Рамазон Раҳимзода -- вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 июн дар гуфтугӯ бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев мавзӯи дар Русия ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани тоҷиконро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин вохӯрӣ дар Душанбе сурат гирифта ва Колоколтсев ваъда додааст, ки "барои ҷилагвирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Русия чораҳои мушаххас андешида хоҳад шуд".
Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз ифротӣ шудани тоҷикон дар Русия ва рафтанашон аз майдонҳои кори ин кишвар ба майдонҳои ҷанг дар Сурия шадидан нигаронӣ кардаанд. Худи Раҳимзода моҳи марти соли ҷорӣ дар як дидораш бо гурӯҳи донишҷӯён дар Душанбе гуфт, 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Сурия рафтаанд.
Моҳи ноябри соли гузашта Акрам Амонов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дар парлумон гуфта буд, дар шаҳри Маскав минтақае бо номи “Проспект мира” вуҷуд дорад, ки аз онҷо ҷангиёнро ба Сурия мефиристанд. "Дар масҷиди "Проспект мира" ҷавонон ҷамъ шуда ва аз онҷо ба Сурия фиристода мешаванд," -- афзуд ӯ.
Аммо ба дунбол Шӯрои муфтиёти Русия ва Идораи мусулмонҳои шаҳри Маскав бо нашри як изҳороти расмӣ иддаои мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи гӯё дар масҷидҳои Маскав вуҷуд доштани нуқтаҳои ҷалби ҷангиён барои интиқол ба Сурияро рад карданд. Дар изҳороти ин созмонҳои мӯътабари мазҳабӣ гуфта мешавад, “гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат, гузашта аз он, ташкили нуқтаҳои ҷалби афрод дар масҷидҳо қатъиян манъ буда, бо ҳар роҳу васила пешгирӣ карда мешаванд."
Бино ба ин изҳорот, “баръакс, имомҳои масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз равияҳои тундгароёна ва таҳкими арзишҳои хлоқиву рӯҳонии мбанӣ бар аслҳои суннатии Ислом пайваста мавъизаҳову нишастҳо барпо карда, ҳаррӯза ба намозгузорон барои ҳалли масоиле, ки пеш меоянд, кумаки фаврӣ мерасонанд.”
Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, ки бо як сафари корӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 5 июн дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди умдатан ба доми фиреби гурӯҳҳои терорристӣ афтодани муҳоҷирони корӣ дар Русия гуфт, “ман ба мавқеи Шумо дар мавриди бахши умдаи ҷалбшудагон муҳоҷирони корианд, мувофиқ нестам. Ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки ҳама табақаҳои аҳолӣ дар Русия меафтанд.”
Ӯ афзуд, дар масъалаи ҷалби муҳоҷирон ва умуман шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Русия иқдоме рӯи даст гирифта шуда ва даҳҳо парванди ҷиноӣ нисбат ба афроде, ки дар амалиёти террористӣ дар хориҷи кишвар ширкат кардаанд, боз шуда ва 15 нафари дигар дар ҷараёни амалиёти вижа кушта шуданд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, то кунун шахсияти 412 шаҳрванди кишвар, ки ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ пайвастаанд, маълум шуда ва ба иттилои онҳо 71 нафарашон дар амалиёти ҷангӣ кушта шудаанд. Вале ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия борҳо бо нашри навори видеоӣ эълон кардаанд, ки теъдоди онҳо ба маротиб бештар аз ҳисобҳои мақомоти Тоҷикистон аст. Ахиран Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки ба гуруӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ 27 май бо пахши як навори видео ҳушдор дод, ки бо “ҷиҳод” ба Тоҷикистон бармегардад.