Нархи манзил дар Душанбе то 30% боло рафтааст (ВИДЕО)

Дар пойтахти Тоҷикистон қимати манзил назар ба як соли пеш то 30 дарсад боло рафтааст. Аммо Кумитаи сохтмони меъморӣ мегӯяд, нархи хона дар Душанбе нисбат ба кишварҳои дигари СНГ арзонтар аст.

Боло рафтани нархи хона дар Тоҷикистон “бӯрёкӯбон”-и садҳо хонаводаи камбизоатро барои чанд соли дигар ба таъхир гузошт ва раиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон мегӯяд, онҳо бояд интизори бӯҳрони иқтисодии кишвар шаванд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилзода рӯзи 16-уми июл дар нишасти хабариаш дар Душанбе гуфт, нархи хона дар кишвар замоне арзон мешавад, ки бӯҳрони иқтисодӣ пеш биояд. Ин дар ҳолест, ки арзиши ҳар метри мурабаъ манзили истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе дар ним соли ахир аз 150 то 200 доллари амрикоӣ ё тақрибан то 30 дарсад гаронтар шудааст. Ин дар ҳолест ки нархи хонаҳову ҳавлиҳои “бошукӯҳ”, ки асосан дар маркази Душанбе қомат афрохтаанд, як каме коҳиш ёфтааст.

Ҳамакнун нархи як метри мураббаъ дар манзили навсохт дар маҳаллҳои дур аз маркази пойтахт аз 800 то 1000 доллар нарх дорад. Дар маркази пойтахт бошад нархи манзил аз 1200 то 1800 ва ҳатто 2000 доллар барои ҳар метри мурабаъ мерасад. Ҷаноби Комилзода гуфт, агар талабот ба манзил фурӯ афтад, нархи он арзон хоҳад шуд. Вай афзуд, ҳоло як метри мураббаи манзил аз 300 доллар сар шуда то 1200 доллар мерасад ва нимсолаи аввал зиёда аз 300 ҳазор метри мураббаъ хона сохта шудааст. Аммо ба гуфтаи миёнаравони бозори манзил, нархи як метри мурабаъ дар Душанбе то 1800-2000 доллар расидааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Биноҳои наву кӯҳнаи Душанбе

Ҳокимбек Накатов, роҳбари раёсати омори саноат ва сармоягузориҳо дар сохтмон Оҷонсии омори Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт сабаби аслии гарон шудани хона ба боло рафтани нархи масолеҳи бинокорӣ бастагӣ дорад: “Нархи масолеҳи бинокорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 нуқта гаронтар шудааст. Албатта, ин ба нархи ҳар як метри мураббаъ хонаи навсохташуда таъсир мерасонад. Ба ҳисоби миёна, ҳар метри мураббаъ манзили навсохт дар Душанбе аз 150 то 200 доллар гаронтар шудааст.”

Ҷаноби Накатов мегӯяд, суръати афзоиши нархи масолеҳи бинкорӣ дар соли гузашта аз ин ҳам бештар, дар ҳаҷми 11 дарсад буд. Аммо ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо бунёди корхонаи тавлиди семент дар Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи тавлиди сементи Душанбе пеши роҳи ҷаҳиши нархи ин масолеҳи асосии бинокориро гирифт.

Гарон шудани нархи бе ин ҳам баланди манзили зист дар пойтахти Тоҷикистон онҳоеро, ки орзу доштанд, ба зудӣ соҳиби “боми худ” шаванд, навмед кардааст.

Мағфират Солеҳова - сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, панҷ сол боз ҳамроҳи шавҳараш дар бозори “Саховат” кор кардаву пул ҷамъ мекунад, то як хонаи якҳуҷрагӣ харад, аммо орзуи худро дарёфта наметавонад: “Барои харидани хонаи якҳуҷрагӣ аз рӯи мушоҳидаҳои мо 25 ҳазор доллар даркор буд. Мо ният доштем, ки нисфи аз ин маблағро ҷамъ карда, ба ягон ширкати сохтмонӣ диҳему тули ду-се соли дигар пули боқимондаашро. Аммо ҳоло мебинем, ки нархи хонае ки мо мехостем, то 30 ҳазор доллар боло рафтааст.”

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Абдувалӣ Комилзода ҳамчунин гуфт, ки хона дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои дигари минтақа арзонтар аст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ин фарқ чандон калон нест, вале кам будани маош дар Тоҷикистон нархи масканро барои аҳолӣ хеле гарон ва ҳатто дастнорас мекунад.

Нозим Ишонқулов

Бо дархости Радиои Озодӣ иқтисоддон Нозим Ишонқулов имкониятҳои як оилаи ҷавони иборат аз зан ва шавҳарро дар хариди хонаи якҳуҷрагӣ бо даромади миёна дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек ва Остона ба ҳам қиёс кард: “Маоши миёна дар Душанбе ба 200 доллар баробар аст ва барои хариди хонаи якҳуҷрагӣ чунин оила ба шарти пурра пасандоз кардани маошашон танҳо дар 5 солу 2 моҳ метавонанд, хона харанд. Айни чунин оила дар Бишкек 300 доллар маоши миёна мегирад ва дар 4 сол метавонад соҳиби якхонагӣ шавад. Дар Остона нархи якҳуҷрагӣ ба ҳисоби миёна 80 ҳазор доллар аст, аммо мутаносибан маоши миёна ҳам 1000 доллар аст. Бино бар ин дар ин ҷо як оила метавонад дар 3 сол соҳиби хона шавад.”

Зимнан ҳукумати шаҳри Душанбе низ барои то ҷое осон кардани мушкили бехонаҳо барои кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ширкати махсуси давлатиеро бо номи “Манзили дастрас”ро таъсис додааст. Ҳар метри мурраббаи хонаҳоои ин ширкат 330-350 доллар аст.

Ҳокимшоҳ Шарипов, сардори раёсати сохтмони шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, мақсад аз ташкили корхонаи “Манзили дастрас” бунёди хонаҳои арзон барои кормандони арсаи иҷтимоии шаҳр аст: “Хонаҳое ки идораи “Манзили дастрас” бунёд мекунад, ҳар метри мураббааш вобаста ба ошёна аз 300 то 600 доллари амрикоӣ нарх дорад. Ин хонаҳо дар навбати аввал ба кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар кормандони иҷтимоӣ фурӯхта мешавад.”

Дар робита ба вазъи бозори хона ҷаноби Шарипов гуфт, бо вуҷуди гаронии нархҳо тақрибан ҳамаи хонаҳое, ки аз ҷумла аз тарафи ширкатҳои хусусӣ сохта мешаванд, ба фурӯш мераванд. Ба ин тартиб, “бӯҳрон”-е, ки ҷаноби Комилзода ба он ишора мекунаду метавонад сабаби кофиши нарх шавад, зоҳиран ба ин наздикиҳо ба вуқӯъ нахоҳад пайваст.