. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5 март бастаи кӯмакҳои иқтисодӣ ба Украина ба маблағи 11 миллиард евро, муодили беш аз 15 миллиард долларро муаррифӣ кард. Ин барнома барои чанд соли наздик дар назар дошта шудааст.
Раҳбари Кумиссиюни Аврупо Жозе Баррозо гуфт, ин 11 миллиард аз ҳисоби буҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва ниҳодҳои молии вобаста ба ин созмон ба хотири кӯмак ба раванди ислоҳот дар Украина расонда хоҳад шуд. Баррозо гуфт, 1,6 миллиард евро барои қарзҳои хурд, 1,4 миллиард евро ба ҳайси кӯмакҳои билоиваз ва 3 миллиарди дигар аз сӯи Бонки сармоягузории Аврупо тибқи як барномаи сесола барои солҳои 2014-2016 ироа хоҳад шуд. Ба гуфтаи раиси Кумиссиюни Аврупо, "қарор аст, 5 миллиард еврои дигар барои кӯмак ба раванди ислоҳот дар Украинаро Бонки аврупоии бозсохт ва рушд баъди машварат бо саҳомдорони асосиаш ҷудо кунад."
Музокироти Керрӣ ва Лавров дар Порис
Хабари дигари марбут ба Украина мегӯяд, вазирони хориҷаи Амрикову Русия Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров рӯзи 5 март дар Порис роҳҳои ҳалли буҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд. Лавров, ки қабл аз ин музокирот дар Мадрид сӯҳбат мекард, масъулияти ин буҳронро ба дӯши Ғарб бор кард, ки ба гуфтаи ӯ, дар Украина аз эътирозгароне, ки даст ба "хушунатҳои ваҳшиёна" мезананд, пуштибонӣ мекунад. Лавров гуфт, Маскав наметавонад ба афроди мусаллаҳ дар Қрим фармони бозгашт ба пойгоҳҳояшонро диҳад, чунки онҳо "нирӯҳои худдифоъ" ("самооборона") мебошанд, на нирӯҳои доимии артиши Русия.
Лавров ҳамчунин гуфт, салоҳияти даъвати нозирони байналмилалӣ ба Қрим дар дасти мақомоти ин нимҷазира ва давлати Украина аст.
Ва аммо вазири муваққати хориҷаи Украина Андрий Дешнитса гуфтааст, Киев хостори ҳалли сулҳомези буҳрон аст. Дешнитса, ки дар Порис баъди музокира бо ҳамтои фаронсавиаш Лоран Фабиус сӯҳбат мекард, гуфт, Украина хостори "равобити ҳамсоягӣ" бо Русия мебошад. Лоран Фабиус, ки қабл аз мулоқоти Керрӣ ва Лавров бо радиои Фаронса сӯҳбат мекард, гуфт, агар Русия танишҳои кунуниро рафъ накунад, ба хатари таҳримот рӯбарӯ хоҳад шуд: "Агар таниш рафъ нашавад, фардо таҳримот ҷорӣ хоҳад шуд - дар масъалаи виза, музокироти иқтисодии мавҷуда, ё дар мавриди ҳисобҳои бонкии шумори муайяне аз олигархҳо."
Нирӯҳои Русия дар Қрим ду баталйони Украинаро забт кардаанд
Дар ҳамин ҳол, хабарҳои расида аз Қрим мегӯянд, нирӯҳои Русия бахше аз шабакаи низоми зиддимушакии Украина дар ин нимҷазираро забт кардаанд. Интерфакс аз тасарруфи ду баталйони дифоъи зиддимушакии артиши Украина хабар медиҳад. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли сухангӯи вазорати дифои Украина гуфт, бо ин ҳол, нуқтаи фармондеҳӣ ва маркази назорати пойгоҳи Евпатория таҳти назорати артиши Украина боқӣ мемонанд.
Ҳамзамон, бино ба гузоришҳои расида, пулиси Украина бинои ҳукумати вилояти Донетскро, ки эътирозгарони тарафдори Русия ишғол кардаанд, тарк мекунад. Бар боми ин бино дигарбора парчами Русияро афрохтаанд.
Русия баъди барканории раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Януукович дар таърихи 22 феврал бо баҳонаи ҳимоят аз шаҳрвандонаш дар Украина ҳарчӣ фаъолтару ошкортар вориди қазия мешавад.
Рӯзи 1 март Шӯрои федеросиюни парлумони Русия ба раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин иҷозат дод, ки ба Украина нирӯ ворид кунад.
Путин рӯзи 4 март дар як нишасти хабарӣ гуфт, нирӯҳои Русия дар сурати зарурат истифода хоҳад шуд