Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Бишкек рафтааст. Ин нишаст 16 сентябр баргузор шуда ва ба биступанҷсолагии таъсиси созмон баъди пошхӯрии Шӯравӣ бахшида шудааст. Тоҷикистон аз соли 1992 узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.
Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисод, ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг ва башардӯстона баррасӣ хоҳанд кард.
Расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки ҳукумати ин кишвар барои баргузории чорабинӣ ду сол боз омодагӣ мебинад ва наздики 18 миллион сом (1,8 миллион сомонӣ) харҷ кардааст. Дар қароргоҳи давлатии "Ал-Арча" низ қабулгоҳе ба шакли хайма бунёд карда шудааст.
Дар ин саммит дар баробари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия низ иштирок иштирок мекунанд. Аммо Молдоваро сарвазир, Туркманистонро муовини сарвазир, Узбакистонро вазири корҳои хориҷӣ ва Украинаро сафираш дар Қирғизистон намояндагӣ мекунанд.
Иштирокдорони ҷаласа масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг ва башардӯстонаро баррасӣ хоҳанд кард. Бино ба хабарҳо, ба рӯзномаи саммит 15 масъала ворид шудааст. Интизор меравад, ба масъалаи ҳамкориҳо дар мубориза зидди терроризм барои солҳои 2017-2019 таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад.
Сафар Исҳоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтааст, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳо нахуст дар доираи маҳдуд ва баъдан дар шакли васеъ баргузор мешавад. Дар идома Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба расонҳаот изҳорот хоҳад дод.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар остонаи ин ҳамоиш гуфт, ки ин созмон тавонист, бар пояи "эътимод, баробарҳуқуқӣ, назардошти манфиатҳои кишварҳои узв ба пешрафти ҳар кишвар аз рӯи дидгоҳи худ" фаъолияташро ба роҳ монад. Ушаков гуфт, соли оянда бино ба раҳбарии давраии созмонро рад кардани Молдова, навбати раҳбарии давраии Русия мерасад. Қарор аст, Владимир Путин дар бораи барномаҳои кории ин созмон дар соли 2017 сӯҳбат кунад.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 декабри соли 1991, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда, то имрӯз ба узвияти он 10 ҷумҳурии Шӯравии собиқ - Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон шомил ҳастанд. Гурҷистон ҳеҷ гоҳ ба узвияти ин созмон шомил нашуда, Украина протоколи созишномаро тасвиб накардааст.