Масҷид, калисо, каниса ва ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки дар бораи даромад ва молу мулку пулҳои кормандонашон ба мақомот гузориш бидиҳанд.
Гузориш додан аз дороиҳои масҷиду калисоҳо бар пояи банди нави қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон” ҳатмӣ шуд. Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба ин қонун як зумра тағйиру иловаҳои нав ворид шуд ва бо нашри матни он дар матбуоти расмӣ аз 22-уми январ, ба ҳукми иҷро даромад.
Бале, калисо як миқдор шамъ ва дигар ашёҳои диниро мефурӯшад ва пули ба дастомадаро барои нигоҳубини бино, пардохти пули барқу об ва андоз сарф мекунад. Вагарна аз кадом ҳисоб мо бояд фаъолият кунем?
Тағйирот аз ҷумла ба модаи 19-уми ин қонун ворид шудааст, ки дар он масҷидҳо муваззаф шудаанд “...дар бораи сарчашмаҳои даромад, номгӯи молу мулк, хароҷоти маблағҳо ва молу мулки дигар, ҳайати кормандон ва пардохти музди меҳнати онҳо, маблағи андозҳои супоридашуда ва иттилооти дигари зарурӣ”, ба мақомот маълумот бидиҳанд.
Гузориш бояд дар давоми сол омода шавад
Ҳусейн Шокиров, раҳбари раёсати Иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 22-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муқаррароти мазкур на танҳо ба масҷидҳо, балки ба тамоми иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла калисову каниса ва ибодатгоҳҳои пайравони дигар динҳо низ дахл дорад. Вай гуфт:
“Ҳайати муассисони иттиҳодияи динӣ, ки дар масҷидҳо имомхатибон ба шумор мераванд, бояд дар давоми як сол дар бораи номгӯи молу мулк, даромади маблағ, куҷо харҷ шудани он, шумораи кормандони масҷид ва маоши онҳо ба мақомот оид ба корҳои дин гузориш бидиҳанд. Дар ин гузориш, барои мисол, бояд гуфта шавад, ки ба масҷид чӣ миқдор маблағ ворид шуд, ин маблағҳо ба куҷо сарф шуд, кадом корҳои хайрия анҷом дода шуданд”.
Шокиров афзуд, тибқи талаботи қонун дар Тоҷикистон ҳайати муассисони иттиҳодияҳои динӣ бояд на камтар аз 10 нафар бошанд. Аммо кормандони ҳарбӣ, аъзоёни ягон ҳизби сиёсӣ ва ё корманди мақомот узви ҳайати муассисони иттиҳодияи динӣ буда наметавонанд. “Ин талабот ба он хотир аст, ки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо сӯиистифода аз минбари масҷид фаъолияти худро таблиғ накунанд”, - иброз дошт Шокиров.
Рӯҳониён: Ҳар чизе фармоянд, қабул аст
Рӯзи 22 январ имомхатибони чанде аз масҷидҳо ва руҳониён, ки хабарнигори Радиои Озодӣ онро ба сӯҳбат даъват кард, аз шарҳи мавзӯи ҳисобу китоб шудани даромади онҳо худдорӣ карданд. Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ хеле мухтасар гуфт, “ҳар чизе ки мақомоти дин фармоянд, онро иҷро хоҳанд кард”.
Даромади масҷид -- ибодатгоҳи пайравони дини Ислом, ҳамчунин даромади муассисаҳои динии дигари мисли калисо ва каниса аз ҳисоби маблағҳои хайрияи ибодаткунандагон аст. Ҳамчунон дар ҷомеаи умдатан суннатии Тоҷикистон имом ва имомхатибони масҷидҳо дар маросими азо, таваллуди фарзанд ва никоҳ низ ширкат варзида расму оинҳои диниро иҷро мекунанд. Ба хотири иштирок дар чунин марсоим эътиқодмандон ба онҳо як миқдор маблағ низ медиҳанд.
Даромади мулло аз куҷост?
То соли 2010-уми имомҳои масоҷиди шаҳру деҳот ба ҷавонони хоҳишманд, ҳамчунон асосҳои дин ва шариатро низ таълим медоданд ва аз ин ҳисоб низ як миқдор маош ба даст меоварданд. Қисмате аз мардум ҳамчунон барои шифо ёфтани наздиконашон аз бархе бемориҳо, мисли тарс ё амрози руҳӣ низ барои дуохонӣ ба руҳониён муроҷиат мекарданд. Корафтодагон бар ивази дуохонӣ аксаран довталабона ба руҳониён низ маблағ медоданд. Аммо аз соли 2010 ба ин сӯ ҳукумати Тоҷикистон таълими диниро берун аз мактабҳои динии расман сабтиномшуда мамнуъ кард ва руҳониён аз ин қисмати даромадашон маҳрум шуданд.
Баъдан соли 2014-2015 мақомоти қудратӣ бо нашри як зумра наворҳои беобрукунадаи дастдарозии “муллоҳои дуохон”-ро ба занони корафтодаро аз тариқи телевизион фош карда, чандин нафарро пушти панҷара нишонданд. Баъд аз ин шумори муллоҳои дуохон ва ҳам муштариёни онҳо хеле коҳиш ёфт ва дар натиҷа рӯҳониён аз ин манбаи даромад ҳам маҳрум шуданд.
Айни замон, ҳукумат аз моҳи феврали соли 2014 ба имомхатибони масҷидҳои расман сабтиномшуда аз ҳисоби будҷаи кишвар маош таъин кард. Он сол бо судури як қарор ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода маоши баробар ба 2000 сомонӣ ва ба сархатибони масҷидҳои ҷомеъ 1500 ва ба имомхатибони масҷидҳои панҷвақта 800 сомонӣ маош муқаррар шуд.
Ин тасмими ҳукумат он замон ба мухолифати бархе аз ақшори ҷомеа рӯбарӯ шуд, ки мегуфтанд, Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва умури дин аз давлат ҷудо эътироф шудааст. Мунаққидон мегуфтанд, ки таъини маош аз ҳисоби давлат назорат бар умури динро ҳам бештар мекунад.
Калисо аз кадом ҳисоб бояд фаъолият кунад?
Даромади калисо - ибодатгоҳи пайравони масеҳият каме аз масҷид фарқ мекунад, аммо масъулони калисои провославӣ дар Душанбе мегӯянд, онҳо як созмони ҷамъиятӣ ҳастанд ва намефаҳманд, чаро мақомот аз онҳо дар бораи молиёт маълумот мепурсанд.
Владимир Мухин, як масъули колисои провославии русӣ дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита рӯзи 22 январ гуфт:
“Калисо як созмони ҷамъиятӣ аст ва ман намефаҳмам дар бораи кадом паҳлӯи молиявиамон мо бояд ба мақомот гузориш диҳем? Бале, калисо як миқдор шамъ ва дигар ашёҳои диниро мефурӯшад ва пули ба дастомадаро барои нигоҳубини бино, пардохти пули барқу об ва андоз сарф мекунад. Вагарна аз кадом ҳисоб мо бояд фаъолият кунем?”
Мухин афзуд, калисои провославӣ аз ҳисоби маблағҳои хайрияи пайравон ва фурӯши ашёи динӣ ба сар мебарад ва роҳибон ҳам аз ҳамин ҳисоб зиндагии хоксоранаи хешро таъмин мекунанд.
Дар Тоҷикистон шумораи иттиҳодияиҳои динӣ бо шумули масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъву ҷомеи марказӣ ба беш аз 4 ҳазор адад баробар аст. Аз миёни ин созмону иттиҳодияиҳои динӣ 72 ададаш созмони ғайриисломист.
Вазорати умури хориҷии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар гузориши охири худ гуфтааст, дар Тоҷикистон фаъолиятҳои динӣ таҳти назорат буда, аз назари маҳдудиятҳои ҷоришаванда дар ин бахш Тоҷикистон ба гурӯҳи «кишварҳои махсусан нигаронкунанда» ворид мешавад. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Тоҷикистони иборат аз 8,3 миллион аҳолӣ беш аз 90 дарсади мусалмонон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, тахминан 4 дарсадашон шиаи исмоилӣ ҳастанд, ки аксарият дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба сар мебаранд. Инчунин, дар миёни намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ ҷомеаи хурди баҳоиҳо, аҳли кришна ва яҳудиҳо ба сар мебаранд. Гурӯҳи серҷамъияттарини масеҳиёнро намояндагони калисои православии русӣ ё ортодокс ташкил медиҳанд.