Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши озодиҳои динӣ ва хомӯшии мақомоти Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба гузориши Вазорати хориҷаи ИМА хомӯширо афзал мешуморанд.

Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов гуфт, ки бо ҷузъиёти гузориши вазорати умури хориҷии Амрико ошно аст, аммо то замони баргузории ҳамоиши кишварҳои ҷаҳон оид ба масоили дину озодии виҷдон дар Варшава, ки дар охирҳои моҳи оянда баргузор мешавад, посухе нахоҳад дод ва дар ҳамин ҳамоиш мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро ҳамаҷониба баён хоҳад дошт.

Ҷаноби Мухторов афзуд, ки дар ҳоли ҳозир Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон гузориши вижаеро дар робита ба
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон

масоили мазҳаб ва озодии виҷдон таҳия дорад ва онро дар нишасти Варшава ироа хоҳад кард.

Тоҷикистон дар гузориши Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар радифи кишварҳое чун Афғонистон, Покистон, Русия ва Туркманистон зикр шудааст, ки дар нақзи ҷиддии озодии дин таҷриба доранд.

Гуфта мешавад дар ҳоле, ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро кафолат додааст, қонунҳои дигар ва дастурҳои ҳукумат ин озодиҳоро тахриб мекунанд. Дар як соли гузашта вазъи озодии дин дар Тоҷикистон, бино бар гузориши мазкур, бадтар шудааст.

Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли 2009 қабул шудааст, нуфузи давлатро ба пайравони дин густариш дод. Дастури номнависи дубораи созмонҳои динӣ бо талаб ва шароити нав сабаби аз фаъолият мондани даҳҳо иттиҳодияи динӣ шуд ва сабти номи созмонҳои нав мушкил гашт.

Дар моҳи августи соли 2010 раисиҷумҳур ба бозгардони донишҷӯёни муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ дастур дод, ки бе иҷозаи давлат сафар кардаанд. Ҳукумат ҳамчунин бархе аз гурӯҳҳои диниро бо барчаспи “тундгароӣ” манъ кард. Вазорати маориф бо дифоъ аз либоси ягона ҳиҷобу рӯсариро дар мактабу донишгоҳҳо манъ кард. Мақомот аз ин тасмим ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, ба хотири он гирифта шудааст, ки маорифи дунявиро ҳифз намояд. Намояндагони давлат, аз ҷумла вазири маориф дар мазҳари ом зидди занони ҳиҷобпӯш суханони истеҳзоомез гуфт.

Яке аз рӯҳониёни Тоҷикистон Муҳаммадалии Файмуҳаммад мегӯяд, ки нукоти гузориши вазорати хориҷаи Амрико аз
Муҳаммадалии Файмуҳаммад

бисёр ҷиҳат дуруст аст, зеро Қонуни асосии кишвар мухолифат ба озодии эъқтиқод надорад, вале қонунҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба тасвиб расонид ҳам ба қонуни асосӣ мухолифат мекунад.

Вай меафзояд: «Қабули қонуни масъулияти падару модар на ин, ки хилофи қонунҳои байналмилалии эътиқоди дин ва озодии виҷдон аст, балки ба сарқонуни Тоҷикистон мухолифат дорад. Президент кафили ҳимояи ҳуқуқӣ шаҳрвандон аст, вале бубинед, ки худи президент амр дод, ки ҳамчунин қонун қабул карда шавад. Ҳоло ин қонун ба тасвиб нарасида омадани ҷавононро ба масҷид манъ карданд. Ин магар фишор нест? Ҳоло ҳукумат фаъолияти масҷидҳоро сад дар сад таҳти назорат гирифтааст, на ин ки ба онҳо шароити озодонаи фаъолият додааст..»

Муҳаммадалии Файмуҳаммад меафзояд, ки ҳоло ҳукумат бо дасти имомхатибҳо зидди диндорон амал мекунад. Дар масҷидҳо баъзе имомхатибҳо аз мардум тақозо мекунанд, ки фарзандҳоятонро ҳамроҳ наоред, ки моро ҳукумат ҷанг мекунад. Баъзе имомахтибҳо то андозае ба як силоҳи ҳукуматӣ табдил шудаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида
Фаррух Умаров, коршиноси маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон

масъалаҳои озодии динро бо мақомоти давлати Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи дин дар чаҳорчӯби рушди ҳуқуқи инсон мунтазам баҳс мекунанд ва ҳамчунин бо сарони ҷомеаҳои динӣ мулоқот баргузор менамоянд.

Коршиноси маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Фаррух Умаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон феълан кишвари дар ҳоли гузор буда вазъи озодиҳои мазҳабӣ бо шароити ин марҳила мувофиқ аст. Вай гуфт, ки ба тамоми нукоти гузориши вазорати умури хориҷии ИМА розӣ нест, зеро нуфузи ҳукумат бар динро дар Тоҷикистон ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд. Ба унвони мисол, таъқиби "Ҳизбуттаҳрир" ва маҳдуд сохтани фаъолияти салафиҳо ва таблиғиҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз тундгароӣ, як амали дурустест, ки мақомот анҷом медиҳанд.

Нуктаи дигаре, ки вай таъкид мекунад ин аст, ки иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар амри баргардонидани донишҷӯён аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ
Ҷалолиддини Маҳмуд, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
амали дурустест дар амри напайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ғайрирасмии мазҳабӣ дар кишварҳои дигар.

Аммо Ҷалолиддин Маҳмудов, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки нуфузи ҳукумати Тоҷикистон бар диндорон тайи ду соли ахир шиддат гирифтааст.

Воқеан дар Қонуни асосии ин кишвар озодии виҷдон ба ибодату намозу мазҳаб ба ҳеҷ сурат маҳдуд нашудааст. Аммо қонунҳое, ки баъдтар ҳукумати Тоҷикистон қабул намуд ба монанди Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва ҳам қонуни масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд чанд банду фасле доранд, ки ибодату намози ҷавононро дар масҷидҳо манъ мекунад.
XS
SM
MD
LG