Тоҷикистон дар як назарсанҷии созмони Геллап (Gallup) дар раддаи аввали кишварҳое қарор гирифтааст, ки мехоҳанд, Русия лаҷоми сиёсату иқтисод дар ҷаҳонро дар даст дошта бошад. Бархе аз таҳлилгарон гуфтанд, чунин "ишқ" ё "вафодорӣ"-и тоҷикон ба Русия аз муҳоҷирати беш аз бистсолаи онҳо ба ин кишвар ва умедашон ба Кремл, ки гӯё дар ҳама ҳолат ҳомияшон хоҳад буд, об мехӯрад.
Ин назарсанҷии Геллап давоми соли 2014 дар 135 кишвари ҷаҳон ва дар ҳар кишвар миёни 1000 нафар (рӯбарӯ ё телефонӣ) ва бо номи "Раҳбарони ҷаҳон: Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Чин ё Русия?" гузаронда шуда, ба тозагӣ нашр гардид.
Бино ба хулосаи он, аз ҳазор назардиҳанда дар Тоҷикистон 93 дарсадашон гуфтаанд, ки тарафдори раҳбарии Русия дар ҷаҳон ҳастанд. Баъд аз Тоҷикистон бо 79 дарсад раъйи мусбат Қирғизистон, 72 дарсад Қазоқистон, 66 дарсад Арманистон, 62-дарсадӣ Узбакистону Беларус низ аз раҳбарии Русия пуштибонӣ кардаанд.
Аммо, дар маҷмӯъ, мизони тарафдорӣ аз раҳбарии Русия дар ин назарпурсии Геллап дар муқоиса ба натиҷаи пурсишҳои қаблӣ поин рафта, 22 фоизро ташкил додааст. Геллап мегӯяд, аз ҳама тарафдории бештар аз Русия соли 2007 сурат гирифта ва ҳисобаш ба 36 дарсад мерасид. Шореҳон гуфтаанд, ба коҳиши мизони боварии сокинон дар ҷаҳон ба раҳбарии Русия бӯҳрони Украина сабаб шудааст.
Назардиҳандагон дар Тоҷикистон имсол аз раҳбарии Чин дар ҷаҳон 11 дарсад камтар пуштибонӣ кардаанд. Ба ҳисоби Геллап 61 дарсад аз ҳазор нафари пурсидашуда дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки тарафдори раҳбарии Чин дар ҷаҳонанд. Аз ҳама раъйи бештарро барои раҳбарии Чин дар дунё Мали дода, ба дунболаш Нигерия ва Руанда қарор гирифтаанд.
Вале тоҷикон мухолифи раҳбарии Амрико дар ҷаҳон раъй додаанд, ки ба 54 дарсад аз 1000 раъйдиҳанда баробар аст. Далели чунин мухолифати тоҷикистониҳо ба раҳбарии ҷаҳон дар Амрикоро Геллап баён накардааст, аммо гуфта мешавад, зоҳиран ин нуқтаи назари сокинон таҳти таъсири расонаҳои Русия изҳор шудааст.
Пуштибонии зиёди сокинони Тоҷикистон аз раҳбарии Русия дар ҷаҳон дар ҳолест, ки бино ба иттилои расмӣ ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар машғули кору зиндагиянд ва аробаи хонаводаҳояшон дар Ватан аз ҳисоби пули фиристодаи онҳо мечархад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам 12 июни соли ҷорӣ бо ирсоли як паём ба ҳамтои русаш Владимир Путин, Русияро аз шарикони стратегии ҳақиқии Тоҷикистон ном бурд. Ӯ гуфт, "Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегии мо ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад."
Оқои Раҳмон дар идома ба муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Русия, ки, ба қавли ӯ, рушди он ба робитаҳои самимӣ ва мунтазами сиёсӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд додааст: "Мо мӯътақид бар онем, ки кишварҳои мо метавонанд муносиботи худро бо ҳамкориҳои мустаҳкам, ки ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳоянд, бо майлҳои мусбат пурратар созанд ва онҳоро ба дараҷаи нави босифат, ки мутобиқ ба иқтидори ғании мост, бароранд. Мо бо ҷасорати қатъӣ барои ин кор тамоми кӯшишҳои лозимиро равона месозем."
То ба ҳол гардиши аз ҳама бештари молро Тоҷикистон бо Русия дорад.
Аммо мухолифони Маскав дар дохили Тоҷикистон ҳам кам нестанд. Бахусус, норизоятиҳо дар айни имзои созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар хоки Тоҷикистон рӯ зад ва сокинон гуфтанд, бояд Маскав дар ивази будубоши нерӯҳояш ба Душанбе пул диҳад ва ё ба муҳоҷирон ҳаққи бештар қоил шавад. Ду талаби сокинон, ки иҷро нашуд.