Раиси пешини Филармонияи давлатӣ парвандаи фасодро нисбати худ рад кард

Кароматулло Раҳимзода, директори собиқи Филармонияи давлатии Тоҷикистон

Кароматулло Раҳимзода, мудири пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи парвандаи ҷиноии нисбати худ ва ҳам дар боздошт ба сар бурданашро рад кард.

Сафҳаи "Паёми Душанбе" рӯзи 9-уми июл бо такя ба дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод дар саҳфаи фейсбукиаш навишт, ки Кароматулло Раҳимзода ва муҳосиби пешини Филармония ба азхудкунии 830 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 78 ҳазор доллар) айбдор мешавад. Тақрибан баъд аз се соати нашраш "Паёми Душанбе" ин хабарро пок кард.

Ҳамзамон бо таҳияи ин нашри хабар, Радиои Озодӣ талош кард назари Кароматулло Раҳимзода ва хонаводаашро ба қазия фаҳмад. Раҳимзода дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ хабари дастгир шаданаш ва боз ҳам мавҷудияти парвандаи фасодро нисбаташ рад кард. Ӯ дар суҳбати бидуни сабт тасдиқ кард, ки нисбати муҳосиби пешини Филармонияи давлатӣ, ки дар давраи роҳбарии ӯ кор мекард, парванда боз шудааст ва дар заминаи он зарари молӣ барқарор шуда буд. Кароматулло Раҳимзода танҳо гуфт, ӯро чанд дафъа ба бозпурсӣ даъват карда буданд. Санҷидани дурустии изҳороти Раҳимзода алҳол дастрас нест. Оҷонсии зидди фасод то кунун расман ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст. Он пурсишҳои Радиои Озодиро беҷавоб гузошт, дар ҳоле ки манбаъи ин хабар номида мешуд.

Кароматулло Раҳимзода, падари Ситораи Кароматулло, овозхони шинохта аз соли 2020 то 2023 роҳбари Филармонияи давлатӣ буд. Ӯ солҳо дар бахши фарҳангу санъати Тоҷикистон, аз ҷумла дар Консерваторияи миллӣ ба ҳайси устод кор кардааст. Пеш аз директори Филармонияи давлатӣ шудан директори Мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд.