"Озодии матбуот дар Тоҷикистон дар ҳолати рукуди хатарнок"

Муаллифони гузориш менависанд, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризм, ҳукумат мухолифони сиёсиро аз байн бурд ва ҳоло фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш медиҳад.

Созмони "Гузоришгарони бидуни марз", қароргоҳаш дар Порис, дар арзёбии наваш аз озодии матбуот дар ҷаҳон дар соли 2016, вазъи матбуоти Тоҷикистонро "дар ҳолати як рукуди хатарнок" тасвир кардааст.

Шохиси озодии матбуот рӯзи 20 апрел нашр шуд ва ин гузориш аз “коҳиши амиқ ва ташвишовари” озодии иттилоъ дар бисёр гӯшаҳои дигари ҷаҳон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба эътимоди ин созмон, матбуоти мустақил, инчунин, таҳти хатари афзояндаи “идеологияҳои мазҳабӣ” ва ҳам “мошини азими пропаганда” қарор гирифтааст.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, “тамоюлҳо ба самти худкомагӣ оштии милии шиканандаро, ки дар хокистари ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бунёд шудааст, таҳдид мекунад”. ​Муаллифони гузориш менависанд, бо баҳонаи мубориза бо терроризм, ҳукумат мухолифони сиёсиро аз байн бурд ва ҳоло фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш медиҳад.

Бозпурсиҳои мақомоти интизомӣ, таҳдид ва тарс додани журналистони мустақил ба як бахши кори рӯзмарраи журналистон дар Тоҷикистон табдил шудааст. Истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ як кори маъмулӣ шуда, масдудкунии вебсайтҳои хабарӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ як кори ҳамешагӣ шудааст. Тоҷикистон дар муқоиса бо соле аз ин пеш, 34 зина поин рафта, дар мақоми 150-ум қарор гирифтааст.

Дар баробари Тоҷикистон, инчунин дар Туркия, Лаҳистон ва Миср ҳам ҳукуматҳо болои матбуоти озод маҳдудияти бештар ҷорӣ мекунанд.

Айни замон, чанд кишвар, назири Финляндия, Ҳолланд, Норвегия, Дания ва Зеландияи Нав дар миёни давлатҳое ном бурда мешаванд, ки шароити кори матбуот дар ин давлатро беолоиш будааст ва дар муқобил, дар миёни кишварҳои бадтарин аз назари озодии матбуот Чин, Сурия, Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея қарор гирифтаанд.

Дар шохиси озодии матбуот ИМА аз мақоми 49-м ба 41-ум баланд шуда, Русия аз ҷои 148-ум ба 152-юм фаромадааст.

Дар миёни солҳои 2013 то 2016 ҳукуматҳо 16 дарсад бештар ба ин ҳолатҳо амалан ба кори расонаҳои хабарӣ муқовимат нишон дода, аз масдудкунии Интернет, харобкунии васоили фаннӣ ва чопхонаҳои матбуот кор гирифтаанд. Дар миёни дигар фишорҳои афзуда қабули қонунҳои баҳсбарангези мисли “муҷозот барои таҳқири президент” ва ё “пуштибонӣ аз терроризм” зикр шудаанд, ки ба таври мустақим ба кори матбуот таъсиргузор шудааст. Дар натиҷа, тамоюли афзояндаи худсонсурии матбуот, ки бисёр расонаҳо аз он кор гирифтаанд, ба қавли Гузоришгарони бидуни марз, ба як падидаи ташвишовар табдил шудааст.

Дар таҳияи гузориши мазкур, дар баробари масъулони худи ин созмони байналмилалӣ, инчунин кормандони матбуот, журналистону ҳуқуқшиносон, ҷомеашиносон ва ҳам фаъолони озодии баён иштирок карда, вазъи матбуоти кишварҳои худро аз назари гуногунандешӣ, истиқлолияти матбуотӣ, муҳит ва худсонсурӣ, шароити ҳуқуқии кор, шаффофият ва ҳам озору азият баҳогузорӣ кардаанд.