Расонаҳои русӣ: Стивен Ҳаббард ба зархаридӣ "эътироф кард"

Додгоҳи шаҳри Маскав

Расонаҳои давлатии Русия рӯзи 30-юми сентябр гузориш доданд, ки Стивен Ҳаббард, шаҳрванди 72-солаи Амрико, дар Додгоҳи шаҳри Маскав иттиҳоми зархаридиро пазируфтааст.

Ба навиштаи ин расонаҳо, ӯ гуё эътироф карда, ки барои ҷангидан аз тарафи Украина ба зидди нерӯҳои Русия пул гирифта буд.

Хабаргузории расмии “РИА Новости”-и Русия аз қавли Ҳаббард навишт, ки “бале, бо айбнома розӣ ҳастам”. Ин изҳороти ӯ дар толори додгоҳ садо додааст.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида ба далели он чи маҳдудиятҳои ҳарими хусусӣ хонд, вазъиятро шарҳ надод.

Додситонҳо иддао доранд, ки Ҳаббард аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 бо як воҳиди дифои марзии Украина дар шаҳри Изюм қарордод имзо кардааст.

Намояндаи додситонӣ мегӯяд, Ҳаббард розӣ шудааст, ки ба ивази 1000 доллар дар як моҳ аз тарафи Украина биҷангад. Барои ин кор, ба иттилои манбаъ, ӯ тамрин дида, силоҳ ва муҳимот гирифтааст.

Стивен Ҳаббард дар моҳи апрели соли 2022 аз ҷониби сарбозони рус боздошт шуда буд.