Раиси "Тоҷик Эйр" аз поёни баҳси даҳсола бо ширкати литвонӣ хабар дод

Парвиз Шодмонзода.

Парвиз Шодмонзода.

Раиси ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, баҳси даҳсола бо ширкати литвонии “Скайроуд лизинг” тамом шуд.

Парвиз Шодмонзода рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси қарори додгоҳ, қарзи онҳо дар назди “Скайроуд лизинг” ба 36,6 миллион доллар расида буд, ва бар асоси созиш ҳамагӣ 2 миллион доллар пардохт мекунаду бас.

Назари ширкати литвонӣ дар ин бора ҳанӯз дастрас нест.

Мудири “Тоҷик Эйр" мегӯяд, аллакай 500 ҳазор долларро ба ҳисоби "Скайроуд лизинг" гузарондаанд ва қарор аст 1,5 миллион доллари дигарро пардохт кунанд.

Баъди пардохти ин маблағ, ба гуфтаи Парвиз Шодмонзода, ду ҳавопаймои ширкати “Скайроуд лизинг”, ки дар фурудгоҳи Душанбе ҳастанд, моли “Тоҷик Эйр” хоҳанд шуд. Ҳарчанд мудири “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ҳарду ин ҳавопаймо аз кор мондаанд ва бояд таъмир шаванд.

Баҳси "Тоҷик Эйр" ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 идома дорад. "Скайроуд Лизинг" даъво дорад, ки коршарики тоҷикаш бояд 20 миллион доллар бипардозад. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" ин даъворо қабул надоштанд.

Пештар Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин миқдор маблағ вазифадор карда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе аввал даъворо рад кард, аммо дертар Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори Додгоҳи ҳаками Вилнюсро пазируфт.

Дар пайи баҳс бо "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"-ро дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳабс карданд. Мудири "Тоҷик Эйр" рӯзи 29-уми январ гуфт, баъди созиш бо "Скайроуд лизинг" ҳавопаймои худро аз фурудгоҳи Внуково оварда, барои таъмир ба Узбекистон мефиристанд.

Парвиз Шодмонзода афзуд, ба ҷуз ширкати литвонӣ, "Тоҷик Эйр" аз дигар ширкатҳо низ қарздор аст, аммо "он қадар бисёр нест." Шодмонзода афзуд, баҳс бо ширкати литвонӣ яке аз мушкилиҳои асосии "Тоҷик Эйр" буд.

Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 парвоз намекунанд. Ин ширкат аз тирамоҳи соли 2024 парвозҳои маҳаллиро аз Душанбе ба Хоруғ, Панҷакент ва Кӯлоб оғоз кард.

Мудири "Тоҷик Эйр" афзуд талош доранд, парвозҳои байнулмилалиро низ аз сар гиранд, аммо замони дақиқро ба забон наовард.