Эълони натиҷаҳои муқаддамотӣ ё пешакии интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, ки ҳизби наҳзати исломӣ ва коммунистро аз Маҷлиси Намояндагон берун кард, аҳзоби мухолифро дар ҳоли "шок" қарор додааст. Раҳбарони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ҳарчанд тақаллуб дар интихобот пешгӯишаванда буд, вале то ин ҳаддашро тасаввур намекарданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бар асоси ҳисобҳои пешакӣ ҳизбаш 1,5 дарсад раъйи сокинонро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба даст оварда, аз курсӣ дар парлумон маҳрум шуд, гуфт, “мо ин натиҷаро аслан қабул надорем”.
Ӯ афзуд, “мо ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ хоҳем дошт ва баҳои ниҳоии худро эълон хоҳем кард. Мо аз ин натиҷа розӣ нестам.”
Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ҳарчанд фишор боли аъзои ҳизбаш рӯшан буд, аммо “чунин натиҷаро ҳеч кас пешбинӣ намекард.” Вай мегӯяд, “фикр мекунам, интихобот пуртақаллуб буд ва зарараш пеш аз ҳама ба ҳукумат мерасад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки оё фикр намекунад, бе ҷой мондани ҳизбаш ишорае ба бастани ҲНИТ дар оянда аст, Муҳиддин Кабирӣ гуфт: “Тақдири ҳар ҳизбро қонун муайян мекунад. Мо ошкор кардем, ки ҳизбӣ мардумӣ ҳастем ва хоҳем монд. Фикр намекунам, ин кор ба маънои баста шудани ҳизб бошад. Ҳеҷ далеле барои бастани ҲНИТ вуҷуд надорад.”
Шабдолов: "Ин як интихоботи дурӯғ буд"
Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон, эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумониро ғайриқобили қабул ва худи интихоботро “фарс" номид. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, аз қабл медонистанд, ки ба таври супоришӣ ба онҳо ду фоиз раъйи мардум насиб хоҳад кард.
“Мо дар аввал нахостем, вориди интихобот шавем. Вале ваъда шуд, ки ин интихобот шаффоф баргузор мегардад. Билохира, мо дидем, ки ин 2 фоиз овозро ба мо доданд. Ҳизбе, ки тӯли ин муддат дар бари ҳукумат буд ва аз барномаҳои мо ҳамеша истиқбол мешуд, ҳоло ду фоиз овоз гирифтааст? Ин ба ягон меъёр рост намеояд,” - таъкид кард Шодӣ Шабдолов.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вай дар идома гуфт, аз рӯи ин эълони КМИРТ ба ягон ҷо шикоят намебарад, чун ба гуфтаи ӯ хуб медонанд, ки касе ба додашон расидагӣ нахоҳад кард. Ӯ гуфт, “ҳамааш дар дасти як ҳизб аст, ки роҳбарии онро президент ба уҳда дорад. Лекин ҳаминро мегӯям, ки оқибати ин интихобот хуб намешавад, манфӣ хоҳад буд.”
Зоиров: "Раъйи мардум поймол шудааст"
Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки “раъйи мардум поймол шудааст”. Ҷаноби Зоиров дар вокуниш ба изҳороти КМИРТ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "натоиҷи эълоншуда воқеият надорад ва танҳо маълум аст, ки ба раъйи мардум пой гузошта шуд.”
Раҳбари сотсиал- демократҳо гуфт, “протоколҳое аз яке аз участкаҳои интихоботӣ дар шаҳри Хуҷанд дар даст дорад, ки мизони овозҳои ҳизби сотсиал – демократ бо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ баробар аст”. Ба ин далел Раҳматулло Зоиров гуфт, “бо баргашти намояндагони ин ҳизб аз манотиқ дар зудтарин фурсат шӯрои сиёсии ҳизб баргузор мешавад ва тасмими ҳизб дар маврид иқдомоти баъдии ин ташаккули сиёсӣ гирфта хоҳад шуд.”
Масъулони ҳизби аграрӣ, сотсиалист ва демократ аз ҷараёни баргузории интихобот изҳори қаноат карданд ва ҳизби халқӣ-демократӣ ҳам гуфт, ҳарчанд ба мақсади худ нарасидааст, вале он ризост. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқӣ-демократӣ гуфт, онҳо қасд доштанд, то дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҳадди ақалл соҳиби 70 дарсади раъйи сокинон шаванд. Ин ҳизб бар асоси ҳисобҳои пешакӣ 65,2 дарсад овоз гирифтааст ва соҳиби 16 мандат дар Маҷлиси Намояндагон шуд.
Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 2 март натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро эълон кард.
НАТИҶАҲО:
Ҳизби аграрӣ - 450 ҳазору 275 нафар, яъне 11,8 фоиз
Ҳизби демократ - 64 ҳазору 547 нафар, яъне 1,7 фоиз
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 288 ҳазору 308 нафар, яъне 7,6 фоиз
Ҳизби коммунист - 87 ҳазору 12 нафар, яъне 2,3 фоиз
Ҳизби наҳзати исломӣ - 58 ҳазору 27 нафар, 1,5 фоиз
Ҳизби сотсиалист - 210 ҳазор нафар, яъне 5,5 фоиз
Ҳизби сотсиал-демократ – 18 ҳазор нафар, яъне 0,5 фоиз
Ҳизби халқии демократӣ - 2 миллиону 474 ҳазор, яъне 65,2 фоиз.
Танҳо аҳзобе, ки аз 5 дарсад ва ё аз он бештар раъй гирифтаанд, соҳиби мандат ё курсӣ дар Маҷлиси намояндагон мешаванд. Ба ин тартиб, дар ҳайати ояндаи маҷлиси поёни ипарлумони Тоҷикистон ҳизби халқӣ-демократӣ соҳиби 16 мандат, ҳизби аграрӣ 3, ислоҳоти иқтисодӣ 2 ва сотсиалист соҳиби 1 мандат мешаванд.