Раҳмону Путин аз додугирифту ҳамкорӣ гуфтанд, аз вазъи муҳоҷирон чӣ?

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон. Маскав, 17-уми марти 2025

Додугирифти Тоҷикистон ва Русия дар соли 2024 ба тақрибан ду миллиард доллар расидааст. Ҳудуди ҳабдаҳ дарсад бештар аз соле қабл аз он.

Ин омор дар мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми март дар Маскав садо дод.

Ба иттилои Кремл, Путин гуфтааст, "равобити мо рушд мекунад. Сармоягузорӣ ҳам тақрибан ҳамин хел ва ҳатто андаке бештар аз 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад."

Эмомалӣ Раҳмон аз "рушди босуръати равобит" байни ду кишвар ситоиш карда, гуфтааст, Маскав "шарики пешрафтаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ"-и Тоҷикистон мемонад.

Дертар ҳардуи онҳо ба хабарнигорон гуфтанд, ки масъалаи муҳоҷирати кориро ҳам баррасӣ карданд.

“Имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намудем,” - гуфт президенти Тоҷикистон, вале тафсилот надод.

Раисҷумҳури Русия изофа кард, ки “ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, бавижа сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор мекунанд ва дар рушди иқтисоди Русия саҳми намоён доранд. Ва муҳим он аст, ки пулҳои фиристодаи онҳо ба ватан дастгирии қобили мулоҳиза ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон аст.”

Аммо дар бораи он чӣ ки дар мулоқоти як ба як ва паси дарҳои бастаи ду тараф садо додааст, иттилое дар даст нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи як соли охир, баъди ҳамлаи маргбор ба "Крокус", муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар шароити сахттарин қарор доранд.

Сафари президент Раҳмон ба Маскав низ дар остонаи яксолагии ҳамла ба толори консертии “Крокус" сурат гирифт. Бо гумони ҳамла, тарҳрезӣ ва кумак дар он беш аз бист нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.

Ниҳодҳои интизомии Русия ҳангоми боздошту бозпурсии шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ошкор онҳоро шиканҷа карданд.

Бо ин вуҷуд Русия макони муҳими муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.