Google чӣ "гуноҳ" кард? Youtube-ро чӣ шуд?

Созмони Гузоришгарони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки сабаби баста шудани торнамоҳои Google ва Youtube-ро шарҳ бидиҳад. Инҷониб ҳамчунон исрор меварзад, ки ин як мушкили фаннист, ки қарор аст, рафъ шавад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки кай?
Созмони Гузоришгарони бидуни марз мақараш дар Порис, аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар мавриди масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои Ютюб ва торнамои ҷустуҷӯгари Гугл тавзеҳот бидиҳанд.

Дар изҳороти Созмони гузоришгарони бидуни марз, ки рӯзи 13 июн ба нашр расид, омадааст, ки маҳрум кардани шаҳрвандони кишвар аз дастрасӣ ба иттилоот, нақзи ҳуқуқи онҳо барои дарёфти ахбор ва маълумот мебошад.

Ҷон Бир, раҳбари созмони Гузоришгарони бидуни марз дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна гуфтааст, ки посухи ахири мақомоти тоҷик дар мавриди баста шудани торнамоҳо қонеъкунанда нест: "Онҳо масъул ҳастанд, ки дастарасии ҳамешагӣ ба интернет дар Тоҷикистонро барои мардум замонат бидиҳанд."

Оқои Бир ҳамчунин гуфтааст: "Мо аз раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур, мехоҳем дар бораи ин масъала шарҳ бидиҳад ва торнамоҳои басташударо бидуни таъхир боз кунад. Давлат бояд аз ҳар гуна фишор бар фароҳамгарони интернет худдорӣ кунад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Google чӣ "гуноҳ" кард? Youtube-ро чӣ шуд?



Корбарони интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, аз як ҳафта ба ин тараф наметавонанд аз тариқи ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, аз ҷумла аз тариқи “Вавилон”, “Сатурн”, Tcell, “Мегафон” ва “Билайн” вориди Youtube шаванд. Ширкатҳои провайдерӣ аз шарҳи сабабҳои баста шудани Youtube худдорӣ мекунанд. Бархе манобеъ дар ин ширкатҳо чун дар мавридҳои қаблии баста шудани Youtube ишора ба сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон мекунанд.
Аммо мақомоти Хадамоти алоқа, ки назорати бозори телефону Интернети Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, мегӯянд, баста шудани сомонаи Youtube дар Тоҷикистон рабте ба онҳо надорад ва ин идора ба ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ҳам дастуре дар ин бора надодааст. Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Хадамоти алоқа ба масдуд шудани ин шабакаҳо ҳеҷ иртибот надорад. Вале ӯ аз додани шарҳи бештар дар ин маврид худдорӣ варзид: "Фардо ки рӯзи корӣ аст, дар бора метавонам шарҳи бештар бидиҳам."

Дар ҳамин ҳол, баҳонаи ширкатҳои интернетрасон дар мавриди масдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Youtube, ҷустуҷӯгари Google ва оҷонсии хабарии Tojnews ҳамоно мисли пештара аст. Барои мисол, Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати «Вавилон-Т» сабаби маҳдуд будани дастрасӣ ба ин сомонаҳоро чунин шаҳр дод: "Ин торнамоҳо ба иллати фаннӣ то ба ҳол дастнорасанд. Аммо фикр мекунам, бояд ин иллат бартараф шуда бошад."

Дар ширкатҳои дигари интернетрасон ба суолҳои мо посух надоданд. Танҳо дар яке аз ин ширкатҳо як манбаъ бидуни бурдани номаш гуфт, ин дафъа бо дастури шифоҳии Хадмоти алоқа дастрасӣ ба ин торнамоҳо масдуд шудааст. Ин ҳамсуҳбати мо дар посух ба ин суол ки чаро ширкатҳои интернетрасон ба ин дастури шофоҳии Хадамоти алоқа бечунучаро итоот мекунанд ва бо ин амалашон ҳуқуқи муштариён дар мавриди дастрасӣ ба иттилоъро нақз мекунанд?, гуфт, дар сурати иҷро накардни ин дастур Хадамоти алоқа метавонад бо истифода аз фишангҳои худ ба ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет фишор орад ва ё умуман муҷавизи фаъолияти онҳоро пас бихонад.

Парвина Ибодова

Аммо бо ин ки тӯли 6 рӯзи ахир дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Youtube, ҷустуҷӯгари Google ва оҷонсии хабарии Tojnews дар Тоҷикистон масдуд аст, Парвина Ибодова, намояндаи Анҷумани ширкатҳои дастраскунундаи интернет мегӯяд, ин ниҳод аз Хадамоти алоқа ягон мактуби расмӣ дар мавриди баста шудани ин шабакаҳо дарёфт накардааст: «Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки онҳо дар ин бора ягон ҳуҷҷат содир накардаанд ва асли мушкил фаннӣ аст. Мо низ аз ин хадамот ягон мактуб ва ё ҳуҷҷати расмие нагирифтаем.»

Ба дунболи масдуд шудани ин торнамо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, то дастрасӣ ба сомонаи пуртамошобини Youtube-ро, ки аз 9 июн дастнорас шудааст, барқарор кунад. Дуня Миятович, масъули умури озодии матбуот дар ин созмон рӯзи 11-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд дастрасии бемамониат ба иттилоот дар Интернету дигар расонаҳоро фароҳам кунад.”

Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Youtube дар Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 9 июн ба маҳдудият рӯбарӯ шудааст. Дар ҳоле ки «бастан»-и Youtube-ро дар соли гузашта ба рӯ задани навори арӯсии писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин шабака ва дар соли 2012 ба амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон бастагӣ медоданд, ин бор рӯшан нест, чӣ навори мушаххасе сабаб шудааст, ки мухлисони шабака аз истифодаи он маҳрум гарданд ва дар ин миён Google ва Tojnews чӣ "гуноҳ" карданд, ки низ ба ин хайл пайвастанд?