Ширинии заҳролуд. Мавзунаву Бибиробия аз доруи "марги муш" ҷон доданд

Мавзуна ва Бибиробия -- духтарамакҳои севунимсола аз деҳаи Шохи ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлол"-и ноҳияи Қубодиён аз доруи "марги муш" ҷон бохтанд. Ба нақл аз волидони онҳо, дар кӯдакони саргарми бозӣ, нимарӯз аломатҳои беморӣ ҳувайдо шуд.

"Гуфтанд аз зери девор печенйе хӯрданд"

Аброр Турсунов, падари Бибиробия ва амаки Мавзуна имрӯз, 30-юми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, он рӯз кӯдакҳо бозии хуб доштанд, вале нисфирӯзи нотоб шуда гуфтаанд, ки аз бехи девор "печенйе" хӯрдаанд.

Волидон аз ин нигаронӣ мекунанд, ки чаро мақомот ба фурӯши ин намуд доруи заҳрогин, ки ба хӯрокворӣ монанд аст, дар ҳудуди ноҳия иҷозат медиҳанд.

Ба нақли Аброр Турсунов, хонавода ин доруи заҳрогинро барои нест кардани муш дар хона нигоҳ медошт. "Духтарам гуфт, ки печенйеи сиёҳ пайдо карда хӯрдаанд, ки маззааш талх будааст. Пурсидам, ки аз куҷо гирифтед, гуфтанд, ки аз як кунҷи хона пайдо кардем, ҳамроҳи духтари акаам буд. Ин печенйе марги муш будааст, ки онҳо хӯрдаанд."

Мегӯяд, ҳоло дар хотираш нест, кӣ ин доруро харидорӣ карда ва барои нест кардани мушҳо дар хона гузошта буд. Ӯ ҳамзамон нигаронӣ кард, ки ин дору набояд мисли қулчақанд ва ё печенйеи хӯрданӣ бошад. "Бовар кунед, ҳамин доруро мисли шоколад омода кардаанд, касе намехоҳад ин корро, вале марги муш мисли печенйе буданаш дуруст нест". Ин хонавода мегӯяд, ки агар марги муш зоҳиран ба хӯрданӣ монанд намебуд, шояд ба ин фоҷеа рӯбарӯ намешуданд.

Табибон мегӯянд, ки ин ду кӯдак аз "марги муш" мурданд

Табибон ҳам ҳалокати ин ду ноболиғ аз ноҳияи Қубодиён аз доруи "марги муш"-ро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи табибони бемористони марказии Қубодиён, агар ин ду кӯдакро сари вақт ба шифохона меоварданд, эҳтимоли зинда монданашон вуҷуд дошт.

Тимир Тошев, сардухтури бемористони ноҳияи Қубодиён гуфт, ки дору ё марги муш аз меъдаи кӯдакҳо ба хунашон расида буд ва яке соати 10-и шаб ва дигаре субҳ ҷон доданд. "Ба фалаҷшавии асаб расонида буд. Ташхис нишон дод, ки заҳр хӯрдаанд, яъне печенйе барои куштани мушро хӯрдаанд. Талоши мо бенатиҷа буд."

Ҳодисаи дигар марги як кӯдак аз "марги муш"

Марги кӯдакони хӯрдсол дар ноҳияи Қубодиён аз доруи марги муш, ки зоҳиран шабеҳи печенйе ё кулчақанд мебошанд, дар Хатлон ҳодисаи аввал нест. Рӯзи 28-уми сентябри соли гузашта Ворис Эшмуродов, хонандаи синфи шашуми мактаби шумораи 3-и деҳаи Арабхонаи Қубодиён аз хӯрдани ҳамин дору ҷон дода буд.

Кибирё Холиқова, модари Ворис ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш дар подабонӣ буд ва гурусна ба хона баргашта марги мушро, ки мисли печенйе буд, хӯрд ва ҷон дод. "Писарам гурусна омада буд, дар ҳаммом марги мушро барои нест кардани мушҳои анбор оварда будем, вале фикр кардааст, ки печенйе аст. Баъди бемор шудан фаҳмидем, ки доруи марги муш будааст, духтур бурдем, чанде хоб кард ва ҷон дод."

Нигаронии волидон

Волидон аз ин нигаронӣ мекунанд, ки чаро мақомот ба фурӯши ин намуд доруи заҳрогин, ки ба хӯрокворӣ монанд аст, дар ҳудуди ноҳия иҷозат додаанд. Ин ду хонавода маҳали фурӯши доруи "марги муш"-ро медонанд ва мегӯянд, ки бояд бозчасп ва навиштаҷоте дар мавриди хатари он дошта бошад.

Маълум нест, ки мақомот аз пушти фурӯшандаи доруи марги муш дар бозорҳои ноҳияи Қубодиён ҳастанд ваё на. Вақте рӯзи сешанбеи 30-юми октябр мо аз бозори шаҳри Бохтар дидан кардем, доруи заҳрогини марги муш ба шакли кулчақанд фурӯхта намешуд. Шояд доруе, ки ин ду кӯдак аз заҳри он ҷон бохтанд, маҳсулоти худсохте дар Қубодиён бошад.

Адолат Сафуллозода, як зани фаъол дар ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ӯ ҷуз хонавода, ки дар харидории доруҳои заҳрогин аз эҳтиёт кор намегиранд, каси дигарро гунаҳгор намедонад. "Ба назари ман, фурӯшанда гуноҳе надорад, бояд заҳр ё марги муш ҷой бехатар аз бачаҳо гузошта шавад."