Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиат ба Э. Раҳмон: "Моро аз Харков берун оред"


Дар номае ба Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ шаҳрванди Тоҷикистон Т. Дӯстов муроҷиати даҳҳо нафар аз тоҷикони муқими шаҳри Харковро расондааст.

Дар ин нома гуфта мешавад, вазъият дар шаҳри Харкови Украина соат ба соат бадтар мешавад ва зиёда аз 4-5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аксарият бо аҳли оила дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Шаҳрванди Тоҷикистон Т. Дӯстов менависад, ҳамаи роҳҳои хуруҷ аз ин шаҳр баста буда, муҳоҷирон ва донишҷӯён рӯ ба раҳми Худо мондаанд. Ин дар ҳолест, ки сар аз 1-уми март дар Харков байни тазоҳуркунандагони тарафдори Русия ва полиси Украин даргириҳо ба миён омада, даҳҳо тан захмӣ шудаанд.

Матни номаи расида аз Харков аз ин қарор аст: "Салому алейкум. Мо тоҷикони Тоҷикистон талаб дорем аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Харьков вазъият бисёр нохуб аст. Зиёда аз 4000-5000 ҳазор оилавӣ ва студентҳо зиндагӣ дорем. Агар имкон бошад (срочна) самалёт рейсови кушоянд. Рохҳои мо баста ҳастанд.Военное положение ҷорӣ шудааст."

Аммо эҳтимол меравад, арқоме, ки муаллифи нома зикр кардааст, воқеият надошта бошад, зеро қаблан сафорати Тоҷикистон, дар Украина гуфта буд, дар маҷмӯъ тақрибан 5 000 шаҳрвандони собиқ ва феълии Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар ин кишвар 490 донишҷӯи тоҷик низ таҳсил доранд ва 43 нафари онҳо муҳассили донишгоҳҳои шаҳри Киев будаанд. Бахши аъзами донишҷӯёни тоҷик – 150 нафар - дар се донишгоҳи шаҳри Харков - Донишгоҳи тиббӣ, Академияи нақлиёти роҳи оҳан ва Донишкадаи политехникӣ таҳсил мекунанд. Дар макотиби олии шаҳрҳои Днепропетровск, Одесса, Донетск, Тернопол ва Кировоград ҳам донишҷӯёни тоҷик зиёд будаанд.

Аз сӯи дигар шаҳрвандони Тоҷикистон на ҳамеша ҳангоми муҳоҷират ба ин ё он кишвар худро дар сафорати Тоҷикистон номнавис мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари донишҷӯёни тоҷик таҳсилро дар донишгоҳҳои Киев, Харков ва Донетск идома медиҳанд ва хабари хуруҷи онҳо аз Украина дуруст нест. Аз ин пеш як манбаи Радиои Озодӣ дар шаҳри Киев хабар дод, ки рӯзҳои охир даҳҳо донишҷӯёни тоҷик ба далели идомаи ноамнӣ дар Украина ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Як масъули сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Киев низ дар сӯҳбат бо мо хабари хурӯҷи донишҷӯёнро рад кард ва аммо гуфт, “агар баъзеҳо бидуни машварат бо сафорат ба Тоҷикистон баргашта бошанд ҳам аҷаб нест ва ин тасмими шахсии онҳост.” Мусоҳиби мо афзуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста бо сафорат тамос мегиранд ва дар мавриди Украинаро тарк кардан ё накарданашон машварат мепурсанд.

“Мо ба онҳо тавсия медиҳем, ки дар ин бора бо раҳбарони донишгоҳҳо сӯҳбат кунанд ва агар ба Тоҷикистон рафтанӣ бошанд, ҳатман иҷоза бигиранд, то ҳангоми бозгашт барояшон дарди сар эҷод нашавад,” - гуфт ӯ. Ба гуфтаи корманди сафорат, онҳо бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои Харков ва Донетск ҳам пайваста дар тамосанд.

Мусоҳиби мо афзуд, ки вазъ дар шаҳри Киев ором аст, дари ягон донишгоҳ баста нашудааст. Ӯ хабари дар хиёбонҳои пойтахти Украина пайдо шудани афроди ифротӣ ва миллатгароро ҳам рад кард ва изҳор намуд, “агар хатаре барои ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон пеш ояд, онҳо дар зудтарин фурсат ба ватан баргардонида мешаванд.”

Ҳоло бояд дид, сафорат ба дархости шаҳрвандони Тоҷикистон дар Харков чӣ вокуниш нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG