Раиси вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ аз пулис хост, афғонҳоро ихроҷ накунанд

Алӣ Амин Гандопур, раиси аёлати Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон мегӯяд, ба пулис ва низомиён дар ин минтақа дастур додааст, ки паноҳҷӯёни афғонро ихроҷ накунанд.

Ин мақоми покистонӣ рӯзи 4 апрел дар нишасти хабарӣ гуфт, "паноҳҷӯёни афғонро аз ин аёлат ҳеҷ касе бо зӯр ихроҷ намекунад. Ин як паёми рӯшан аст. Паёми рӯшани ман ба пулис ва низомиёни аёлат ин аст, ки ҳеҷ касеро ихроҷ накунед. Зеро бо вазъияте, ки дар онҷо вуҷуд дорад, ҳукумати Толибонро онҳоро қабул надорад. Барои онҳо шароити будубош фароҳам нест. Барои хӯрдан ва нӯшидан чизе надоранд. Ихроҷи онҳо сиёсати мо ва дар дастури кори мо нест ва намегузорем чунин шавад".

Ҳукумати Покистон дар моҳи январи соли ҷорӣ эълон кард, ки дорандагони корти шаҳрвандии Афғонистон бояд то 31 март ин кишварро довталабона тарк кунанд ва дар ғайри он, бо зӯр ихроҷ хоҳанд шуд.

Ҳукумати Покистон аз аввали моҳи апрел раванди боздошти ихроҷи муҳоҷирони афғонро дар бахшҳои гуногуни Покистон сахттар кард ва даҳҳо тан аз ин муҳоҷиронро, ки дар Исломобод ва Равилпиндӣ боздошт шуда буданд, аз тариқи гузаргоҳи "Турхам" ба Афғонистон ихроҷ кард.

Бархе аз масъулини умури муҳоҷират дар "Турхам" ба хабарнигорони покистонӣ гуфтаанд, ки ин муҳоҷирон шомили дорандагони корти муҳоҷират бо номи "АСС" ва муҳоҷирони беҳуҷҷат будаанд.

Ба тахмини Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR), якуним миллион муҳоҷири афғон дар Покистон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумор ҳудуди 800 ҳазор дорандагони корти "ACC" мебошанд.