Ҷаласа рӯзи 8-уми октябр баргузор шуд. Дар он раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Русияву Беларус, Арманистону Қазоқистон ва Қирғизистону Туркманистон ҳузур доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа гуфтааст, ки Тоҷикистон зимни раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар ба масоили таҳкими амният тамаркуз мекунад.
Бо пешниҳоди Узбекистон ҳамчунин барномаи мубориза бо ифротгароӣ қабул шудааст, ки хатари он дар тамоми кишварҳои минтақа зиёд шудааст.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз суқути Шӯравии собиқ ва барои нигаҳ доштани робитаҳои пешина таъсис ёфта буд, вале кишварҳои узв дар бисёре аз масоил ихтилофоти назар доранд.
Русия дар созмон бештар хостҳои худро дар миён мегузорад, вале кишварҳои узв на ҳамеша онҳоро қабул доранд.