Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи сарвазири Русия ва "Лада Калина"


Ахиран Владимир Путин савори "Лада"-и нав, роҳи тозабунёди мошингард дар минтақаи Сибири Русияро тай намуд. Зоҳиран ҳадаф аз ин сайёҳат тақвияти саноати рӯ ба рукуди мошинсозӣ дар Русия ва боло бурдани рейтинги худи сарвазир Путин буд.

Дар як навори видеоӣ, шоҳидони сайёҳати Путин нишон додаанд, ки дар ҷараёни ин сафар, се мошини "Лада"-и яранг истифода шудааст, ки яке аз онҳоро рӯи мошини дигар бор карда буданд.

Путин дар пайи барқарории имиҷи аз дастрафта

Намоиши ин навор дар телевизиони кишвари Белорусро шореҳон ҳамчун шаҳодати сардии бештар дар равобити миёни ду кишвар унвон додаанд.

Бахши бузурги тобистони гузаштаро сарвазири Русия Владимин Путин ба хотири тақвияти имиҷи раҳбариаш сарф кард. Гоҳе ӯ хирси ваҳширо пайгирӣ мекарду гоҳе дар обҳои ноороми Шарқи Дур дар ҷустуҷӯи наҳанг буд.

Дар поёни сайёҳат Путин "Лада Калина"-ро қадрдонӣ намуда, ба ҳамватанонаш машварат дод, ки мошинҳои хориҷиро канор гузошта "Лада" харанд.
Вале дар як навори видео, ки ахиран дар шабакаи интернет ҷо дода шуд, аснои ҳаракати корвони сарвазири Русия, се мошини "Лада Калина" ба чашм мехӯрад, ки аз ҷумла яке аз онҳо рӯи мошин боркаш аст.

Муаллифони навор мошинҳоро ҳисоб намуда, аз таҳти дил механданд: "Бубинед сеюмашро ҳам оварданд. Инаш шикастааст!"

"Маъракаи номуваффақ"

Семён Шифрин, ки ин наворро бардоштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ шахсан бар зидди сарвазири кишвараш ҳеҷ даъво надорад, вале ба фикри ӯ маъракаи тарғиби "Лада Калина" хеле ҳам номуваффақ буд:

"Мо ҳеҷ интизор надоштем, ки се адад "Лада Калина"-и таърифиро мушоҳида хоҳем кард. Ин хандаовар аст. Агар онҳо мошинро тавсиф карданӣ бошанд, чаро се мошинро ба сафар бо худ гирифтаанд. Путин ба балоғат расидааст ва ҳатто агар чизе вайрон шуд, метавонад худаш масалан чархи мошинро иваз намуда, боз ҳам барои ташвиқу тарғиби худ истифода барад."

Шифрин бо тааҷҷуб меафзояд, дар корвони Путин фақат ҳамон се "Лада Калина" аз мошинҳои истеҳсоли Русия будааст. Дигар ҳамаи ҳамсафарони Путин савори беш аз 100 мошини хориҷӣ будаанд.

Интиқод аз амалкарди Путин

Дар ҳошияи навори видеоӣ, шумори зиёди бинандагон иқдоми навбатии ҳукумати Русияро маҳкум кардаанд, ки маблағҳои ҳангуфтро барои эҳёи корхонаи истеҳсолкунандаи "Лада", яъне Автоваз масраф намудаву маълум нест, ки он чӣ самар меорад.

Телевизионҳои Русия дар бораи ин навори нанговар чизе нагуфтаанд, вале шабакаи телевизионии ONT-и Беларус дар ин бора барномаи саршор аз истеҳзо намоиш дода, собит кард, ки равобити Минску Маскав хеле сард шудаанд.

"Дар интернет танқиди мошинҳои истеҳсоли Русия хеле зиёд аст. Ҳатто "Лада Калина"-е, ки барои Путин сохта буданд, масофаи 350 километрро тай карда натавонист ва онро бо мошини дигар табдил карданд."

Шореҳон бо ишора ба сайёҳати ахири сарвазири Русия мегӯянд, ин бори аввал нест, ки Путин аз "Лада" дифоъ мекунад. Соли гузашта ӯ ҷипи «Нива» харида буду мошинашро зиёд таърифу тавсиф мекард. Вале ҳамон вақт ҳам Путин ёдовар нашуд, ки «Нива»-и ӯ муҳаррики олмонӣ дорад.
XS
SM
MD
LG