Сирри рейтинги Путин (ВИДЕО)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кадом омилҳоест, ки рейтинги раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро дар паҳнои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар чунин як сатҳи баланд нигоҳ медоранд?

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия нафақат дар кишвараш, балки дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ як сиёсатмадори бавижа барои мардуми оддӣ соҳибэътибор боқӣ мемонад.

Дар бархе кишварҳо эътибор ё рейтинги Путин ҳатто бо раҳбарони аввали ин кишварҳо сабқат мекунад ва дар худи Русия рейтинги Путин аз марзи бесобиқаи 80 дарсад гузашта, ба таъбири муаллифони матлабе дар “Вошингтон” пост” ба стратосфера, яъне қабати сеюми атмосфера, ё ба ибораи тоҷикӣ агар бигӯем, ба фалак расидааст.

Бӯҳрони Украина, ки мошини таблиғоти ӯву ҳукуматаш дар телевизионҳои давлатии Русияро суръати бесобиқае дод, эътибори Путинро зоҳиран ҳатто бештар кардааст.

Мардуми авом - тарафдори Путин

Дар Тоҷикистон назарсанҷие дар бораи мизони эътибор ё маҳбубияти Путин анҷом нашудааст, вале аз баҳсҳои интернетӣ ва сӯҳбатҳои мардуми оддӣ дар кӯчаву хиёбонҳо бармеояд, ки бисёриҳо аз ӯ ҳаводорӣ мекунанд. Сокинони Душанбе дар як пурсиши сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи Путин чунин изҳори назар карданд:

“Чӣ тавре ки НАТО мехоҳад торафт ба тарафи Шарқ густариш ёбад, Русия ҳамчун кишвари абарқудрат ва раҳбараш Владимир Путин ҳамчун як раҳбари доно ва хирадманд ҳамчунин мехоҳад иқтидори Русияро дар баробари ҳарифонаш ҳифз намояд.”

Тақвиятуллоҳи Тақво, паноҳҷӯ аз Афғонистон: “Владимир Путин рӯиҳамрафта як раисиҷумҳури муваффақ ва бо як тарзи нави идораву тадбир ба назар мерасад. Путин ягона раисиҷумҳуре ҳаст, ки дар муқобили Амрико истодагарӣ мекунад ва давлатҳои ақибмондаву ҷаҳони сеюм ҳам чашмашон ба сӯи Русияву ба сӯи Путин аст, ки аз онҳо ҳимоят бикунад дар муқобили Амрико.”

Муҳаммадҷон Раҳмонов, хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ: “Русияро ба ёд биоред, ки чӣ аҳвол дошт. Аммо ҳоло боз як давлати абарқудрат шудаасту иқтисодаш ҳам баҷост. Ин хидмати Путин буд. Путин ҳамин тавр кӯшиш мекунад, ки кишварҳои мо ҳам тараққӣ кунаду корхонаҳо ба кор дароянд ва мардуми мо, ки бекоранд, соҳиби кор шаванд. Нафақат дар Тоҷикистон, балки Узбакистон, Қирғизистон ва дар ҳамаи кишварҳо. Путин мисли як саркорест, ки барои ҳамаи ҷамъ кардану ба тартиб овардан кӯшиш мекунад.”

Таъсири пропаганда?

Дар ҳоле ки мардуми оддӣ бо ваҷд дар бораи раисиҷумҳури Русия сӯҳбат мекунанд, таҳлилгарони тоҷик ба ин меандешанд, ки оё кадом омилҳо Владимир Путинро дар зеҳни мардуми оддӣ дар паҳнои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон чунин маҳбуб нигоҳ медорад?

Як далели асосӣ, ба бовари бисёриҳо, таъсири пропагандаи телевизионҳои Маскав аст ва мардум дар Тоҷикистон, ки ахбори дунёро асосан аз ҳамин телевизионҳо тамошо мекунанд, мисли зомбӣ Путинро мепарастанд ва иштибоҳҳову кӯтоҳиҳо дар сиёсати ӯро, то ҷое метавонанд, нодида мегиранд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: “Бо таъсири расонаҳои русӣ аз Путин то ҷое як шахсият ва ҳатто даҳо ё доҳӣ сохтанд, аммо амалҳое ки Путин дар сиёсати феълии дунё дорад, Путинро дар чашми омма бештар маҳбуб месозад. Ман мардуми авомро дар назар дорам, на ҷаҳони сиёсиро, албатта.”

Аммо Раҷаби Мирзо, шореҳи масоили сиёсӣ: "Путин соли 1999 ба сари қудрат омад. Ҳамзамон бо ин нархи нафт хеле боло рафт ва ба тақвияти ҳукумати ӯ мусоидат кард Бо чунин иқтидори молиявӣ ӯ тавонист як кишвари хеле парешону ноумедгаштаро ба сӯи худ ҷалб карда тавонад. Омили асосии эътибори баландаш ҳамин аст.”

Ситорасозӣ аз Путин

Таблиғ ё пропагандаи Путин ҳанӯз соли 1999, аз замони номзад ба тахти раҳбари пешини Русия Борис Елтсин шудани ӯ оғоз ёфта, Кремл аз ҳар фурсат барои сохтани рейтинги як раҳбари комёб ва маҳбуб аз шахси вай истифода мебурд. “Эҳёгари СССР”, “ғолиби ҷанги дувуми Чеченистон”, “раҳбари дурандеш”, “марде ки Русияро дубора ба по хезонд” – ин аст як феҳрасти кӯтоҳи сифоте ки матбуоти расмии Русия ба Путин нисбат медиҳад.

Ҳоло рейтингсозӣ аз Путин як гунаи монанд ба таблиғи ситораҳои ҳунарро гирифтааст: Путин савори асп, Путин ҳангоми сайргашт бо сагҳояш, Путин савори делтаплан, ё мошини “Лада-Калина”, кашфи кӯзаи қадима аз сӯи Путин аз зери баҳр... Собиқаи гуштии дзю-до гирифтани Путин, дидорҳои ӯ бо ин ё он ситораи Ҳолливуд ва ҳатто овозаҳо дар бораи муносибатҳои романтикии Путин бо варзишгари шинохта Алина Кабаева ва ҷудо шудани ӯ аз ҳамсараш Людмила – ин ҳама танҳо ҳезуме шуд, ки деги таблиғи шахси раҳбари Русияро фурӯзон нигоҳ медошт.

НАВОР ТАЛОҚИ ПУТИН

НАВОР Украина

Ва имрӯз ҳатто бӯҳрони хунини Украина, талоши ба истилоҳи тарафдоронаш, “аз сари зону ба қадаш рост кардани Русияву эҳёи мақоми абарқудратии ин кишвар дар саҳнаи ҷаҳонӣ” ва нуфузталабиҳои Маскав дар гӯшаҳои гуногуни пасошӯравӣ ҳамчун бахше аз ин бознигарии сиёсатҳои Маскав ҳам василае шуда, ки ба оташи рейтинги Путин гӯё равған мерезад. Аммо ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, равған дар ҳар сурат равғану оташ - оташ аст, яъне сӯзанда, то созанда.

Рустам Маҷидов, блогнависи тоҷик мегӯяд: “Ҳамин хосияти роҳбари бӯҳронӣ буданаш сабаб шуда, ки Путин ва режими сохтаи ӯ кӯшиш мекунанд, Русия ва минтақаро ҳамеша дар як ҳолати бӯҳронӣ нигоҳ бидоранд. Масалан, муборизаҳо бо Аврупо, муборизаҳо бо муҳоҷирон... Ба ҳар роҳе, ӯ як мушкилотеро сохта, Русияро ба ин мушкилот мувоҷеҳ мекунад, то қобилияти раҳбарии худро нишон диҳад.”

Алина Кабаева

Як далели ҳаводорони Путин алайҳи мухолифони ӯ дар Тоҷикистон ин аст, ки ҳокимони ғарбӣ дар Ироқу Афғонистон, барои мисол, камтар аз тохтутозҳои Путину Русия дар Украина бедодӣ накардаанд, ки имрӯз ҷаҳон ҳама танҳо аз гиребони раисиҷумҳури Русия бигирад.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст: “Дар Ғарб рейтинги Путин мушкили зиёд дорад, албатта, ва ӯро як ҳокими дар воқеъ юришгар тасвир мекунанд, вале агар ӯро бо ҳокимони дигар қиёс кунем, маълум мешавад, ки Путин дар чунин рафтор танҳо нест. Бархе раҳбарони кишварҳои дигар низ айни амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки Путин дар ҳамсоякишвараш - Украина анҷом дод.”

Путин ва СССР

Аз тарафи дигар, мардуми оддӣ Путинро бо ҳокимони дигари аксаран худкома дар паҳнои пасошӯравӣ қиёс мекунад ва аз таблиғоти Кремл медонад, ки ба фарқ аз ҳокимони онҳо Путин бо ҳамагӣ 100 метри мураббаъ манзили хусусӣ ва як мошини кӯҳнаи “Нива-ву як мошини аз он ҳам қадимтари ГАЗ-21-аш чӣ қадар “хоксор” менамояд.

Бо Эмомалӣ Раҳмон

Бахше мегӯянд, ки танҳо Маскав, яъне боз ҳам Путин ҳамчун “разборчик”-и асосӣ дар Шӯравии собиқ метавонад ҳокимони дигари пасошӯравиро, ки қудратро ба як манбаи сарватғундории рӯирости худу наздикони худ табдил додаанд, лаҷом бизанад ва як адолати нисбиеро дар ин қаламрав барқарор кунад. Аммо ба ақидаи ҷониби дигар, набояд зиёд умедвори “шамшери адолат”-и Путин шуд, чунки ӯ бо онки 15 сол боз қудратро дар Русия дар панҷаҳояш сахт нигоҳ медорад ва ба касе супурданӣ нест, кайҳо ҳамтабақи боқӣ ҳокимони худкома шудааст.

Б ақидаи Сайф Сафар, хабарнигори ҷавони тоҷик, “Путин барои ман як диктатори худкома дар либоси нав аст. Ва барои ҳамин, ҳамеша бо худкомаҳо кор мегирад ва худкомаҳоро дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад.”

Ҳаводорони Путин аммо дигаронро шарм медоронанд, ки набояд ба намакдон туф кард. Манзури онҳо Русия аст, ки садҳо ҳазор мардикори тоҷикро ҷои кор ва маош медиҳад. Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд: "Дар тафаккури мардуми мо ақидае побарҷост, ки беш аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба сар мебарад ва ин Русия ва Путин аст, ки барои мардуми тоҷик як ҷои кор фароҳам мекунад, мушкилоти ин мардумро ҳал мекунад. Ба ин меандешанд, ки Русия, яъне боз ҳам Путин дар Тоҷикистон артиш дорад. Ва ин дар зершуури мардум ба ҳамон таъсираш боқист.”

Вале Шӯҳрат Ёров, хабарнигори нашрияи “Дороги Содружества” назари комилан дигар дорад: “Як хусусияти Путин ин аст, ки ӯ ба халқи худаш ва ба халқҳои дигар ёрӣ мерасонад. Ӯ сиёсатмадори бузург аст ва бубинед, ки халқи Русияро ӯро дигарбора раҳбар интихоб кард. Дигар инки симои зоҳириашро гум намекунад. Варзишро хеле дӯст медорад.”

Аммо ҳамин далел – артиши ба як ҳисоб, як миллиону ба ҳисоби дигар, думиллиони муҳоҷирони тоҷик дар Русия – ба бовари мунтақидон, набояд сабаби чунин муҳаббати фавқулоддаи мардуми тоҷик ба шахси Путин мешуд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, азобу машаққати мардикорони тоҷик дар Русия, афзоиши ҳисси бегонабадбинии мардумаш ва зуҳури гурӯҳҳои қавмгаро, ё ба истилоҳ скинҳедҳо, ки низ маҳсули даврони раҳбарии Путинанд, ва ҳамин тавр, ваъдаи дар рӯи коғазмондаи Путин аз соли 2004, ки барои сохтани нирӯгоҳи Роғун ва ду корхонаи алюминсозии дигар дар Тоҷикистон ваъдаи қариб 2 миллиард доллар сармоя дода буду иҷро накард, бояд баракс сояи муҳаббати Путинро аз дили мардуми тоҷик битарошанд.

Масъалаи дигар, ба назари бисёриҳо, набуди сиёсатмадорони қудратманд ва сатҳи ҷаҳонӣ дар худи Тоҷикистон аст ва бархе аз ҳамин “беамакӣ” Путинро “амак” гирифтаанд.

Ба бовари Раҷаби Мирзо, “бо он мушкилоте ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия доранд ва ҳукумати Русия низ ба бештар шудани мушкили онҳо мусоидат мекунад, танҳо чизе ки битавонад обрӯ ё маҳбубияти баланди Путинро дар Тоҷикистон аз байн барад, ин пайдо шудани як шахсияти қавии сиёсӣ дар худи Тоҷикистон аст.”

Дар ҳар сурат, ба бовари аҳли назар дар Тоҷикистон, ҳеҷ чиз дар зери ин чархи гардун абадӣ нест ва маҳбубияти Путин ҳам метавонад имтиҳони вақтро нагузарад. Омилҳое, чун идомаи таъқибу азият ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави Русия, афзоиши фишорҳои сиёсиву иқтисодии Маскав болои Тоҷикистон ба хотири таҳмили хостҳояш ваё шикасти сиёсати ӯ дар Украина метавонад дар ниҳоят болои мизони маҳбубияти ӯ ҳам таъсир гузорад.

Бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко

Имрӯз ки ҷудоихоҳони таҳти ҳимояти Маскав дар шарқи Украина табли пирӯзӣ мезананд, ин ба деги маҳбубияти Путин гӯшти бештаре илова карда ва ӯро раҳбари қудратманде намудор мекунад, ки ба бовари тарафдоронаш, Ғарбро ба зону шинондаву низоми ҷаҳонро тағйир дода метавонад. Аммо рафту дар Украина ҷудоихоҳони зери чатри Русия шикаст хӯранд, ин қарта метавонад хеле ба осонӣ муқобили Путин бозӣ кунад.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, идомаи таъқибу фишори муҳоҷирони тоҷик ва афзоиши мавридҳои куштори ин мардикорон дар Русия метавонад қартаи “путинпарастӣ”-ро, ки ҳоло дар Тоҷикистон ин қадар пуртарафдор аст, тамоман ба тарафи дигар тоб диҳад. Тибқи назарсанҷиии Левада-Сентр, бо аввалин таъсири таҳримҳои зидди Русия ба бозори хӯрока, рейтинги Путин дар ин кишвар аз 87 то 84 фоиз пойин омадааст.

Дар ҳар сурат, рейтинги ҳар нафар, аз ҷумла эътибори кунунии Путин, бештар меваи бардоштҳову таассуроти эҳсосотии мардуми авом аст ва хеле зуд метавонад аз фарш ба арш парвоз кунад, ваё баръакс аз арш ба фарш биуфтад. Ва танҳо талотуми баъдии ҳодисот нишон хоҳад дод, ки Путини имрӯз ин қадар маҳбуб бо чӣ унвоне номашро дар саҳифаҳои таърих дарҷ хоҳад кард: Ҳамчун “Владимири наҷотбахш”, ки ҳаводоронаш ӯро сифат мекунанд, ваё ҳамчун “Адолф Ҳитлери даврони мо”, ташбеҳе ки ҳатто аз забони сиёсатмадори мӯътабаре, чун Ҳиллари Клинтон, садо додааст.