Наздикони Манучеҳр ва Рустам аз Душанбе ёрӣ хостаанд

Фирдавс Амонов

Наздикони ду ҷавон аз Панҷакент, ки бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар Узбакистон дар боздошт қарор доранд, барои кумак ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Наздикони Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимов – ду сокини ҷамоати Хумрии ноҳияи Панҷакент, ки якуним моҳ боз дар Узбакистон дар боздошт қарор доранд, рӯзи 2 декабр бо дархости кумак ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Ин ду ҷавон рӯзи 21 октябр ҳангоми моҳидорӣ аз сӯи марзбонони узбак боздошт ва ба убури ғайриқонунии сарҳади Узбакистон айбдор шуданд. Аммо наздикони Манучеҳру Рустам мегӯянд, ки онҳо нодониста аз марз гузаштаанд, чунки марзи Тоҷикистону Узбакистон дар он минтақае, ки онҳо моҳидорӣ мекарданд, ягон нишона надорад.

Фирдавс Амонов, бародари Манучеҳр Амонов рӯзи 2 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар вазорати хориҷа ба ӯ иттилоъ додаанд, ки мақомоти дипломатии Душанбе тавассути сафорат дар Тошканд пиромуни роҳҳои кӯмак ба ин ду ҷавон кор карда истодаанд. Фирдавс мегӯяд, ӯро итминон додаанд, ки дар ин масъала бояд дар рӯзҳои наздик натиҷаҳое ба даст биоянд.

Фирдавс Амонов дар ин мусоҳиба аз сафараш ба Узбакистон ба хотири аёдати бародари боздоштшудааш низ қисса кард. Ӯ гуфт, ҳоли Манучеҳр хуб буд, вале маъмурон иҷоза надодаанд бо вай сӯҳбат кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз Душанбе кумак хостани наздикони ду ҷавони дар Узбакистон боздоштшуда

Масъулони Узбакистон ба Фирдавс Амонов гуфтаанд, ки "Манучеҳр ва Рустам танҳо ба хотири гузаштан аз хатти сарҳади ин кишвар дастгир шуда, дигар ба ягон кори бад даст назадаанд. Вақти боздошт аз онҳо танҳо шасти моҳигирӣ мусодира шудааст." Ӯ афзуд, вақти моҳигирӣ онҳо дар ҷайб шиноснома ва ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ҳувият надоштанд ва шиносномаҳои онҳоро баъди тақрибан 20 рӯзи боздошт, ба боздоштгоҳи Самарқанд фиристодаанд.

Манучеҳр Амонов пас аз хатми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба ҳайси муллим кор мекард ва 11 октябр бо Мафтуна ном дӯстдоштааш хонадор шуда буд. Аммо ҳамагӣ баъди 10 рӯзи "моҳи асал"-аш, сарҳадбонҳои узбак ӯ ва рафиқашро дар хатти марз дастгир кардаанд ва ба ин далел “моҳи асал”-и ӯ дар Узбакистон пушти панҷара сипарӣ шудааст.

Ба гуфтаи сокинони манотиқи марзӣ, муайян набудани хати марзи байни Тоҷикистону Узбакистон дар ин маҳал, баҳонаҳоеро ба дасти сарҳадбонҳо медиҳад, ки сокинони ноогоҳро ба иттиҳоми марзшиканӣ дастгир кунанд.

Шоҳини Равшан, коршиноси маҳаллӣ дар Панҷакент қаблан ба Озолдӣ гуфт, мардум ба мавзеи Чангали ҷамоати Хумрии ин ноҳия сокинон барои моҳигирӣ, молчаронӣ ё ҳезумчинӣ мераванд, вале “аз он ки як сӯ рӯди Зарафшон ва як сӯ туғайзор, вале ягон нишонаи хати сарҳад он ҷо нест, сокинон надониста ба хоки якдигар мегузаранд ва онҳоро сарҳадбонҳо дастгир кард, ба боздоштгоҳ мебаранд.”

Дар бархе маворид ҳам, ворид шудани сокинон ба хати марзи эҳтимолӣ, ба фоҷиа анҷомидааст. Аз ҷумла дар таърихи 16-уми октябри соли равон Содиқ Субҳонови 18-сола, сокини деҳаи Фароб ва Сафаралӣ Тошеви 35-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Ёрии Панҷакент ҳини убур аз хати марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бар асари таркиши мина ба ҳалокат расиданд.